Аҳли Ҳадис:
Намози Таҳаҷуд.
Аллоҳ Таъоло сифатҳои бандаҳои солеҳашро зикр карда мегуяд:
Онҳое ки барои парвардигорашон шабро бо саҷдаю қиём мегузаронанд (яъне:намоз мехонанд)(Фуркон 64)
-Абдуллоҳ ибни Салом ривоят мекунанд , ки Паёмбар صلى الله عليه و سلم гуфтаанд: Саломро байни худ паҳн кунед ва таъом диҳед ва дар вақти хоби мардум намоз хонед, ба ҷаннати парвардигоратон бо саломатию амон медароед.
(ривояти Аҳмад ва Тирмизӣ ва Ибни Моҷа ва ғайраҳо)
- Абу Умома ривоят мекунанд , ки Паёмбар صلى الله عليه و سلم гуфтанд : Намози шабро барпо кунед, зеро он амали солеҳоне ки пеш аз шумо буданд ва шуморо ба парвардигоратон наздик мекунад ва сабаби магфирати гуноҳҳоятон мешавад ва шуморо аз гу