Намози Таҳаҷуд.
Аллоҳ Таъоло сифатҳои бандаҳои солеҳашро зикр карда мегуяд:
Онҳое ки барои парвардигорашон шабро бо саҷдаю қиём мегузаронанд (яъне:намоз мехонанд)(Фуркон 64)
-Абдуллоҳ ибни Салом ривоят мекунанд , ки Паёмбар صلى الله عليه و سلم гуфтаанд: Саломро байни худ паҳн кунед ва таъом диҳед ва дар вақти хоби мардум намоз хонед, ба ҷаннати парвардигоратон бо саломатию амон медароед.
(ривояти Аҳмад ва Тирмизӣ ва Ибни Моҷа ва ғайраҳо)
- Абу Умома ривоят мекунанд , ки Паёмбар صلى الله عليه و سلم гуфтанд : Намози шабро барпо кунед, зеро он амали солеҳоне ки пеш аз шумо буданд ва шуморо ба парвардигоратон наздик мекунад ва сабаби магфирати гуноҳҳоятон мешавад ва шуморо аз гуноҳ кардан боз медорад.
(ривояти Тирмизӣ ва Ҳоким ва Байҳақи. Шайх Албонӣ ин ҳадисро ҳасан гуфтаанд).
Сифати намози шаб
------------------
Адади ракъатҳои қиёмул лайл бошад , афзал ин 11 ё 13 ракъат аст, чи хеле Паёмбар
صلى الله عليه و سلم мехонданд , ҳатто як ракъат хондан ҳам чоиз аст.
Далел ба ин сухан ҳадисе ки Бухорӣ ва Муслим дар саҳеҳашон ривоят мекунанд , ки Паёмбар صلى الله عليه و سلم
гуфтаанд :" Намози шаб ду ракъат , ду ракъат пас субҳ наздик бошад як ракъат витр хонед." Инсон бояд ба қудрати худ нигох кунад ва мувофики он намоз хонад. Амали ками бардавом аз бисёри кандашаванда беҳтар аст чи хеле ки Паёмбар
صلى الله عليه و سلم
мегуянд: Дустдоштатарин амал ба Аллоҳ оне ки бардавом бошад агарчанде кам бошад. (саҳеҳи Муслим)
Аммо вакти қиёмул лайл баъди намози ъишо(хуфтан) то азони бомдод мебошад. Афзалтарин вакт сеяки охирини шаб мебошад.
Паёмбар صلى الله عليه و سلم
гуфтанд : Парвардигорамон ҳангоме ки сеяки охирини шаб мешавад ба осмони дунё мефарояд ва мегуяд: Ки маро дуъо мекунад то ки дуъояшро қабул кунам , ки аз ман мепурсад то ки пурсидаашро диҳам , ки талаби мағфирати гуноҳҳояшро мекунад то ки уро бахшам. (саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим).
(нозил шудани Аллоҳ Таъоло ба осмони дунё лоик ба бузургиаш аст ва чихел будани онро Аллоҳ танҳо Худаш медонад мо имон меорем ва таслим мешавем)
Аммо шахсе ки охири шаб аз хоб хеста наметавонад , афзал барои ин витрро дар аввали шаб хондан мебошад.
Аллоҳ Таъоло ба ҳамаи мову шумо илми нофеъ ато кунад ва бар илм амал кардан муваффақ созад
و صلى الله على رسول الله و على آله و صحبه و سلم
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев