Предыдущая публикация
Зиндагонӣ ба ҳама суду зиён мегузарад
Нафурӯшед, зи ночорӣ яке виҷдонро,
Рӯзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад
~~~~~~~~~~~~~~~~~
Қиммати хеш бидонед, натарсед, зи нарх,
Давраи қимматии нархи гарон мегузарад.
Пок монед, зи нопок наҷӯед тамаъ,
Бекӯлоҳӣ сар, агар бошад амон мегузарад.
~~~~~~~~~~~~~~~~~~
Номи худ нек бимонед, нагардад то бад,
К-он чӣ мерос, зи мо бар писарон мегузарад.
Мерасад рӯзи хушу даври хуше бар одам,
Лек афсӯс ҳам одам, зи ҷаҳон мегузарад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев