🌿Ҳар ки хӯрд дар кӯдакӣ,як бурда аз нони падар,
🌿Кам бувад то умр бӯсад,дасту домони падар.
🌿Хонааш равшан шавад,аз рӯи тобони падар,
🌿Мекунам ҷону дилам,сад бор қурбони падар.
🌿Хулқу одобе ба фарзанд,аз падар мерос бувад,
🌿З-ин сабаб фарзанд мудом аст,шавкату шони падар.
🕊️Хонаи торик шавад равшан, зи ҳастии кӯдакон,
🕊️Рӯи фарзанд аст чароғи,давру даврони падар.
🕊️Лаҳзае дар хонааш,гар дер биёяд бе сабаб,
🕊️Дар сари роҳ интизор аст, чашми ҳайрони падар.
🕊️Ногаҳон дар пои фарзанд,гар халад як хору хас,
🕊️Хун чакад беихтиёр,аз чашми гирёни падар.
🕊️Гар падар,теғи забоне хӯрда аз фарзанди худ,
🕊️То тамоми умри худ ,дард мекунад, ҷони падар.
🕊️Гар падар аз хулқи фарзанд, лаънате