Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст!
Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе ба сар барӣ,
Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст!
На ҳар кӣ чашму гӯшу даҳон дорад одамист,
Бас девро, ки сурати фарзанди одам аст.
Он аст одамӣ, ки дар-ӯ ҳусни сират аст,
Ё лутфи суратест, дигар ҳашви олам аст.
Онон, ки дар баҳор ба саҳро намераванд,
Бӯи хуши рабеъ бар эшон муҳаррам аст.
В-он сангдил, ки дида бидӯзад зи рӯи хуб,
Пандаш мадеҳ, ки ҷаҳл дар ӯ нек маҳкам аст!
Ором нест дар ҳама олам ба иттифоқ,
В-ар ҳаст, дар муҷовирати ёри маҳрам аст.
Гар хуни тоза меравад аз реши аҳли дил,
Дидори дӯстон, ки бубинанд, марҳам аст!
Дунё хуш асту мол азиз асту тан-шариф
Лекин рафиқ бар ҳама чизе муқаддам аст!
Мумсик барои мол ҳамасола тангдил,
Саъдӣ ба руи дӯст ҳамарӯза хуррам аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2