муаллиф Шахлои Начмиддин
-ДАСТ ДЕХ-НАТАРС
-НАМЕТАРСАМ, ДАСТ ДАРОЗ КАРД ПАША.
-АЗ ЧИ ОГОЗ МЕКУНЕМ
-АЗ ЯТИМОНРО ЗИЁД ЧАМЪ КАРДАН.
ПАША БА ВОКЗАЛХО РАФТА ИНТИЗОР МЕИСТОД КИ ТАСОДУФАН БО БАЧАХОИ ОВОРАГАРД ШИНОС ШАВАДУ ОНХОРО БА НАЗДИ ИВАН САЛОМОНОВ ОРАД. ДАР МУДДАТИ 12 РУЗ ЗИЁДА АЗ 45 НАФАР НАВРАСОНИ БЕПАРАСТОРУ ОВОРАГАРДРО У ЧАМЪ КАРД.
БАЙНИ ОНХО ДУ ДУХТАРАКИ ТАХМИНАН 13-14 СОЛА ХАМ БУД. ОНХО НАМЕДОНИСТАНД КИ ПАДАРУ МОДАРАШОН КИСТ? ЧУНКИ ДАР КУЧА КАЛОН ШУДА БУДАНД. ДУХТАРАКОН
ХАТТО НОМУ НАСАБИ ХЕШРО НАМЕДОНИСТАНД. ДУХТАРБАЧАХОРО САЛОМОНОВ БО ХУД
ГИРИФТА БА МОРГ БУРД. ПАША ХАМ ХАМРОХАШ РАФТ. ИН ИВАН САЛОМОНОВ БАЧАИ ШАЙТОН БУД ЧИ КИ ДУХТАРАКОНРО БА МОРГ ДАРОВАРДУ МАГНИТАФОНРО МОНД. ВА
МИСЛИ ДЕВОНАХО БАЙНИ МУРДАХО БА РАКС ДАРОМАД. ПАША ИН МАНЗАРАИ ДАХШАТОВАРРО ТАМОШО КАРДА ИСТОДА АЗ АКЛ КАРИБ КИ БЕГОНА ГАРДАД. ЧУНКИ САЛОМОНОВ БО ДУХТАРХОИ ТАРСИДА ИСТОДА МЕХОСТ КИ БАЙНИ ИН ЧАСАДХОИ УРЁН
РАКС БИКУНАДУ УРО ОНХО МАСХ КУНАНД. ПАША ДИГАР САБРУ ИХТИЁРШАРО АЗ ДАСТ
ДОДУ БА САРИ У ДАВИД ВА ГУФТ
-ИНХОРО ЧАВОБ ДЕХ, ТУ ОДАМИ Ё ШАЙТОН
-МАН АСЛАН ЗОДАИ ШАЙТОНАМ. ИЛМИ САТАНИЗМ ШУНИДАИ. МАН АЗ КУДАКИ АЗ БУЙИ ЧАСАДХО ХАЛОВАТ МЕБУРДАМ. БАЪД МЕХОСТАМ КИ ХАМРОХИ ЗАНХО ДАР ХАМИН ХЕЛ
МОРГХО МУНОСИБАТИ МАХРАМОНА НАМОЯМ. БАРОИ ХАМИН ДУХТАРИ ТОЧИРИ САРВАТМАНДЕРО ГИРИФТА АЗ ХИСОБИ ДАВЛАТИ У МОРГИ ПУЛАКИРО КУШОДАМ. ТУ
МЕДОНИ ПАША МАН ШАБХО ГИРЯИ ШАЙТОНБАЧАХОРО МЕШУНАВАМ. НАМЕДОНАМ КИ ИН
БЕМОРИСТ Ё МАН ДАР ХАКИКАТ АВЛОДИ ШАЙИТОНАМ КИ БЕ БУЙИ МУРДА НАМЕТАВОНАМ. МЕФАХМИ ХАМСАРИ АЗИЗУ НОЗАНИНАМРО ХУДАМ ХАМИН ЧО ОВАРДА
КУШТАМ ВА ДАРУНИ ТОБУТ АНДОХТА ОВОЗА ПАХН КАРДАМ КИ ГУЁ ХУДАШРО ОВЕХТА
ХУДКУШИ КАРДААСТ. МАН УРО ТО ХАНУЗ ДУСТ МЕДОРАМ.
САЛОМОНОВ МИСЛИ КУДАК МЕГИРИСТ...ПАША АЗ ДИДАНИ ХОЛАТИ РИККАТОВАРИ У ЯКБОРА БАДКАХР ШУДА АЗ ГИРЕБОНАШ ГИРИФТУ АЗ КИСААШ КОРДИ ТЕЗРО
БАРОВАРДА БА ГАРДАНИ У ЗАРБАИ ПАЙЁПАЙ ЗАДАН ГИРИФТ.
-АНА ИН БАРОИ ИН СВЕТЛАНА
ОХИРИН ЗАРБАИ КОРДРО ЗАДУ БА ДУХТАРЧАХОИ АЗ ТАРС ЛАРЗИДА ИСТОДА ИШОРА КАРД КИ ХАМРОХАШ БАРОЯНД.
ПАША АКНУН ЭХСОС КАРД КИ БА ЧИ КОРИ ДАХШАТОВАРЕ АФТИДААСТ. ОХИР ИВАН ЯКЕ АЗ ШАХСИТЯХОИ ШИНОХТАИ ОЛАМИ КРИМИНАЛИ БА ШУМОР МЕРАВАД. АКНУН МЕБОЯД ДАР ИН ШАХР У НАИСТАД. ВАГАРНА АЗ ТАГИ ЗАМИН ХАМ БОШАД УРО
МЕЁБАНДУ МЕКУШАНДАШ. ПАША ДАР КУЧАХОИ ШАХР РАХ ГАШТА ГИРЯ МЕКАРД КИ ЧИ
ТАВР ХУДРО АЗ ДАСТИ ОДАМОНИ ИВАН РАХО СОЗАД. АММО ДУСТИ ИВАН СЕРГЕЙ КТ
ЯК АЗ АВТОРИТИТЕТИ МАСКАВ БУД УРО БА НАЗДИ ХУД ЧЕГ ЗАДА ГУФТ КИ ХЕЧ НАХАРОСАД, У ПУШТИБОНАШ МЕШАВАД. ХАМИН ТАВР ПАША БО СЕРГЕЙ МОНДУ ЧОНАШ
АЗ МУРДАН НАЧОТ ЁФТ. СЕРГЕЙ АСЛАН ДУЗД ДАР КОНУН(ВОР В ЗАКОНЕ) БУД. СЕРГЕЙ ПАШАРО АЗ ОЛАМИ КРИМИНАЛИ САХТ ОГАХ КАРДУ ГУФТ КИ ОНХО ДАР БОЛО
ДАР КАТОРИ ДЕПУТАТХО, МИЛИСАХО ОДАМОНИ ХУДИИ ХУДРО ДОРАНД ВА ОНХО ХАМЕША ДУЗДУ ОДАМКУШОНРО ДАСТГИРИ МЕНАМОЯНД. БАРОИ ХАМИН ПАША МЕТАВОНАД
КИ АЗ ХИДМАТИ "ОДАМОНИ ХУДИ" ХАМА ВАКТ ИСТИФОДА БУБАРАД. ПАША АЗ СЕРГЕЙ ТАМОМИ НОЗУКИХОИ ИЛМИ ДУЗДИВУ ОДАМКУШИРО ОМУХТА БУД.АММО МАВОДИ
МУХАДДИРО ТАМОМАН ДУСТ НАМЕДОШТ. ХАРЧАНД КИ СЕРГЕЙ АЗ МАВОДИ МУХАДДИР ИСТИФОДА БАРАД ХАМ. ПАША АЛАМЕ ДОШТ АЗ МАВОДИ МУХАДДИР. У ДАР ИН БАЙН
БО ЗАНИ СОХИБЧАМОЛЕ АЗ ОЛАМИ КРИМИНАЛ ЛИЗА ШИНОС МЕШАВАД. БА ЛИЗА БО ЯК
ДИДАН ОШИК МЕШАВАД. ЛИЗА ЯКЕ АЗ ОДАМОНИ АСОСИИ СЕРГЕЙ БУД. ЛИЗА АЗ У ПАНЧ СОЛ КАЛОНТАР БУДУ СОХИБИ ДУХТАРЧАИ ДУСТРУЕ. АММО ПАША БО ЯК ДИДАН
ОШИКИ ШАЙДОИ ЛИЗА ГАРДИД.ЛИЗА ХАМ НИСБАТАШ БЕПАРВО НАБУД. АММО ЛИЗА
НАШЪМАНДИ АШАДДИ ШУДА БУД. ПАША ХАНГОМЕ КИ АЗ НАШЪМАНД БУДАНИ У ОГАХ
ГАРДИД, НАИСХАТАШ КАРД КИ БА ХОТИРИ ДУХТАРАШ, БА ХОТИРИ ПАША АЗ ИН КОРИ НОХУБ ДАСТ КАШАД. АММО ЛИЗА ДИГАР БЕ НАШЪА НАМЕТАВОНИСТ. ОН ЛАХЗАХО
ХАТТО МЕТАВОНИСТ, КИ ДУХТАРАШРО ООСН ФУРУШАД БА ИВАЗИ НАШЪА. УСТУХОНХОЯШ ДАРД КАРДА ДОД МЕГУФТ...ИН ДАМ ПАША ЭХСОС КАРД КИ ЛИЗА
КИСАИ УРО КОФТА ИСТОДААСТ.Лиза он руз хамрохаш дар кучахои шахри Маскав сайр карду ба Паша гуфт:
-Пашачон, агар ман баногох мурда монам, ту духтарчаи ятими маро нигохубин мекуни?
-Чаро чунин мегуи? Девонаи? ман туро табобат мекунам.
-Наметавони, чунки ин бемори вабои аср аст. Ту хеч гох маро табобат
карда наметавони. Ту медони ки ман шаш сол боз маводи нашъаовар
истеъмол мекунам. Дигар хеч гох аз он дил канда наметавонам. Лиза ба
Паша накл кард ки хангоми дуввумин тифлашро ба ёд овардан табибон
мегуянд ки тифлаш ба нашъа мутеъ тавлид ёфтааст. Ду руз аз байн
нагузашта ин тифл аз бе доза мемирад. Шири модар нашъа дошт. Захраш монда буд дар шири модар. Лиза бо шавхраш ки чанде пеш дар махбас мурда буд, аз ин маводи сиях нуши чон мекарданду харду хам медонистанд ки окибаташ бо чи меанчомад.
-Вакте ки шавхарам дар махбас аз ин захр азоб кашида мурд, ман ба худ
ахд кардам ки ин захрро аз зиндагии худ хат мезанам. Вале нашуд ки
нашуд...ишки ин моддаи сиях дидам вучудам, хастиамро фаро гирифтааст.
Дигар наметавонам. Хатто ишки фарзанд, ишки ту маро аз ин рох
баргардонида наметавонад. Мефахми?Паша мисли кудак наздаш нишаста зориаш кард ки аз ин маводи халокатовар даст кашад. Аммо Лиза як хандаи захромез кард гуфт:
-Наметавонам, чи кор кунам...дилам устухонхоям карс карс мекунад.Хамин ки истеъморл кардам, хама чоям ором мешавад. Мо бо хамрохии шавхарам
якчоя истеъмол карда кикирос мезадему даме бегамона баланд баланд
механдидем. Тамоми дунё гирди сарамон тоб мехурд. Хамон руз дар махбас у гуфт ки сафар дорад. Агар сафар карданашро ба дунёи бенишони медонистам, ман хам хамрохаш сузандоруи марговарро истеъмол карда
сафарашро рушан мекардам....
-Ин тавр нагу Лизачон. Ман туро самими дуст медорам.
Паша дар хакикат Лизаро бо чону дил дуст медошт. Бе у зиндагии
минбаъдаашро тасаввур намекард. Аммо... бегохие Лиза дод гуён зориаш кард ки дозаи даркориашро биёрад, вагарна у мемирад. Аммо Паша уро танбех дода аз хона баромада рафт. Гумон кард ки ин ломкаи Лиза мегузарад. Вале то ба хона раисданаш Лиза худро аз ошенаи саввум партофта худро маъюб мекунад. Дар беморхона Лиза ба дарди нашъа гирифтор ин дунёро бо хасрат тарк намуд. Паша дар огушаш уро зори мекард, ки чизе вопасин бигуяд, аммо Лиза ягон сухане ба гайр аз
сузандору ба забон наоварда вафот кард. Дар сари кабри у Паша ба худ
ваъда кард ки хеч гох ба тичорати чунин маводи одамкуш даст намезанад.
Аз хамон руз инчониб у тамоми кочокбарони маводи мухадирро чашми дидан надорад.
Азад бо Паша харчанд худро дусту карин нишон дихад хам, чойи куштани уро намёфт. Паша боз духтархонди зебову дидание дошт ки сахт ба Азад писанд фитода буд. Азад хам чавони диданиву болобаланди ширинсухане буд ки зуд ба дили занону духтарон рох меёфт. Ба дили духтари Лиза
Маргарита зуд рох ёфта пинхони аз Паша бо у мулокот мекард. Маргарита
ба Азад сахт мехр баста хама сири падархондашро фош сохт. Азад бошад
мехру мухаббати духтарро суистеъмол карда дар дил хохише пайдо намуд ки
духтарро ба нашъаманди одат кунонида Пашаро бо ин рох озор бидихад.
Азад ба Маргарита гуфт ки агар уро дуст бидорад, аз гапаш намегардад.
Барои ин якборакак аз ин моддаи нашъаовар истеъмол бикунад. Маргарита хайр як боракак хичи намешудагист гуён дар тарабхона хамрохи у аз бини аввалин бор "фух" кашид.
-Ах ана кайфу мана кайф....маргарита худро дар осмони хафтум эхсос
карда дигар иродаашро аз даст дода буд. Ин нишастхои онхо зуд зуд
такрор меёфт. Ин миш мишхо ба гуши Паша расиду у Маргаритаро дар танхои пурсид ки ин овозахо хакикат дорад ё не?
-Не амакчон, ин гапо дуруг аст.
-Ту Азадро агар дуст дори,бигу ба ман
-Оре
Рузи дигар Паша Азадро ба назди худ чег зада хохиш кард ки духтархонади уро ба зани бигирад. Аммо Азад хандида гуфт:
-Медонед чи ман наркоманкаро намегирам.....
-Чи?
(идома дорад)
(Шахлои Начмиддин)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев