Кисми 1
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Дар дехаи Фаробод овоза пахн шуд,ки писари бобои Мерган ки 29 сол пеш аз хона кахр карда баромада рафтааст,ба хона баргаштааст ва бобои Мерган туйи калон медихад.
Ахли деха онхое,ки аз асли вокеа бохабар буданд,байни хамдигар вакти намози шом дар масчид мегуфтанд ;
-Шукр,ки писараш гашта омад.Аммо дареги ин умри рафта,кучо буду чаро аз худ паёмаке надод то имруз.Бобои Мерган кайхо маьракахои худоии писарашро дода доим гиря мекард,ки сабаби мусофириву марги писари кенчааш у мебошад.
-Хо,афсуси умр,ки дигар барнамегардад.
Бобои Мерган ин дам бо писараш руйи кати хавли нишаста чак чак мекард.Аз дидори ширини писараш хеч сер намешуд.
-Ох бачаме...омади,хуш омади.
Файзулло ашки чашмонашро дам ба дам пок мекарду мегуфт :
-Отачон,маро бубахшед,агар тавонед.
-Бачаи хушруйи отачон,харчи вакти зинда буданам баргашти..агане метарсидам,ки руйи кабрам сабза медамаду ба дидори ширинат намерасам.
Файзулло ба танури бобоги нигариста очачони рахматиашро ба хотир овард.
Бобои Мерган бо холаи Орзугул 24 сол зиндагони хушбахтона доштанд.Шабе бе ягон касал холаи Орзугул аз дикки нафас шикоят карду гуфт;Отаи Фариза (духтари калониашон)ким чи хел нафасам гирифта истодааст.Бобои Мерган даррав писари калониашро бедор карду якчоя уро ба беморхонаи нохия бурданд.Аммо наздикии беморхона расидан якбора калби холаи Орзугул сакта гирифту руйи дастони шавхар чон дод.Бобои Мерган дод гуён ханузам умед дошт,ки у зинда аст.
Аммо..риштаи умри холаи Орзугул канда шуду ду писару як духтараш бе оча монданд.Духтари калониаш оиладор буду писари калони дар фотиха.Писари хурди бошад нав ба синни 18 кадам мемонд.Писари хурди зиёд ба модар мехр дошт.Марги модар уро рухафтода,дилшикаста кард.Падару акааш доимо уро аз сари кабри модар ёфта ба хона меоварданд.Соатхо менишасту бо модар розу ниёз мекард.
...Ох очачони хушруйи доноякам, кучо рафти ?Гоххо хумориат мегираду намедонам чи кор кунам ?Пазмони огуши гарму суханхои ширинат мешавам очачон...бе ту хеле хеле мушкил аст бароям...
Аз байн як сол гузашту у мактабро хатм карда ба Донишгохи аграри дохил шуд. Падараш ки дар райпо кор мекард ва нисбати синну солаш хеле чавон менамуд,бо як чавонзани бе фарзанд ошнои пайдо карда хохиши издивоч намудан дошт.Бо фарзандонаш дар танхои нишаста рози дилашро гуфт.Писари калони гуфт,ки ягон зиддияте надорад,духтараш хам гуфт,падар ,хушбахтии шумо бароямон мухим аст.Аммо Файзулло катьиятан гуфт,ки дар ин хавли ягон зани дигарро ба чойи модари рахматиаш дидан намехохад.Бобои Мерган хайрон монд,ки чи кор кунад?Охир мехост бо зани солехае издивоч кунад.Писари калони гуфт:падар,ба додарам ахамият надихед
У бисер ба модарам наздик буд,барои хамин рашк дорад.
-Оре,додаракат эркачаи рахмати буд.Ман хам модаратро бисер дуст медорам,аммо дигар уро ёфта намешавад.Сарамро ба кучо занам?Мард бе зан наметавонад,зан бе мард.Хакикати хает аст.
-Ман бо додарам боз гап мезанам.
Аммо Файзулло хеч ба гапи бародараш гуш намекард.Вакте падараш ин чавонзани хоксору солехаро никох карда маьрака кард.Он руз Файзулло чомадонашро гирифта баромада аз хона рафт.Хатто бо падараш, бародараш,апааш хайрухуш накард.Аввал сари гури модари азизаш рафт. Се соат нишаст,гирист,рози дил кард.
...Ох очачон,бехтарин давлати ман. Шабхо то огушам намекарди,намегуфти,ки итари бача ки дора,мири хисор надора хобам намебурд.Доимо бароям хуроки дустдоштаам оши туппа мепухти.Ох очачон,хумори руят мегирад,мехохам дод гуям.Садоям ба осмон мепечаду фазои холи. Ох,очачон...
😭Очачон,ин чи сузише буд дар дилам💔 сония ба сония оташ мегирад..
Шукр Алхамдуллиллах миллион бор шукр.Вале дил мегиряд.Дили гиренам💔 туро мечуяд.Худое✍️,сабри хунукам дех.Дуогуям барои беочахо 😭то сабри хунук хамрахашон бошад.😭
У бо алам гириста сипас дуои фотиха хонду охиста охиста аз кабристон баромад.Рост ба назди чурааш ба шахри Свердловск чипта харида парвоз кард.
Идома дорад
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6