Қисми 3.
Ба аудитория даромадам, аллакай машғулият оғоз шуда буд.
- Дер кардед, Ашӯруф, гузаред, - муаллим маро иҷозати нишастан дод.
Ба курсии холӣ, дар паҳлӯи Алина ҷо гирифтам.
- Тинҷист? - пурсид ӯ.
- Тшшш, дарс меравад, - гуфта ором нишастам. Аз чӣ бошад, аз сару рӯям арақ мешорид.
Ҳангоми танаффус ҳангоматалабон дар гирди сарам ҷамъ омаданд.
- Муборак шавад, кӯдакдор шудӣ.
- Моҳира гуфт? Даҳонаша бандӣ, бо гӯшаш мегӯяд. Ман янгаро диданӣ рафтам. Тамоми факултет огаҳ, тӯҳмат мезанад.
- То шамол набошад, дарахт намеҷунбад. Номаълум тӯй кардӣ?
Ҳама хандакунон аз дар берун шуданд. Танҳо Марҳабо монд.
- Ин рост аст, ки дина ба роддом рафтед? Аз шумо ин хел умед надоштам.
- Марҳабохон, наход шумо ҳам бовар карда бошед ба фитна? - хостам наздаш равам.
- Наздик нашавед, палид! Ман шуморо то ин дам ҷавони хуб гумон мекардам. Ҳамаи шумо ҷавонон аз як лой... Қасам хӯред, ки дар таваллудхона янгатон буд.
- Қасам намехурам, ман наметавонам қасам хӯрда. Ин гуноҳ аст.
- Шумо гуноҳу савоба медонед? Монеде...
Марҳабо бархост.
- Бо ман дигар гап назанед, хайр.
- Марҳабо...
Аммо Марҳабо нимнигоҳ ҳам накарду бадар рафт. Дар аудитория танҳо мондам. "Радди маъракааш ҳамин будагист" - андешидам ба худ...
... Таксӣ дар назди даромадгоҳи таваллудхона қарор гирифт.
- Мунтазир шавед, тез мебароем, - гуфтам, - гулдаста дар ҳамин ҷо истад.
- Гулдастаро бо худатон баред, арӯс меранҷад.
- Гулро барам бештар озурда мешавад, фарзандаш фавтидааст.
- Фарқ надорад, бо гулдаста аз дар бароед хуб, рӯҳаш болида мешавад дар назди дигар занҳо.
- Ман то ҳол гулдаста набардоштаам, чӣ мешуд, ҳамин гулдастаро шумо баред?
Ронанда қоҳ-қоҳ зада хандид.
- Додар, ақл дорӣ? Арӯси туву ман гулдаста барам? Биё, тинҷ гардем. Як кас бинад, чӣ мегӯяд? Инҷо ҳама зан, Кони сухан! Пагоҳ гап мешавам...
- Аввал рафта пурсам, агар ҳамроҳам мерафта бошад, омада мебарам. То фаромаданаш ангуштнамои мардум нашавам.
- Ин гапи дигар, рав, ман меистам.
Суман омадани маро мунтазир, аз паси оина назар мекард. Ишора кардам, ки фарояд.
- Салом, ба рафтан омода ҳастед?
- Бале, омода.
- Бо ҳама хайр гуфтед?
- Гуфтам.
- Як лаҳза истед, ман ҳозир, - гуфта ҷониби мошин давидам. Гулдастаро гирифта баргаштам. Суман аз хурсандӣ қарсак зад.
- Бори аввал ба ман гул ҳадя мекунанд, урааа.
- Ана ин барои шумо, ҳамеша хандонлабу тозарӯ бошед.
- Раҳмат, ҳозир ба куҷо?
- Ба мошин, прощу...
Суман бо як даст гул бо дасти дигараш аз банди дастам дошт.
- Рафтем.
Ба хона бо гулдаста даромад ва бибиро оғӯш кашида бӯсид.
- Омадӣ духтарам? Як бор дидорбинӣ рафта натавонистам, гӯр пирӣ шавад.
Суман гулдастаро дар банкаи яклитра гузошту об рехт.
- Ту шин бачем, ман чой монам, - кампир имрӯз бардам буд, худаш мегуфт, ки "одам ба одам зинда аст". Суманро дида аз нав нерӯ гирифт, ҷои нишаст намеёфт. Дар як лаҳза дастурхон густурда, чизе дошт, рӯи он гузошт. Ангури Ҳусайнӣ дар равшанӣ ҷило медод, дишаб як донаашро ман хӯрда бошам, дигар касе даст назадааст.
- Хӯш бачем, саломатиатон хуб шуд?
- Ҳа бибиҷон, тойча барин ман.
- Мурам туба, - кампир сари Суманро бо дастони лоғаргаштааш ду-се маротиба молиш дод.
Гӯё ман дар хона набудам, кампир чашм аз Суман намеканду танҳо бо ӯ гуфтугӯ мекард.
- Ба корам дер мешавад, рафтанам лозим, - гуфта аз ҷо бархостам.
- Кай бармегардед? - пурсид Суман.
- Театр рафтанӣ ҳастед?
- Ба куҷо хоҳед, меравам.
- Шумо хуб истироҳат кунед, рӯзи якшанбе ба боғи Ленин меравем.
- Карусел мешинам? - Суман табассум кард.
- Бале, бибиро низ ҳамроҳамон мегирем.
- Чӣ? Бибиро Карусел мебарем?
- Не, Бибӣ як ҳавои тоза мекашанд. Аз карусел афтиданашон мумкин.
Гӯшаи шӯъбаи маданӣ-равшаннамоии боғ омода шуд. Бо ҳамроҳии Сафар ҷояшро интихоб карда овехтем. Барои боз ҳам ҷаззобият дар ду канори гӯша нақши миллӣ кашидам. Директор Ғаюров гӯшакро дида, ба сармуҳосиб супориш дод, то ба ман мукофот нависад.
- Раис, мебахшед-ку, ин ҷавон вазифааш ҳамин, дигар кор надорад. Маошаш баробари ҳама, як эълона менависаду тамом. Мо барин аз саҳар то шом ҳисобу китоб надорад.
- Маоши кӣ чанд пул, чанд қадар гирифтанаша хеле хуб медонам. Ин ҷавон танҳо бо маоши қоқаш мегардад. Нависед, панҷоҳ сӯм, ман имзо мекунам.
Муҳосиб ором шуд ва баъди баромадани директор:
- Ин гӯшаро ман бо пои чапам дар се дақиқа месозам, - гуфту низ берун баромад.
Дар пеш ҷашни 60-солагии райони Октябр буд. Дар шаҳр барои рамзи он озмун эълон карданд. Мукофоти аввал-сад сӯм, ду Мукофоти дуввум панҷоҳсӯмӣ. Аққалан яке аз ин панҷоҳсӯмиро соҳиб шавам. То бегоҳ нишаста, якчанд варианти рамзро кашидам. Сафар расмҳоро тамошо карду:
- Ана ҳаминаш мегузарад, - гуфт.
- Шумо аз куҷо медонед?
- Ман аъзои комиссия, то имрӯз ягон сӣ намуд пешниҳод карданд, ҳоло нагузаштааст. Ана инро пурратар кунед, аз номи худам мебарам. Пулашро гирифта, як ресторан меравем.
- Ресторан бошад, гиред, идома диҳед. Барои идея ҳафтод фоизи мукофотро диҳед, кифоя.
- Э, ман мурдам-чӣ, дар ҳамин сад сӯм? Гиред, ошатон шавад. Лекин ман мебарам, рамз ба ман маъқул афтод.
То рӯзи якшанбе мукофотпулиро гирифтам, акнун метавонам бемалол Суманро ба боғ даъват кунам, ба ресторан барам, сихкабоб бепул.
- Як куртаи нав надорам, ки ҳамроҳатон ба кӯча бароям, - ноз кард Суман.
- Ман бо Суман ба кӯча мебароям, на бо курта.
- Хасис, - хандид Суман, - мумсик. Бароям як куртаро дареғ медоред.
- Ман донишҷӯ, чил сӯм стипендия дорам. Аз ин чил сӯмаш барои иҷора, шаст сӯмаш барои шикам. Агар бовар кунед, ҷӯробҳоямро аз ПТУ овардам.
- Ба гап ҷома мепӯшонед-а? Ман ба куртаи шумо мӯҳтоҷ нестам, падарамро мегӯям, мехарад.
- Суманҷон, илтимос, як куртаи мардона ҳам гӯед, рангаш сафед бошад. Боз костюми сиёҳ, туфлии ҷилодор, андозааш чилу як.
- Пои кӣ чилу як?
- Аз ман.
- Домод шуданӣ?
- Бале, танҳоӣ ба дилам зад.
- Арӯс кӣ?
- Арӯс як духтаре, ки андозаи пои домод чилуяк меҷӯяд.
- Ба ман андозаи пояш чилуяк маъқул.
- Хато кардам, андозаи поям чилу ду.
Суман бархоста кафшро аз назди дар бардошт ва ба андозааш нигарист.
- Чилуяк-ку...
Бо Суман шӯхӣ кардам, аммо дар ҳақиқат ҳамагӣ се ё чор курта дошт. Ба навъи матоъ сарфаҳм намеравам, зебову шинам дӯхта шудааст, ҳаминаш кофӣ. Аммо духтарони имрӯза дар дарсу машғулиятҳо аз боби матоъ баҳс мекунанд. Бо риштаҳои зарҳалӣ гулу баргҳо медӯзанд. Ин як навъ мусобиқа миёни духтарони тоҷик буд. Духтарони рус қариб ҳар рӯз бо як либос, аммо донишашон хуб.
- Рости гап, Суман, айни замон имконияти куртахариро надорам. Наранҷед аз ман, - гуфтам, - маблағ, ки дастрас шуд, албатта мехарем.
- Ман шӯхӣ кардам, курта дорам. Дар Сурхондарё, овардан лозим. Куртаҳои арӯсиам бисёр, ба холаам мефаҳмонам, бо падарам фиристад. Танҳо намедонам, ки падарам кай меояд.
- Агар зарур бошад, занг занед. Гӯед, ки саломат ҳастед.
- Ҳомила буданамро падарам намедонист, беҳтараш дар бораи саломатиам ҳарф намезанам. Алҳол ба ман куртаи пахтагӣ лозим аст.
- Ин куртаҳоятон аз тахта мӣ?
- Синтетика. Мумкин нест.
- Чанд пул меистад курта?
- Ман дар магазин дида будам, ҳабдаҳ сӯм.
- Арзон-ку.
- Барои хона, соф аз пахта.
- Ҳабдаҳ сӯм дорам. Дар кадом магазин, рафта биёрам?
- Ақлатонро хӯрдед? Ин магазин танҳо барои занҳо.
Аз киса ду даҳсӯмаро бароварда ба дасташ додам.
- Ҳамроҳ меравем, шумо дар кӯча истед.
- Рафтани ман шарт аст?
- Саломатиам пурра барқарор нашудааст, боз худатон медонед.
- Бо автобус меравем ё таксӣ биёрам?
- Пиёда меравем, ду қадам. Дар микрорайони яксаду дуюм.
- Рафтем, ман тайёр.
Испечак аз якчанд массивҳо иборат буд. Се бинои панҷошёнаро бо як бинои нӯҳошёна якҷо сохта буданд. Аз мо болотар ду массив то истгоҳ, поён панҷ массив то магазин. Барои одами сиҳат панҷ массив гаштан мушкиле надорад. Аммо Суман ду хонаро гузашта, монда шуд.
- Ягон ҷо мешинам, - гуфт ӯ ва яке аз майдонҳои кӯдаконро интихоб карда дар болои чархи резинии рангшуда нишаст. Ду кӯдак дар болои рег бозӣ доштанд. Чанд муддат онҳоро тамошо кард.
- Бачагӣ нағз-да, проблема надорӣ, хона меравӣ-хӯрокат тайёр. Фикри ҷомашӯӣ, хамир нест.
- Инҳо калон шуда ҳам фикри хамиру-ҷомашӯӣ намекунанд. Инҳо писарчаҳо.
- Хурдсол будам, аз паси ҳавлӣ ҷӯйбори калон мегузашт. Маро падарам дар тағора шинонида дар об сар медод.
- Баъд чӣ?
- Баробари ҷараёни об то поёнтар мерафт, сипас маро бо тағора бардошта меоварду аз нав сар медод.
- Модаратонро дар хотир доред?
- Не, - оҳ кашида гуфт Суман, - ӯ соли ҳафтоду чорум, вақте сесола будам, фавтидааст. Аз чӣ, намедонам.
- Худо раҳмат кунад. - гуфтам.
- Шумо комсомол?
- Бале. Чӣ буд?
- Намоз мехонед?
- Танҳо рӯза медорам.
- Рӯза бе намоз намегузарад.
- Хезед отун, дарс дар хона. Дер накунем.
Аз мағоза куртаашро ҳарида баромад, ман, ки то ин дам дар паси дарахтон будам, ба роҳаш баромадам.
- Духтари нағз, шинос шудан мумкин?
- Бале.
- Чӣ ном доред, агар махфӣ набошад.
- Махфӣ, аммо барои шумо мегӯям. Номам Наташа.
- Номи хеле зебо-ку. Аз сурататон гумон кардам, тоҷик ё ӯзбек ҳастед.
- Ман узбечка, аммо номам Наташкахон.
- Ман тоҷик, аммо номам Брус Ли.
- Гуфтам шуморо дар куҷо дидам. Пир нашудед.
- Мо сад духтара пир мекунем, болам.
- Якумаш ман-мӣ?
- Шумо бисту... Аз хотирам рафт.
- Ҳозир ҳамин санги зери поям ба пешонаатон наравад, Брусли-бобо?
- Барои чӣ, болам?
- Чанд духтара пир кардед?
- Ба ҳолам раҳм кунед, пир шудам, дар хотир надорам...
Шӯхикунон то назди бино расидем. Суман якбора дар ҷояш шах шуд.
- Монда шудед, ду қадами дигар.
- Истед, ба фикрам падарам омадааст.
- Чӣ?
- Мошини падарам, - Суман мошинеро, ки назди бино меистод, ишора кард, - аниқ аз падарам. Шумо дар берун монед, ман даромада хабар мегирам.
- Чаро ман надароям?
- Дар як хона бо марди бегона, падарам сарамро мегирад.
Дар курсие, ки одатан бегоҳ занон ҷамъ мешаванд, нишастам. Суман боло баромад. Хеле мунтазир нишастам, на падар фаромаду на духтар. Ҳаво торафт торику сард мешуд. Чароғи хуҷраи ман гиро шуд. Дар назди оина суроби шахсе намудор шуд, ин падари Суман бояд бошад. Чароғ хомӯш шуд, боз хомӯшӣ. Ба паси хона, ҷое, ки либосҳоям афтида буд, гузаштам. Чароғи хонаи Бибӣ гиро, аммо касе наметобад. Ҳарчанд кӯшидам, ки шояд садоеро аз хона шунавам, аммо шунида намешуд. Ниҳоят ҷароғи кампир низ хомӯш гашт. Ҷое, ки мошин меистод, рафтам. Мошин набуд. Ба хона даромадам.
- Чароғро нагиронед, - бо овози пасти нимшунаво гуфт Суман, - падарам ҳоло нарафтагист.
- Мошин нест, - гуфтам.
- Ба ҳар ҳол эҳтиёт шарт, падарам назорат карданро дӯст медорад.
- Ман хунук хӯрдам, шикамам гурусна.
- Ҳозир ман ба шумо хӯрок мекашам, канӣ Шумо?
- Дар назди дар, ҳеҷ ҷоро намебинам.
- Ман куртаи навро пӯшидам, мехостам ба шумо нишон диҳам.
- Лозим нест. Насиб кунад. Падаратон дар хонаи ман чӣ кор кард?
- Ман либосама иваз кардам, ӯ бошад, дар хонаи шумо мунтазир истод. Гуфтам, ки курта фармудам. Бовар кард.
Суман ба ошхона гузашта шамъ гиронд, гулдастаро бо банкааш дар байни миз гузошт. Палавро дар табақ кашида овард.
- Марҳамат, ба миз!
- Ужин за свечами шуд-ку.
- Аз вай хубтар, шинед, ош хунук нашавад. Падарам ҳам як қошуқ гирифту рафт.
- Қошуқ канӣ?
- Бо панҷаҳоятон хӯред, боз ширинтар мешавад.
- Бе қошуқ наметавонам, одат кардаам.
- Чӣ хел наметавонед? Мана, нигоҳ кунед, - Суман бо дастонаш ошро ба даҳон бурд, - дидед?
- Қошуқ диҳед. Ман як маротиба дар "оши наҳор" бо як механизатори колхоз аз як табақ ош хӯрда, тавба кардам. Бечора ош неву солярка хӯрд. Аз байни ангуштонаш солярка баромада, диламро беҳузур кард.
- Бобоям мегуфт "сарам кал дилам нозук", шумо аз ҳамин тоифа одамон. Гиред қошуқа, - Суман қошуқро ба кунҷи дастурхон пок карда дод.
- Оша кӣ пухт?
- Ман.
- Намакаш паст.
- Шумо аввал як бор гиред, нахӯрда таъмашро нагуфта. Аз куҷо фаҳмидед?
- Аз рангаш.
- Дар торикӣ рангашро аз куҷо дидед?
- Мард бояд ба хӯроки зан айб монад.
Палав бениҳоят ширин ба ком расид. Гумонам, Бибӣ ҳам ин хел ош напухтааст.
- Оҳо, ширин-ку.
- Намакаш чӣ?
- Намакаш расо, хато дидаам.
- Ҳозир шамъи обшударо дар саратон мерезам.
- Ба шумо чӣ шуд? Гоҳ бо санг заданӣ ҳастед, гоҳ бо шамъ...
- Насӯзонед мана.
- Насӯзед.
- Шумо куртаро дидед?
- Дидам, расо зебидааст. Муборак шавад.
- Бинед, чӣ хел нармакак.
- Дидам.
- Даст карда бинед.
- Дар танатон? Дастам равған. Дертар!
- Ҳазар кардед?
- Шарм медорам. Оша гиред.
Суман дасташро пок карда хест. Ин дам чароғи ҳуҷраи кампир гиро шуд.
- Ана, Бибӣ ҳам бедор шуд, - гуфтам.
Бибӣ ба ошхона даромад.
- Чароға гирон, Суман.
Суман чароғро гиро кард.
- Иқа дар торикӣ шиштед?
- Шуморо бедор накунем, гуфтем.
- Ман хоб набудам. Ман ба писарам гап доштам, аз хотирам фаромӯш нашавад. - кампир омада дар курсии наздам нишаст.
- Ош хӯред, Бибӣ, - гуфтам.
- Раҳмат, шикамам сер. Ман ба зани қаймоқ фурӯш мурғ заказ кардам. Пагоҳ саҳар меорад. Мурғи зинда.
- Мурғ парвариши мекунем?
- Мурға сар зада, аз хунаш... хулоса ин кори ман. Аз гӯшташ шӯрбо мепазем. Як-ду ҳамсояро даъват карда, як маъракача мегузаронем.
- Вазифаи ман аз чӣ иборат?
- Мурға сар мезанӣ.
- Ман мурғ кушта наметавонам, раҳмам меояд. Ягон қассоб ёфта меорам. Чумчуқа кушад-қассоб!
- Барои як мурғ қассоб мегӯӣ?
- Мегӯям, лекин худам намекушам. Аз пеши назарам як сол намеравад.
- Пули мурға медиҳӣ?
- Албатта. Чанд пул?
- Даҳ сӯм.
- Ман пул дорам, - гуфт Суман, - падарам пул дода рафт. Пули куртаро ҳам медиҳам.
Ӯ аз кисааш ду даҳсӯмаро бароварда ба ман дод. Нав дидам, ки куртааш курта неву, хилъат будааст.
- Лозим не, хилъат ба шумо тӯҳфа. Курта гуфтед, хилъат будааст-ку.
- Чӣ фарқ дорад? Курта ё хилъат, муҳимаш дорам. Аниқ хилъат тӯҳфа-мӣ?
- Аниқ, тӯҳфа, ба рӯзҳои нек пӯшед, ба гуфтаи модарам.
- Ташаккур, мана ин се сӯми бақия.
- Суман, одама шарманда кардед.
- Се сӯми бақия ҳам аз ман? Бой будаам ман. Чилу се сӯм пул дорам!
Лекин пули мурғро худам медиҳам.
- Пула захира кунед, лозим мешавад.
- Мурғ ҳам аз Шумо?
- Қассоб ҳам аз ман.
- Падарам мурғ кушта метавонад. Намедонам мурғ буд ё хурӯс, боре сар зада буд.
- Кифоя, нақл накунед...
Рӯзи якшанбе низ расид, ба Суман гуфтам, ки дар боғ мунтазир мешавам.
- Ҳамроҳ намеравем?
- Имрӯз дар ҷои як рафиқам кор бояд кунам. Рафиқам бемор шудааст.
- Нақшаҳо барбод рафтанд?
- Не, ҳамааш бо ҷадвал. Имрӯз дар боғ одам бисёр мешавад, аттракциони ман ҳамеша камодам. Метавонам ҳар лаҳза бо шумо бошам. Аммо барвақт рафтанам шарт.
- Бибиро ҳамроҳ гирам?
- Ман шӯхӣ кардам, Бибӣ ба боғ намеравад.
- Пас ҳамроҳатон меравам, мешинам дар ягон кунҷ, то тамом шудани соати коратон.
- Тайёр шавед, то соати ҳашт бояд ба боғ расем. Танҳо ранг намолед ба сару рӯятон.
Суман либоси зебояшро ба бар кард. Ҳамроҳ ба боғ расидем. Калидро аз муҳосибот гирифта, назди аттракцион рафтам. Ҳаво хира, нияти рехтанро дошт. Суман бошад тани курта.
- Ягон либоси гарм надоред? Борон бориданаш мумкин.
- Не, ба холаам занг заданам мумкин, бо падарам фиристад.
- Падаратон кай меоянд?
- Рӯзҳои наздик. Маро огоҳ карданд, ки ин дафъа бо худ мебаранд.
- Ба Сурхондарё?
- Бале.
- Хондан чӣ мешавад?
- Аз нимсолаи дуюм.
- То нимсола ду моҳ ҳаст, ду моҳ бе шумо... Бибӣ чӣ кор мекунад?
- Ҳаштоду шаш сол чӣ карда буд?
- Дар курси тайёрӣ таҳсил мекунам гӯед, падаратон розӣ мешавад.
- Намешавад. Ман аллакай гуфтам.
Муҳаррики чархро ба кор даровардам, дигар аттракционҳо низ ба кор шурӯъ карданд. Суман дилгир шуд магар, ки ба қадамзанӣ даромад.
- Шуморо ба ошхона мебарам, дар ягон курсӣ нишаста истироҳат кунед. Баъд ҳамроҳ сихкабоб мехӯрем.
Суман розӣ шуд. Ба сарошпаз фаҳмонидам, ки духтар хунук хӯрдааст, агар имконият бошад, дар ягон кунҷак истироҳат кунад.
- Бемалол, - гуфт сарошпаз, - лекин, ин нозанин кӣ?
- Як хешовандамон, аз Сурхандарё.
- Мехонад ё кор мекунад?
- Мехонд. Ҳозир дар рухсатии академӣ.
- Бемор шуд?
- Ака, ин қадар саволи бисёр медиҳед? Маъқул шуд-чӣ?
- Не, дар омади гап мепурсам.
- Омади гап не, тагпурсӣ мегӯянд. Пас аз як соат меоям, чор сихкабоб тайёр кунед, - гуфта назди чархи худам рафтам. Ба чарх ду-ду одам меомад. То нисфи рӯз қариб бист сӯм ҷамъ оварда, ба муҳосибот супоридам.
Ҳангоми хӯрок аз Суман пурсидам, ки сарошпаз гапи беҷо назада бошад.
- Не, - гуфт ӯ, - бо ман меҳрубонона муомила дошт, ду маротиба чойи гарм овард. Ду дона нонашро ҳанӯз нашикастаам. Бе шумо аз гулӯям нагузашт.
- Эҳтиёт кунед, боз дуздида наравад.
Аз боғ дер баргаштам. Суманро пешакӣ гусел кардам, то хӯрок пазад.
- Маро барои шиносоӣ ба ошхона бурдед? - пурсид Суман, - ошпаз чӣ ном дошт?
- Ақлатонро хӯрдед? Ягон ҳарфи ноҷо зад?
- Не, баръакс, меҳрубониҳояш аз меъёр зиёд буд.
- Кори ошпаз ҳамин, бояд бо мизоҷ хуш рафтор кунад.
- Ба фикрам дар ошхона танҳо ман мизоҷ будам. Ошпаз зан дорад?
- Доштагист, намедонам. Чӣ буд?
- Ҳамту пурсидам.
- Пагоҳ мепурсам, агар зан надошта бошад, рафтанӣ ҳастед?
- Бо чашмонаш маро хӯрд, аз шарм доштана мурдам.
- Тамом, дигар ба ошхона намеравем, розӣ?
- Розӣ.
... Дар озмуни 60-солагии ноҳия ғолиб баромадам. Мукофотпулиро дар яке аз утоқҳои комиҷроия доданд. Аммо супориши гаронтаре дар наздам буд. Рамзро бояд дар ҳаҷми ниҳоят калон месохтам, герби Тоҷикистонро аз пахта ва гандуми ҳақиқӣ омода карда, дар лавҳа мустаҳкам мекардам.
Аз ҷӯраи Ҳисориам хоҳиш кардам, то ба ман гандуми сара ва ниҳоли пахта дастрас кунад.
- Ниҳоли пахтаро ку меёбам, аммо пахтаашро аз куҷо гирам? Пахтаро аллакай чида шудем.
- Як илоҷ кун, аз бошишгоҳҳо, аз тракторчиҳо пурс. Одатан онҳо барои ороиши "корвони пахта" ниҳолҳои хубро бо пахтааш нигоҳдорӣ мекунанд.
Барои дӯхтани лентаи серанга ба ателье муроҷиат кардам. Тасвир кардан дигар, сохтан дигар буд. Барои пояҳои гандум ва пахта ба устои дуредгар рафтам.
Дуредгар расми гербро дида:
- Намешавад, - гуфт.
- Сабаб?
- Агар андозаи герби шумо як метр бошад, пояҳои гандуму пахта дастаи бел барин мешаванд. Баъд, як банд ғӯзапояву як банд гандум лозим, намешавад. Дар расм се поя аз пахтаву се поя аз гандум, тасаввур кунед. Донаи гандуматон харбуза барин, пахта тарбуз барин бояд бошад.
Дуредгар дуруст мегуфт.
Масъаларо ба Сафар фаҳмонидам.
- Ин супориш аст, хоҳиш не. Пагоҳ горком аз мо натиҷа мепурсад, назария не. Як намуд сохта пешкаш бояд кунем. Кӯшиш кун, ба ману ту бовар кардаанд.
- Дар герб се хӯша, аз мо бояд як дарз шавад, - маро ханда гирифт.
- Ҷои ханда нест, як ароба бошад ҳам, супориши партия.
Дар устохона нишаста, тарҳи рамзро дар тахтаи калон кашидам. Барои герб давра кашидам, ниҳоят бузург шуд. Устои дуредгар дуруст ҳисобидааст, комиҷроия ин тарафи масъаларо наандешид. Дарди сар шудам, ҳисоб рост намеомад.
Ба хона баргаштаму худро ба ҷойгаҳ ҳаво додам.
- Аққалан либосатонро иваз кунед, - гуфт Суман.
- Шустанаш малол омад?
- Не, дар хона либоси хонагӣ пӯшед, сабук ва бароҳат.
- Кадомаш бароҳат худам медонам. Доруи дарди сар доред?
- Саратон дард мекунад?
- Доред дору?
Суман рафта аз куҷое як ҳаб овард.
- Обаш канӣ? Ин аз дарди сар мӣ ё марги муш?
- Ба шумо имрӯз чӣ шуд? Ягон ҷин расид-чӣ?
- Камтар истироҳат кунам, сарам торс мекафад. Дарро пӯшеду садои телевизора паст кунед.
Чӣ қадар хобидам, намедонам. Аз ҳуҷраи кампир садои баланди мардона мебаромад, ки номи Суманро гирифта дашном медод. Аввал нахостам миёни муноқиша ҳамроҳ шавам, сипас вақте сухан аз ман рафт, ноилоҷ наздашон рафтам.
- Ассалому алайкум.
- Ва алейкум, ба хучраат даро, ба ту низ кор дорам.
Чашмони мард сурх шуда, аз косахонааш мебаромад. Аммо ман Суманро танҳо гузоштан нахостам. Аз ин ғазаби мард боз боло гирифт. Пиёлаи дар наздаш бударо гирифта хост, ба сӯям ҳавола кунад, аммо баргашта ба ҷояш гузошту наздам омад.
- Паҳлавон мӣ-ту?
- Тинҷист амак?
- Нотинҷ. Чӣ кор мекунӣ дар инҷа?
- Ба ҳуҷра дароем, мардона гап занем.
- Даро, як зӯрата нишон деҳ, - мард маро тела карда ба ҳуҷра даровард.
Курсиро нишон додаму худам дар кат нишастам, аз тарс зонуҳоям меларзиданд. Аммо сир бой надодам.
- Кай бо духтарам шинос шудӣ ва кай ӯ туро ба ин фоҳишахона даъват кард?
- Духтаратон кӣ?
- Суман, Суман духтари ман.
- Ин духтар Суман ном дорад?
- То ҳол намедонистӣ?
- Аз куҷо донам? Медонам, ки кампир бо духтараш зиндагӣ дорад. Ман танҳо бегоҳ меоям ва субҳи барвақт меравам. Ҳафтае як ё ду маротиба меҳмон мешавам. Лекин духтари шуморо умуман надидаам.
- Кампир духтар надорад, ин духтар духтари ман.
- Набераи Бибӣ?
- Ман ин кампира намешиносам, духтарам инҷо иҷора мешинад. Фаҳмидӣ?
- Фаҳмидам. Ин хел бошад, дар хона ду нафар иҷора мешинем? Ман нияти ҳамсару кӯдакамро оварданро доштам.
- Зан дорӣ?
- Кӯдак ҳам дорам, дар райони Орҷоникидзеобод. Ҳамсарам шунавад, ки ман инҷо бо духтари бегона зиндагӣ дорам, қаҳр карда меравад. Ман бошам, бе ӯ зиста наметавонам. Так, что шумо маро надидед, худи ҳозир баромада меравам.
Бархоста кафшамро пӯшидам, костюмро ба бар кардам, ки мард:
- Ту дар ҳақиқат духтарама надидаӣ?
- Дидам, аммо гумон кардам, ки духтари кампир. Аз қавоқаш барфу борон мерезад, тарсидам. Ҳатто чой напурсидаам. Узр, амак, аз мо хато рафт. Ман ҳам аз гап безор, пагоҳ ҳама кино мешавам, - дари хучраро кушоданӣ будам, ки мард маро боздошт.
- Нисфи шаб куҷо меравӣ?
- Дар вокзал-мӣ аэропорт шаба рӯз кунам, пагоҳ пас аз кор чизҳоямро гирифта дафъ мешавам.
- Ист, имшаб ҳамин ҷо мон. Ман ҳам дар ҳамин ҷо. Сӯҳбат мекунем, шинос мешавем.
- Ташаккур, ман шуморо аллакай шинохтам. Номи ман Юлчибой, аз Конибодом ҳастам.
Мард дастамро фишурду раҳо накард.
- Ранҷидӣ? Гузар, шин. Натарс, хабараш ба занат намеравад. Аз занак метарсӣ?
- Наметарсаму ҳурмат мекунам. Базӯр ёфтам зана.
- Гузар, мебахшӣ, ки дар бораат гумонҳои бад кардам. Гузар, - такрор кард мард, - Ман рафта аз мошин коняки тоза меорам. Менӯшӣ?
- Бо шумо менӯшам, - гуфтам.
Мард аз дар баромаду ба Суман:
- Шоколад дорӣ? - гуфта пурсид.
Садои пасти "не" баромад.
- Ҳеҷ гап не, ҳисобашро меёбем.
Мард баромаду ба Суман нигаристам. Ашки чашмонашро тоза карда сӯям табассум намуд.
- Шумо актёр, ба театр равед, - гуфт ӯ.
- Хомӯш, - гуфтам, - Ман шуморо намешиносам, шумо маро.
Кафшро кашида дар ҷойгаҳ ёзидам, ки мард дар даст шишаи коняк даромад.
- Додар, хезед, панҷоҳтагӣ барои саломатӣ бардорем.
Ба ошхона гузаштем.
- Суман, ту ҳам биё!
- Намеравам.
- Биё, ноз накун. Ба ту намерезам.
Суман низ омад.
- Шинос шав, ин кас духтари ягонаам Суман. Мед мехонад.
- Мединститут? Хеле хуб. Духтур шуданӣ?
- Бале, - гуфт Суман, - Ман равам?
- Куҷо меравӣ? Меҳмондорӣ кун. Чӣ дорӣ? Барор!
Аз таъсири май бошад, мард сурх шуда рафт. Пас аз каме аз нақлҳои рӯзгораш, суханонаш подарҳаво шуданд. Ҷумла бо ҷумла мувофиқат намекард. Ниҳоят аз ҷо бархосту калавида ба ҷойгаҳи ман рафт ва парӯ афтоду хобаш бурд...
Субҳ, ҳанӯз падари Суман бедор нашуда, ба боғ рафтам. Сохтани герби зинда маро азият медод. Касе маро шунидан намехост. Ба чанд нафар муроҷиат кардам, то кӯмакам кунанд, аммо ё сарфаҳми кор набуданд, ё мақсадро намефаҳмиданд. Дар боғ аллакай Ғаюров саргарми кор буд. Аз миёни шохаҳои хордори гул, гулҳои пажмурдашударо бо қайчӣ мебурид.
- Аз субҳи солеҳ чӣ муаммо?
- Герб зиқ кард, ин ғайриимкон аст.
- Лоиҳа аз шумо буд?
- Аз ман.
- Пас кӯшиш кунед, дар озмун оиди рамзи ҳаҷмнок гуфта шудааст. Горком ҳам ду по дар як мӯза, месозед халос. Дигар роҳи наҷот нест.
Ба устохона рафтам. Як шаби бехобӣ кора кард. Базӯр чашмонамро мекушодам. Ягон фикр сарҷамъ намешуд.
Бар замми ин супориши аз Донишкада гирифта ҳалли худро намеёфт. Қитъаи замини дар километри нӯҳум буда, бо тарҳи геодезӣ мувофиқат намекард. Нивелир ва теодолит ҳар рӯз дар китф ба минтақа мерафтаму андоза мегузоштам. Сатҳи қитъа то якуним сантиметр фарқ мекард ва ман аз муаллим Шоев танбеҳ мешунидам. Имрӯз бошад дарси геодезия ҷуфти якум. Ба хулосае омадам, ки андозаҳоро ба қадри 1,5 см кам нишон диҳам.. .
Аз ошхонаи Донишкада қаҳва ва булочка гирифта тановул кардам. Дарҳол андозаҳоро бо қалам тағйир додам. Аммо муаллим дарк кард.
- Раззоқов, супориш канӣ?
Абдуманнон миллиметровкаро бардошта овард. Супориши ману Абдуманнонро бо ҳам ҷафс кард. Хатҳо рост наомаданд.
- Ё аз шумо Ашӯруф, ё аз шумо Раззоқов нодурустанд. Бинобар, теодолитро мегиреду, ҳарду ба қитъа марш!
Абдуманнон пас аз хизмат таҳсил мекард, мушташро гиреҳ карда "убью" гуфта монд.
- Дуруст охир, аз танҳо ба қитъа рафтан метарсам, - гуфтам. Муаллим Шоев хандид ва ҳама ба ӯ ҷӯр шуданд.
- Дар паҳлӯи ростатон кӣ буд?
- Абдуллоева.
- Марҳабохон, канӣ супориш?
- Муаллим, аз ман дуруст. Дафъаи гузашта санҷида будед.
- Як бори дигар биёред, бинам.
- Ман бо Ашӯруф намеравам.
- Аз шумо дуруст бошад, албатта намеравем. Нодуруст бошад, кӯлбора мебардореду.
- Ман худам дигар рӯз меравам.
- Ҳамроҳ меравем. Нивелирбардор лозим нест дар паҳлӯтон?
- Э, дафъ шаведэ, ман ҳамроҳи шумо ҳатто ба паради ҳафтуми ноябр намеравам.
Муаллим чунон хандид, ки гӯё моро фаромӯш кард. Бо садои баланд ва беандоза.
- Куштед Абдуллоева, ин ҷавон чӣ гуноҳ дорад, ки ҳамроҳаш намеравед?
- Ин кас бабник.
Садои ханда боз баланд шуд.
- Чӣ? - такроран пурсид муаллим.
- Бабник. Ҳама ҳамин хел мегӯяд.
- Ҳама гӯяд, шумо нагӯед, ин гапи нағз не. Бабник ин духтарбоз гуфтанист.
- Медонам.
- Канӣ супориш?
Марҳабо супоришро дар рӯи мизи муаллим гузошт.
- Аз шумо ҳам як бори дигар дар ҷояш санҷидан лозим. Меравед бо Ашӯруф.
- Аз пешонаам парронед, ки намеравам. Бигузор "ду" гирам, қавлам якта!
... Аз Ҳисор хӯшаи гандум ва пахта оварданд. Намуна сохта ба ҳайати комиссия намоиш додем.
- Ин герби РСС Тоҷикистон-мӣ? - пурсиданд онҳо, - тамоман монанд нест. Як банд гандуму як банд ғӯзапоя герб шуд?
- Ман ба шумо фаҳмонидам, расм дигар, тасвир мешавад. Аммо дар ҳақиқат ин тавр нест.
- Ҳисобашро ёбед, мӯҳлат кам мондааст. Партия ва ҳукумат ба мо бовар кардааст, бояд сазовори он бошем.
Ҳайат дар ошхона даромада шикам сер кард, ман низ ҳамроҳашон аз ҳисоби фонди хароҷотҳои пешбининашудаи боғ фароғат кардам. Ҳангоми гусели меҳмонон сарошпаз дар паҳлӯям истод.
- Додар, чӣ хел шумо? Саломатиатон хуб?
- Ташаккур, шиква надорам. Шумо чӣ хел?
- Мехостам ду дақиқа бо шумо сӯҳбат кунам.
- Марҳамат.
- Ба сари миз гузарем.
- Бемалол.
- Шариф, якта ҷои кабуд биёр! - ба яке аз кормандонаш фармуд ӯ.
- Ба мо коргар лозим. - сухан оғоз кард ошпаз.
- Ман хӯрок пухта наметавонам.
- Духтаре, ки он рӯз ҳамроҳатон буд, ҳамсаратон нест?
- Не, ӯ як хеши дурамон аст.
- Набошад, якбора сари масъала меоям.
- Марҳамат. Гӯшам ба шумо.
- Ҳамон духтар... Аз абрӯвонаш... фаҳмидам, ки... Хулоса, ман ҳамон хеши дуратона дӯст доштам.
- Духтар падар дорад, Бибӣ дорад. Аз ман чаро мепурсед?
- Чӣ мешуд, ки... як бор...
- Аз худаш пурсам?
- Не, ба ошхона даъват кунед.
- Агар духтарро ман дӯст дорам-чӣ?
- Агар дӯст доред, ҳалолатон бод! Ман байнатон намедароям.
- Мард-а шумо? Як гап гӯям, танҳо миёни ману шумо монад.
- Қасам мехӯрам...
- Духтар шавҳар дошт, фавтид. Аз нашъа. Як моҳ зиндагӣ кардааст.
- Ман низ як гап дорам, миёни ҳардуямон. Ман оиладор будам. Шаш сол ҳамроҳ зистем бо ҳамсарам, аммо фарзанд надидем. Умр меравад, аз сӣ гузаштам, ҳоло фарзанд надорам. Падарашро мешиносед, як даҳон маслиҳат, ҷон додар... Як умр миннатдор хоҳам буд.
- Аввал худашро пурсам.
Ба хона расидан ҳамон Суманро ба хуҷраам даъват кардам.
- Суман, шавҳар мекунед?
- Шӯхӣ доред?
- Ҷиддӣ мепурсам.
- Мехоҳед муомилаамон расмӣ гардад?
- Не. Домод ман не.
Духтар ба рӯям лаҳзае нигариста истод, сипас ба курсӣ нишаст. Ба фарш дида дӯхта, таваққуф кард.
- Суман.
Аммо Суман ҳайкалвор санг шуда буд.
- Суман, ман лоиқи шумо нестам.
- Дигар духтар доред?
- Надорам. Имрӯз ба чунин хулоса омадам, ки мо ҷуфт нахоҳем шуд.
- Фаҳмо, - садои духтар ларзид, - мо муносиби якдигар нестем. Ман... гумон кардам...
- Хато гумон кардед.
- Шумо ҳазл мекунед-а?
- Замони ҳазлу ханда гузашт. Ба ошпаз ягон ваъда додед?
- Кадом ошпаз? Ошпази боғ?
- Бале.
- Мо фурсати гап занӣ надоштем. Ду бор ҷойи гарм овард, тамом. Ман берун тамошо кардам, аз оина. Шуморо меҷустам...
- Бовар кардам. Берун нигариста бошед, симоятонро аз куҷо диду ошиқ шуд?
- Намедонам. Ӯ ба ман ҳарфе назадааст. Ба шумо чӣ шуд? Якбора чаппа гаштед.
- Ман шуморо ҳамчун хоҳар шинохтам ва эҳтиром кардам. Миёни мо муҳаббат набуд. - гӯшҳоям ғуввос заданд, пеши чашмонамро сиёҳӣ пахш кард. Ин ҳодиса бо ман бори аввал рух дод. Боқӣ намедонам... Ба фикрам лаҳзае аз ҳуш рафтам. Аммо дар по истодаам.
- Ба шумо чӣ шуд? Чаро рангатон сафед?... Дигар садои Суман ҳам ба гӯш надаромад. Медидам, ки лабонаш меҷумбанд, аммо ба по истодаам.
Кампир даромад, хеле ба ман нигарист, ким-чӣ ишораҳо кард, нафаҳмидам. Сумани дар паҳлӯяш буда низ сурати кампирро гирифт, ду Бибӣ шуданд, ба ҳам печида ба дуди сиёҳ мубаддал гаштанд. Аммо ман дар поям истодаам, намеафтам.
Касе аз поям боло мебардорад, то маро гирифта, аз тирезаи ошёнаи сеюм ба замин партояд. Аммо ман муқобилият нишон медиҳам. Зери поям кампир бо Суман маро озод бардоштанд, аммо ман афтидан намехоҳам, ба тамоми қувват аз кунҷи тиреза доштам. Кампир дастамро ҷудо карданӣ мешавад, мехарошад, мегазад, хуншор мекунад... Сиёҳӣ... Хотима... Дар ҳаво муаллақ мондам. Шояд дар рӯ ба рӯи ошёнаи дуюм, бобои Юсуф шаппотие ба рӯям зад. Чунон сахт зад, ки аз тасфи рӯй чашм кушодам.
- Дарҳол духтур даъват кунед, - фармуд бобои Юсуф. Суман ба асли худ баргашта, ба ёрии таъҷилӣ занг зад. Бибӣ латтаеро тар карда, дар пешонаам мегузошт...
Чӣ тарз сӯзандору ба ҷисм ворид шуд, шунидам, аммо дардашро эҳсос накардам. Қудрати чашмкушоӣ надоштам. Аммо ҳамаро мешунавам.
- Бедор накунед, бигзор хобад, - мегуфт духтур, - асабаш ором гирад. Агар ин ҳолат боз такрор ёбад, занг занед, ин дафъа мебарем.
Вақте чашм кушодам, рӯз буд. Дар паҳлӯям Суман менишаст.
- Хеле хобидед-да.
- Соат чанд? Ба дарс боз дер кардам?
- Кайҳо дер шуд, соат чор.
- Ақалан ба боғ рафтанам лозим, герб месозам.
- Шаб то саҳар "герб" гуфта, ҳазён хондед. Духтур хандида рафт, "герб ҳам проблема шуд" гуфта. Медонед, Шуморо чӣ тавр таскин дод?
- Не.
- Шумо гуфтед, "герба ман сохтам", духтур бошад, "бале, Республикаи Тоҷикистонро низ шумо таъсис додед" гуфт.
- Дуруст гуфтааст, ман таъсис дода будам.
- Шикам чӣ хел? Даврашакл?
- Даврашакл.
- Шӯрбо пухтам, аз мурғ.
- Чӣ, ман ҳам таваллуд кардам?
- Қариб. Шаб моро тарсонидед. Ба фарш чунон сахт афтодед, ки бобои Юсуф аз ошёнаи ду омад. Бечора боборо лағад задед.
- Кори кардаам дар хотирам нест, аммо бобои Юсуфро дидам. Фаромада узр мепурсам.
- Аз ман ҳам узр мепурсед?
- Шуморо ҳам лағад кардам?
- Куштед бе корд...
Ошёнаи дуюм фаромадам, холаи Хосият дарро кушод. Боборо пурсидам.
- Намози аср мехонанд, даромада шин. Тинҷист?
- Тинҷ, - гуфта дар курсии долон нишастам. Бобо ҷойнамозро дар китфаш овехта, баромад.
- Ба ту ҷин асар кардааст. Шабҳо дар кӯча нагард, - гуфт бобо, - ҳозир вақти хазонрез.
- Аз шумо узр мепурсам, беадабӣ кардам.
- Ту не, ҷин ба вуҷудат даромадааст. Хондам, ки ором шудӣ.
- Раҳмат, - гуфта ба хона баргаштам.
- Духтур тавсия дод, ки ин доруҳоро ҳарида, истеъмол кунед, - Суман коғазеро ба дастам дод. Аздусар хонда намешавад, забони мурғонро мурғон медонанд, доруфурӯш мефаҳмад.
Либосамро иваз карданӣ будам.
- Ба куҷо? - пурсид Суман.
- Аптека.
- Хӯрокатон сард мешавад. Ба аптека ҳамроҳ меравем, дар роҳ наафтед боз.
- Маро ҷинзада фикр кардед?
- Бобо шаб ҳамин хел гуфт.
- Духтур чӣ гуфт?
- Асабаш хароб гуфт. Аз ман пурсид, ки пештар чунин ҳолатро мушоҳида кардаам? Гуфтам "не"
- Ман ҳам мушоҳида накардаам.
- Чиро андеша доред?
- Ман ношуд ва ноӯҳдабаро. Як герба сохта наметавонам.
- Ман кӯмак мекунам, ҳарду месозем.
- Ҳозир ба ман худи Горбачёв ҳам кӯмак карда наметавонад. Тамом, ҷашни район мурд...
- Ин қадар воҳима кардед? Чист вазифаву супоришҳои партияатон?
- Партияи ман не, Партияи халқ! Биёед, беҳтараш ҳамаашро фаҳмонам.
- Аввал хӯрок, баъд кор!
Ба Суман супоришро пурра фаҳмонидам. Ӯ каме андеша карду гуфт:
- Ҳаминро аз қоғазу картон сохта наметавонем, шумо ранг кунед?
Ақидааш дуруст, ҳамин фикр то ба имрӯз ба сар назада буд.
- Калла не ин, хазина, - гуфтам аз хурсандӣ, - биёед якта аз пешонаатон бӯсам!
- Чаро танҳо аз пешона? - хандид ӯ.
- Ба дигараш ҳуқуқ надорам.
- Аз магазини лавозимоти хониш чизҳои лозимаро биёред, ҳанӯз кушода. Имшаб кӯшиш карда бинем.
Суман коғазҳоро пора карда дар ширеш андохт, мисли хамир хеле тоб дод ва барои намуна як пахта сохт.
- Чӣ хел, монанд шуд? Пас аз хушкиданаш, маҳоратро нишон дода, ранг молед. Мебинем.
Коғаз тамоми ширешро ба худ ҷаббида, хушк намешуд. "Пахтаҳо" ба андозаи ҳандалак буданд, онро дар рӯи миз чидем, ки то саҳар хушкад.
- Ду кас ҳаммаро ифлос карда, бо чӣ машғулед? - гуфта кампир омад, - эҳе, аҳволи хонаро бинед. Ин чӣ кори кардаатон? Ақл надоред-да шумо! Кӯдак ҳам ин корро намекунад. Ужин мекунем, ё коғаз мехӯрем?
- Коғаз мехӯрем, - гуфтем баробар.
Даст то оринҷ ширеш, остинҳо барзада ҳарду ба ванна даромадем.
- Аввал ман.
- Не, аввал ман.
- Аввал ман даромадам.
- Калонсолонро ҳурмат кунед, кӣ инҷо калон?
- Ман хӯрок бояд тайёр кунам...
Кампир аз шӯхиҳои мо завқ мебурд...
Маро боз ба деканат даъват карданд. Ин дафъа нагуфтам, ки бемор будам, аздусар бовар намекунанд.
- Аризаатро навишта бо хоҳиши худат рав, - гуфт муовин, - аз ту мутахассис намебарояд. Корат найранг, фиреб, дурӯғ...
- Такрор намешавад дигар, - гуфтам.
- Ман ба ту бовар намекунам, муаллимҳоро мегӯям, ба имтиҳонот роҳ надиҳанд. Такроран соли дуюмро мехонӣ.
- Дар факултет як ман ҳастам, ки дар дарс иштирок намекунам? Рафта як хабар гирем, аз бисту шаш нафар чанд нафар нишастаанд?
- Ба дигарон чӣ кор дорӣ? Худатро дон! Ҳама бо сабабҳои узрнок нестанд.
- Аз ман ҳам узрнок. Факултетро кооператив кардед, ман аз ҳамааш бохабар. Фурсат расад салом медиҳам.
- Фурсати ту ҳеҷ гоҳ намерасад!
- Мебинем, - гуфта дарро аз пасам пӯшида берун баромадам. Муовин аз пасам "баргард" гуфт, аммо ман гӯё нашунидам.
Аз ягон фан дар пас намондаам, баробари ҳамсабақон будам. Хориҷиёнро танҳо ҳангоми имтиҳон медидам, "забони Русиро намедонанд" сабаб мешавад, аммо баҳо аъло. Муовин бошад, танҳо маро мебинад.
Дар аудитория шонздаҳ нафар будем, даҳ нафар нест. Омада бинад...
- Асабӣ нашав, - гуфт сардори гурӯҳ, - чор соли дигар қаноат кун, ҳамааш мегузараду меравад.
Ба мудири шӯъбаи мадании боғ Сафар нақшаи корро мувофиқат кунонидам ва ваъда додам, ки пас аз се рӯз герб омода мешавад. Сафар хурсанд шуд. Як оши палав ваъда дод.
Бо Суман пахта ва гандумро сохта хушкондем. Дар рӯи лента "пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!"-ро навиштам. Навбат ба ҷобаҷогузорӣ расид. Инро дар боғ бояд анҷом диҳам.
- Ҳамроҳатон меравам, - гуфт Суман.
- Ошпазро пазмон шудед?
- Кӯмак мекунам, - гуфт ӯ, - боз дарди кӯҳна хурӯҷ кард?
- Ман зид нестам, шумо кабӯтари озод ҳастед. Ман ваъдаи аз осмон ситора оварданро надодаам.
- Ба ман ситораи осмон лозим нест. Дар паҳлӯям шумо бошед, кифоя.
- Хайр, меравем, паҳлӯ ба паҳлӯ, супориши партияро иҷро мекунем.
Пахтаву гандум, хӯшаҳоро дар як халта гирифта, озими боғ шудем...
Бо кӯмаки Суман гербро дар тахта насб кардем, рангу борашро пурра ба зимма гирифтам. Дар интихоби рангҳо низ Суман ёрӣ дод. Тахтаро дар девор рост гузошта, ҳарду аз корамон меболидем.
- Ҳамааш ҳамин будаасту, ғам хӯрда гаштем, - гуфтам ба Суман, - инро бояд дар ягон ҷо нишаста, қайд кунем.
- Ресторан мебаред?
- Хоҳед ресторан, хоҳед қаҳвахона. Шумо сазовори ҳарду ҳастед.
- Аз ресторан дида, хӯроки хона болаззаттар аст. Як кило гӯштро гирифта, дар карам мепечонам, ана ресторан.
- Бибӣ пешхизмат мешаванд, - гуфтам, - ба рӯю лабашон сурхӣ мемолем.
Дари устохонаро қулф задем, ки ошпаз пайдо шуд.
- Дар ин бегаҳӣ дар ин ҷо чӣ кор мекунед? Ҳаво торик шуд.
- Супориши маъмуриятро иҷро кардем, - гуфтам, - ба шумо нишон диҳам?
Ва мунтазири ҷавобаш нашуда, қулфро кушодам.
- Марҳамат, истеҳсоли ману Суманхон. Тамошо кунед ва ҳаловат баред!
- Ба маҳорататон қоил, - ошпаз наздиктар рафта тамошо кард, - дасти одамизод гул. Ин қадар ҳунар доштеду, мегардед дар боғ? Ягон кори сердаромадтар ҷӯед намешавад?
- Одамҳо ошпазӣ мекунанд дар боғ, чебуреку самбӯса мепазанд. Рӯзашон мегузарад. Мо рассомӣ накунем-мӣ?
- Тиратон ба ҳадаф расид, дӯстам, - хандид ошпаз, - камро диҳаду ғамро не. Ман ба як бурда нон қаноат мекунам.
- Мо ҳам инчунин. Масалан ҳамин рӯз ҳамон як бурдаро ҳам ба лаб набурдаем. Доред ягон коса шӯрбо ё мастобаи аз мардум монда?
- Э, барои шумо наваш мепазам, дӯстам.
Ошпаз, ки то ин дам маро додар ном мебурд, акнун дӯстам мегуфт. Худро назди Суман марди ҳалиму хоксор нишон медод.
- Суман, аздусар дар хона гӯшт надорем, - гуфтам ба Суман, - бар замми ин дӯконҳо аллакай маҳкам. Ба ошхона даромада, як бурдагӣ гӯшт хӯрем-чӣ? Ман таъми гӯштро як соли охир начашидаам.
- Воҳима кардед, рӯзи таваллуди Бибӣ дусад грамм овардем, дулунҷа задед! - хандид Суман.
- Гардед, - аз дастам кашид ошпаз, - як кило гӯшта дам мекунам, дар ним соат омода мешавад. То тайёр шуданаш, кам-кам чақ-чақ мекунем.
Аз паси ошпаз ба ошхона даромадем. Ӯ яке аз мизҳоро, ки дар он одатан мансабдорони галстукпӯш менишастанд, ба мо омода кард. Ошхона холӣ, касе нест.
Ошпаз аввал ду дона нонро бо як чойник ҷои кабуд оварда монд.
- Қанди сафед доред? - пурсидам аз ошпаз.
- Ин кас бе қанд чой наменӯшанд, - илова кард Суман.
Ошпаз дар табақи чинӣ, ки аслан барои газак ва хӯришҳо буд, каме қанди сафед овард.
- Ман ҳам қанди сафедро дӯст медорам, - гуфт ӯ.
Ӯ рафту Суман оҳиста ва қариб бесадо аз ман пурсид:
- Пул доред? Ҳисобӣ карда метавонед?
- Чаро мепурсед? Албатта дорам.
- Надоред, ман медонам. Шиматонро шуста, пулатонро дар болои яхдон гузошта будам, аз хотир фаромӯш шудааст.
Даст ба киса бурдам, холӣ.
- Шарманда мешавем, - гуфтам, - ҳоло ҳам дер нашудааст. Хӯрок лозим нест. Ҳамин нону чой кифоя.
- Рафта гӯед, ки шӯхӣ кардед, фурсат надорем.
Ҷаста аз ҷо бархоста, назди ошпаз рафтам ва аҳволро фаҳмонидам.
- Аҷоиб инсонед шумо, ягон кас аз шумо пул пурсид? Як бор меҳмон шудед, мизоҷ нестед шумо!
- Пулашро пагоҳ албатта меорам, - гуфтам, - духтарро шиками гурусна ба хона бурдан ҳам аз рӯи адолат нест.
- Маро наранҷонед, мардум омада ҳар рӯз нася пиво менӯшад, кам шудам? Барои дӯст як хизмат кардем. Танҳо иҷозат диҳед, ҳамроҳатон сари дастурхон бошам.
Баргашта сари миз рафтам.
- Пулашро пагоҳ медиҳам, - гуфтам, - аллакай гӯшт мепазад. Худаш ҳам гурусна будааст.
- Бо мо хӯрок мехӯрад?
- Албатта, ё дар дигар миз шинад?
- Не, марҳамат, зид нестам. Танҳо дар хона суханҳои ноҷо нашавад.
Бӯи гуворои хӯрок тамоми ошхонаро гирифт. Оби даҳон шорида рафт. Ошпаз дар лаълӣ винои "Помир" ва се қадаҳро оварда, дар наздам гузошт.
- Шумо соқӣ.
- Ман наменӯшам.
- Бону чӣ? - ба Суман ишора кард ӯ.
- Ин кас менӯшанду ҷанҷола мебардоранд.
- Ба хона расем, адабатонро медиҳам, - таҳдид кард Суман.
- Дидед, аллакай сар шуд, - гуфтам.
- Ман ҳам харидорӣ ин чиз нестам, - гуфт ошпаз, - барои зебогиаш овардам. Бигузор дар канор истад. Шарбати себ дорам, биёрам?
- Биёред, мо шарбатро бори охир дар ҳафтод солагии Бибӣ нӯшида будем.
- Ҳозир Бибӣ чандсола? - хандид ошпаз.
- Ҳаштоду шаш.
- Воҳ, шонздаҳ сол?
Ҳарсе хандидем. Сари дастурхон сӯҳбат қӯр гирифт. Ошпаз аз толеъ бисёр сухан гуфт.
Вақти рафтан дар табақ "барои Бибӣ" хӯрок дод. Боз хоҳиш кард, ки ҳар гоҳ аз ӯ ва ошхонааш хабар гирем.
- Нақшаҳо барбод рафт, - гуфтам ба Суман вақте ба хона расидем.
- Кадом нақша?
- Мехостам шуморо ба театр даъват кунам.
- Ба "Ҷияни хира"?
- Ин дафъа ба театри ҷавонон. Намоишномаи "Зангирии Афандӣ" Тағоймурод Розиқов ва Исфандиёр Ғуломов. Дар хотир доред: "Аз гуноҳат гузаштам, ин сӯ гузар".
- "Ин сӯ гузар"-ро инҳо нагуфтаанд.
- Чӣ, шумо ин спектаклро дида будед? Дар воқеъ, ҳарду дар ҷашни 60-солагӣ иштирок хоҳанд кард.
- Пагоҳ меравем албатта, шояд намоишро дида, ақлатон дарояд?
Рӯзи ҷашн аз ҳама сертараддуд ман будам. Шояд коргари аз ҳама ҷавонтарини боғ будам, бинобар ҳар сӯ медавидам. "Афандӣ" бо як маркаб бо аробааш вориди боғ шуд:
- Нашунидам нагӯед, надидаам нагӯед, имрӯз ҷашни район дар боғи марказии фароғатии ба номи Ленин баргузор мегардад! Марҳамат ба идгоҳ!
Дар ароба, болои таҳти шоҳӣ "Шоҳ" менишаст. Ба намояндагони партия ва ҳукумат, ки дар даромадгоҳ саф ороста буданд, даст меафшонд. Аз паси хару ароба анбӯҳи мардум вориди боғ шуданд ва аз зери рамз гузашта, ҷониби саҳнаи асосӣ шитофтанд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ, офаридаҳои занону духтарон ба тамошо гузошта шудаанд. Суман низ растаҳоро тамошо мекарду гоҳ-гоҳ сӯям назар меандохт. Лаҳзаҳое мешуд, ки маро аз байни издиҳом меҷуст. Ниҳоят наздам омада гуфт:
- Монда шудам, ягон курсӣ надоред, ки камтар истироҳат кунам?
- Курсиро бо худам гирифта гардам? Калиди устохонаро диҳам, курсии мулоим дорад?
- Худатон кушоед, дигар калидҳояш шояд лозим мешаванд.
Ҷониби устохона шитофтем. Роҳ аз назди ошхона мегузашт.
- Беҳтараш дар ошхона шинед, алҳол одам кам, нисфирӯз бисёр мешавад.
Ба ошхона даромадем. Бояд пули хӯроки дирӯзаро медодам.
- Намегирам, - рад кард ошпаз, - ранҷонидед маро.
- Мумкин Суман каме дар ҳамин ҷо истироҳат кунад? Устохона каме ифлос...
- Бемалол. Марҳамат, қариб ҳамаи мизҳо холӣ.
Яке аз мизҳои назди тирезаро интихоб карда Суман нишаст ва ба берун дида дӯхт. Ман бошам, аз паси кори худ баромадам. Аммо дере нагузашта Суман дар паҳлӯям пайдо шуд.
- Истироҳат тамом? - пурсидам аз ӯ.
- Ошпаз мегӯяд, ки каме дар корҳояш ёрӣ диҳам. Гуфтам аз шумо пурсам.
- Иҷозат, танҳо эҳтиёт шавед. Саид бо сеҳру ҷоду низ шуғл дорад. Бе ман аз хӯрокаш нахӯред.
- Не, бе шумо ҳатто аз чояш наменӯшам.
Суман шитобон сӯи ошхона рафт. Лаҳзаи муносиб барои Саид муҳайё буд, ки бо Суман ошно шавад.
(поёни қисми 3)
Муаллиф: Юлчӣ Ашӯров
Таҳиягар: Murodjon Usupov
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1