Муаллиф Шахлои Начмиддин
Шамима вакте аз хушдоманаш шунид, ки шавхараш аз мухочират ба хона меомадааст, аз хурсандии зиёд гуё пару бол баровард.
Чунон хурсанд буд, ки худаш медонисту Худованди болои сар.
Ба ташноб даромада сарашро шусту майдабофт карда токии арусиашро пушид. Охир ду сол пештар хангоми ба мухочират рафтани шавхараш у хамаги шашмоха аруси хона буд.
Барои хамин худро мисли аруси нав орову торо дод.
Баъди рафтани шавхараш у писар таваллуд кард. Хангоми сафар кардани шавхараш дар кадаш семоха тифл дошт.
Писарчааш хануз дидори падарашро надида буд.
Шамима аз хушдоманаш фахмид ки шавхараш субх соати панчуним ба фурудгоҳи хавоии Тоҷикистон мефаромадааст.
То субх хоб нарафт. Хушдоману хусураш хам хурсанд интизори омадани писари хурди буданд. Аммо субх бародари калони ба пешвози додар рафту аз у дараке набуд. Баъди пурсучуйи зиёд аник гардид ки у чипта харида аст, аммо ба ин хавопаймо нашиштааст.
Хама дар изтироб, хавотири фитоданд. Бародарони калони ба Русия ба кофтукоби додар баромаданд. Вале бенатича. Бегохи ба магоза барои сигор рафтаасту дигар касе уро надидааст. Чомадони сафараш хамин хел дар хонаи ичорааш бо чиптаи хавопаймо меистод. Маьлум буд ки уро ё касе куштааст ва ё кучое дуздида бурдаанд.
Аз байн боз се сол гузашт. То имруз Шамима дар хонаи хусуру хушдоман интизори шавхари гумшудааш аст.
Аммо волидайнаш мехоханд ки уро ба хона баранду ба шавхар диханд.
Шамима ба ман киссаи зиндагиаш ро накл карду хохиш кард ки дар ин хусус шумо андешахои худро бигуед. У ба хонаи падару модар баргардад ва ё дар хонаи хусуру хушдоман интизори шавхари бе ному нишон гумшудааш истад?
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 7