Як нашрияи англӣ забон дар гузорише дар бораи Украин навиштааст, ки бо вуҷуди кумакҳои чандмиллиард долларии Амрико, Киев қодир ба пирӯзӣ нахоҳад буд.
Нашрияи Маҷаллаи Блейки Швейтсария ба нақл аз бархе афсарони украинӣ дар гузорише навишт, бо вуҷуди кумакҳои чандмиллиард долларии Иёлоти Муттаҳида Амрико, бисёре аз фармондеҳони украинӣ дигар ба пирӯзии Киев бовар надоранд.
Аз сӯи дигар рӯзи гузашта Дениз Шмиха, нахуствазири Украин дар суханоне иддао кард, ки Австралия дар ҳоли омодасозии бастаи кумакии 100 милюн долларӣ барои Украина аст.
Бар асоси иддаои нахуствазири Украин, қарораст ин пӯл барои хариди маҳмӯлаи бузурге аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин мавриди истифода қарор гирад.
Ба гузориши Спутник, Австралия ҳамчунин муҳимоти ҳаво ба заминро ба Украин мунтақил хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки вай пештар низ иддао карда буд ки Австралия паҳподҳое ба арзиши 32.5 миллион доллар маҷмӯъаи бузурге аз сомонаҳои мушакии зидди ҳавоиро ба Киев ироа хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки Австралия дар хусуси аддаои матраҳи ин мақоми украинӣ то кунун баёнияе содир накардааст. https://tajikpress.com/2024/04/29/%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-11/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев