Мақомоти Лаҳистон (Полша) паноҳҷӯйи 36-солаи тоҷик Фаррух Икромовро аз ин кишвари аврупоӣ рондаанд.
Мақомоти Лаҳистон (Полша) паноҳҷӯйи 36-солаи тоҷик Фаррух Икромовро аз ин кишвари аврупоӣ рондаанд.
Фаъолони мухолифон мегӯянд, ӯ дар эътирози соли гузашта ба зидди президент Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин ширкат дошт ва метарсанд, ки дар Тоҷикистон шиканҷа ва ба муддати дароз зиндонӣ хоҳад шуд.
Фаррух Икромов дар соли 2016 ҳамроҳи зану фарзандонаш Тоҷикистонро тарк кард ва дар Лаҳистон мезист. Вакили мудофеяш рӯзи 15-уми апрел ба Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Лаҳистон гуфтааст, “ӯро фиристоданд, дар дохили Тоҷикистон суроғ кунед.”
Шарҳи мақомоти Лаҳистон феълан дастрас нест.
Абдусаттор Бобоев, мудири Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, мегӯяд, “дар Лаҳистон ба ӯ паноҳандагӣ надода буданд”. https://tajikpress.com/2024/04/17/%d0%b8%d1%85%d1%80%d0%be%d2%b7%d0%b8-%d1%8f%d0%ba-%d0%bf%d0%b0%d0%bd%d0%be%d2%b3%d2%b7%d3%af%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba-%d0%b0%d0%b7-%d0%bf%d0%be%d0%bb%d1%88%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев