Оғози ҳамалоти ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакии Эрон алайҳи режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар ҳамон дақоиқи нахуст бо вокуниши густурда дар расонаҳои хориҷӣ ҳамроҳ гардид.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, оғози ҳамалоти паҳподӣ ва мушакии Эрон алайҳи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар ҳамон дақоиқи нахуст бо вокуниши густурда дар расонаҳои хориҷӣ ҳамроҳ шуд. Дар ин гузориш нигоҳе ба вокуниши расонаҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ ба оғози ҳамалоти зидди исроилии Эрон андохтаем.
NBC News: Интиқоми Эрон
Шабакаи хабарии NBC News-и Амрико пӯшиши хабарии худ аз ҳамалоти Эрон алайҳи режими саҳюнистиро бо унвони «Интиқоми Эрон» думбол кард ва навишт: «Эрон ба Исроил ҳамла кард ва ин ҳамла эҳтимоли эҷоди ҷанги минтақаиро ба думбол дорад.» дар идомаи гузориш ба нақл аз мақомоти давлати Байден гуфта шудааст, ки киштиаҳои ҷангии Амрико дар минтақа омодаи кумак ба Исроил ҳастанд. Гузориш мегӯяд, ки ҳамлаи Эрон, аввалин бор буд, ки ба сурати мустақим ба Исроил сурат мегирифт ва ин ҳамла чанд ҳафта пас аз он сурат гирифт, ки ҳамлаи Исроил ба сохтумони консулгарии Эрон дар Димишқ, пойтахти Сурия мунҷар ба ҷон бохтани аъзои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон шуд ва Теҳрон қавли интиқом аз ин ҳамларо аз қабл эълом карда буд.
Reuters: Ҳамлаҳои густурдаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ба Исроил
Хабаргузории Рейтер низ дар бораи ҳамалоти зидди исроилии Эрон навиштааст: ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ба Исроил, ки интизор меравад «дар тайи чанд соат» сурат гирад, аз охирин соати рӯзи шанбе ба вақти Теҳрон оғоз шуд. Артиши Исроил ҳам таъйид кард, ки Эрон даҳҳо ҳавопаймоҳои бесарнишин рӯзи шанбе ба самти Исроил партоб кард. Ин ҳамла мумкин аст боиси ташдиди таниши бузург байни душманони минтақаӣ шавад ва ҳамзамон Амрико мутааҳҳид ба ҳимоят аз Исроил аст. Як генерали бознишастаи исроилӣ ба номи «Амос Ядлин», ба хабари канали 12 Исроил гуфт, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ ҳар кадом ба 20 килограм (44 павнд) маводди мунфаҷира муҷаҳҳаз шуда буданд. https://tajikpress.com/2024/04/14/%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d0%b7%d0%b5%d1%80%d0%b8-%d0%be%d1%82%d0%b0%d1%88/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев