Бадбинҳо ва бадгумонҳо, мардумро бадхоҳ ва фиребкор медонанд ва бар ин боваранд, ки онон мақсади хайре надоранд ва наметавон аз онон дар амният буд. Бар ин боваранд, ки ҳар касе думболи фиребкорӣ аст. Дар ин миён базе аз хатоҳои дигарон, ин бадбинӣ ва бад гумониро зиёд мекунад ва шахси шаккок ва бадгумонро дучори нигаронии беш аз дигарон мекунад. Яке аз бемориҳои равоние, ки таъсири зиёноваре бар шахсият ва рафторҳои фардӣ ва иҷтимоӣ мегузорад, бадгумонӣ аст. Бадгумонӣ сабаби ба вуҷуд омадани мушкилоти фардӣ ва иҷтимоӣ ва бемориҳои равонии монанди изтиробу ташвиш ва афсурдагӣ мешавад. Бинобар ин барои доштани афрод ва ҷомеаи солим бояд бидонем ки чи чизе сабаби ба вуҷуд омадани бадгумонӣ ме