- Умрест дар ин майкада бо ашк асирам, Бигзор туро сахт дар оғӯш бигирам. Бошад, ки расидам ба Худоҳофизӣ аммо, Ҳар бор, ки рафтам ба ту уфтод масирам. Ғайр аз шикани зулфи ту шеъре насурудам, Як шаҳр хабардор шуд аз ишқи касирам. Омад ба забонам бинависам, ки туро дӯст.. Ларзид лабам ашк шуд он буғзи ахирам. Ҷуз будани ту сарвати моле, ки надорам, Дил таъна парондаст ба дастони фақирам. Рӯзе, ки хаёлат ба раҳо кардани ман буд, Лабханд бизан зинда шавам баъд бимирам!
- Дӯстро бо як бади натвон фурӯхт, Баҳри як кайке гилем натвон бисухт!
Показать ещё