Лабрети ишқ
Қисми 18
Алёна савғотии аз Маскав овардаи падарро дар болои миз гузошту ба ҳуҷраи худ гузашт. Ин рафтори духтарашро дида Антон ба ғазаб омад.
- Маро пазмон нашудӣ? - шӯрид ӯ, - ду рӯз набудам. Ҳатто андаруни қуттиро нигоҳ накардӣ, ки чӣ дорад?
- Ту ҳафтаҳо намеомадӣ, пас аз он, ки Еленаро вохӯрдӣ, моро тамоман фаромӯш кардӣ, - оромона гуфт Алёна, - барои ман муҳим нест, қуттӣ чӣ дорад. Ё ту меҳри падариатро дар қуттӣ ҷо додӣ?
Антон аз паси Алёна ба хона даромад. Алёша андармони тӯҳфаи худ дар долон монд.
- Ба ту чӣ намерасад, духтарам, - каме нарм шуд Антон, - саг гуфтӣ-овардам, тамоми хоҳишҳоятро иҷро мекунам. Аққалан дар рӯзҳои мушкил маро зиқ накун. Проблемаҳои худам бароям басанда аст.
- Димаву Шахерзадро аз хона рондӣ?
- Не. Чаро ба чунин хулоса омадӣ?
- Канӣ ҳардуяшон? Дима ба зангҳои ман ҷавоб намедиҳад, Шахерзад намеояд, ҳарду ҳам дигар барнагаштанд...
- Шахерзад ҳангоми набуданам роҳбарии коргоҳро ба зимма гирифтааст, барояш як ҳуҷраи алоҳида бо тамоми шароитҳояш омода кардаам. Коргоҳ дар ду навбат кор мекунад, дастгоҳҳо соате қарор намегиранд.
- Дима чӣ?
- Аз Дима хавотир нашав, ӯ ҷавонмард аст, рӯзҳои аввал мушкил албатта. Ферма, ки ба кор пардохт, кораш сабук мешавад.
- Кай бармегардад?
- Ба куҷо?
- Ба хона.
- Ин хона аз мост. Аз ману туву Алёша. Бигузор минбаъд сарҳисоби зиндагиашро худаш ҷустуҷӯ кунад. Ман ба ӯ имконияти кор кардан ва инкишоф ёфтанашро додам.
- Ту ӯро аз хона рондӣ!
- Ман ӯро директори ферма таъин кардам, дусад сар гови ҷӯшоӣ ва даҳ нафар коргар дар ихтиёраш! Бигузор роҳбариро омӯзад! Мо минбаъд ширро на аз Белорус, балки аз худамон мегирем.
- Маро пагоҳ ба наздаш бар.
- Пагоҳ наметавонам. Ягон рӯзи истироҳат мебарам.
- Ту истироҳат дорӣ?
- Надорам.
- Пас, бурданӣ нестӣ? Суроғаашро деҳ, худам меравам.
- Алёна, ту ниҳоят ҷавон ҳастӣ, фикрҳои ғалатро аз сарат дур кун. Димаро ба ҳоли худаш гузор ва худ низ аз паи таҳсилат шав. Фаромӯш накун, пас аз хатми мактаб донишгоҳ мехонӣ!
- Намехонам.
- Мехонӣ! Диплом надошта бошӣ, туро ба ҳеҷ куҷо ба кор намегиранд. Инро аз хотир набарор!
Алёна хомӯш рафта дар диван нишаст.
- Ба Дима чиҳо гуфтӣ, ки ба занги ман ҷавоб намедиҳад?
- Чизе нагуфтаам. Шояд фурсат надошта бошад...
- Суроғаашро ба ман гӯй.
- Ту чӣ кор карданӣ? Наздаш меравӣ?
- Бале.
- Боз мегӯям, Димаро ба ҳоли худаш гузор. Дима як тоҷикдухтарро дӯст медорад, бо ҳамдигар паймон кардаанд.
- Дурӯғ! Аз кӣ шунидӣ? - чашмони Алёна пури об шуданд.
Антон дар паҳлӯи Алёна ҷо гирифт.
- Ту духтарам, менталитети онҳоро намедонӣ. Инҳо мусулмон ҳастанд, бо масеҳиён ҳеҷ гоҳ оила бунёд намекунанд. Мефаҳмӣ?
- Намефаҳмам. Эътиқод бо муҳаббат чӣ алоқае дорад?
- Хулоса, муҳаббати Димаро фаромӯш кун, вай муносиби ту нест...
- Ман инро бояд аз забони худаш шунавам. Маро наздаш бар.
- Хуб, пагоҳ маслиҳат мекунем. Ҳоло бошад, хуб истироҳат кун, - Антон бархоста қуттии дар дасташ бударо дар назди Алёна гузошт ва берун баромад.
Алёна қуттиро гирифта зери диван тела дод. Телефонашро гиро карда номи "Дима"-ро ёфт, аммо ҷуръати занг заданро надошт. "Падараш намехоҳад, ки онҳо якҷо бошанд. Ягон чиз садди роҳи муҳаббаташ шуда наметавонад, суроғаро дастрас мекунад ва бо нақлиёти ҷамъиятӣ назди Дима меравад"...
То субҳ хеле паҳлӯ гашт, аммо хоб ӯро тарк карда буд. Вақте Алёша ӯро бедор карданӣ даромад, худро бемор вонамуд кард.
.... Ҳанӯз равшанӣ надамида мардон бедор, дар зери айвон маслиҳати кори имрӯзаро доштанд. Ҳар кас пешниҳоди худро дошт.
- Агар сардор дастгирӣ кунад, пеши айвонро оинабандӣ мекардем. Ҳоло фасли сармо нарасида аллакай хунук хӯрдам, - гуфт Ӯрмон, - ба ҳар ҳол оина гармӣ ва равшаниро хуб мегузаронад.
- Маслиҳат карданам мумкин, - гуфт Дамир, - аммо ваъда дода наметавонам. Коргоҳ навбунёд аст, хароҷоташ зиёд.
- Масолеҳ дастрас гардад, як ёрдамчиро дар паҳлӯям мегирам. Дар як моҳ пурра айвонро оинабандӣ мекардем.
- Аллакай моҳи феврал айвонро ҳамчу бинои тухмипарварӣ истифода карданамон мумкин.
- Мо ферма барои истеҳсоли шир бунёд мекунем, на гармхона, - гуфт Дамир, - барои гарм нигоҳ доштани бино боз хароҷоти иловагӣ лозим меояд.
- Ин танҳо маслиҳат, - гуфт Ботур-амак, - гармхона дар назди ферма бошад, нуриҳои минералӣ дорем, қувваи корӣ дорем, таҷриба дорем. Чӣ намерасад?
- Маблағ намерасад, - гуфт Дамир, - коргоҳ миллионҳо рубл аз бонк қарздор аст. Хароҷоти гармхонаро чӣ тавр рӯпӯш мекунанд?
- Аз ҳисоби ҳосилаш. Тухмиро дар айвон сабзонида сипас ба гармхона мекӯчонанд. Помидор, бодиринг, қаламфур, кабудӣ аз худамон мешавад. Аққалан ошхонаи коргоҳро таъмин мекунем.
Ботур-амак марди солхӯрдаву рӯзғордида, таҷрибаи бойи кор дар гармхонаро доштааст. Боз якчанд роҳи ба даст овардани даромад ва гарм кардани гармхонаро пешниҳод кард. Пас аз наҳорӣ мардон ба таъмири ҳуҷраҳои дуввуму севум пардохтанд.
- Барои баровардани пору аз ферма боз чор нафар коргар лозим, - гуфт Дамир, - надоред ягон шинос?
- Тракторчӣ лозим нест? - пурсид Ӯрмон-амак, - як домодам механизатори колхоз буд, ҳоло бекор.
- Даъват кунед, - гуфт Дамир, - худи ҳозир ояд.
- Вай дар Ӯзбекистон, занг зада маслиҳат карданам лозим.
- То шумо маслиҳат мекунед, дигар одам меёбем.
Ӯрмон-амак тешаро як сӯ ҳаво дода берун баромад ва бо забони ӯзбекӣ бо касе хеле сӯҳбат кард, сипас ба Дамир рӯ оварда пурсид:
- Маош чанд гуфта мепурсанд.
- Вобаста ба ғайраташон.
- Гурусна намемонед, Тӯрахон, як фермаи калон аз худамон мешавад. Худи пагоҳ билета гиред, мо шуморо аз аэропорт пешвоз мегирем, - гуфта Ӯрмон-амак телефонашро хомӯш кард.
- Ҳоло худам маош нагирифта ваъда додам, - хандид ӯ, - иншоаллоҳ нағз мешавад.
То нисфи рӯз таъмири фарши боз се ҳуҷра ба охир расид. Маслиҳат шуд, ки пас аз хӯрок як нафар бо таъмири деворҳо машғул шавад.
То вақти ваъдагӣ як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Дар ин байн бояд поруи ферма ба пуррагӣ бароварда дар як ҷо ҷамъ гардад, дусад сар говро аз ноҳияи ҳамсоя биоваранд ва хонаҳо пурра таъмир гарданд. Кор бисёр, аммо коргар намерасад.
Дамир дар андешаи дастрас кардани коргарон ба хоҳараш занг зад.
- Метавонӣ дар ягон коғаз эълон чоп кунӣ? Кор ниҳоят бисёр, шаш нафар то нисфи шаб заҳмат мекашем. Бовар надорам, ки дар фурсати муайяншуда тамоми корҳоро ба сомон расонем.
- Алёна ба ту занг зад?
- Не. Алёнаро як сӯ гузору...
- Наздат нарафт?
- Наомадааст. Чӣ буд?
- Антон мекобад. Рақамаш дастнорас, дар хонааш нест. Ба мактаб ҳам нарафтааст.
- Хабар надорам. Ба назди ягон дилдодааш рафтагист.
- Бо либоси хонагиаш?
- То бегоҳ бармегардад. Алёша дар куҷост?
- Алёша ҳам хоҳарашро мекобад. Дар эълон чӣ нависам?
- Ба ферма коргар лозим, матнашро аз ман беҳтар худат медонӣ. Рақами телефони маро гузор. Худам рафта дар тахтаҳои эълонҳо мечаспонам.
- Омаданат шарт нест, Муҳибро мефиристам.
Дамир дарҳол рақами Алёнаро гирифт, дар ҳақиқат дастнорас буд. "Дар куҷо бошад?" - андешид ӯ ва сипас ба Алёша занг зад.
- Алёнаро ёфтед?
- Не, субҳ бемор буд, ба мактаб нарафт. Баргаштам, ки дар хона нест, ҳатто дари хонаро маҳкам накардааст.
- То бегоҳ бармегардад. Ҳамсояҳоро пурсидӣ?
- Ба дугонаҳояш занг задам. Ҳама бехабар.
Ин дам мошини Антон чанги роҳро ба ҳаво хезонда босуръат назди бино омад. Дамир бошитоб наздаш рафт.
- Рафтем, - гуфт Антон ва Дамирро ишораи дар паҳлӯяш нишастанро кард.
- Бо кӣ дар алоқа будӣ? - баъде, ки Дамир ба мошин нишаст пурсид ӯ.
- Бо Алёша.
- Пас, ту ҳам аз Алёнка хабар надорӣ?
- Не.
- Аз куҷо донистӣ, ки ӯ гум шудааст.
- Алёна гум нашудааст, бармегардад.
- Аз куҷо донистӣ, ки ӯ нест ва мо ҷустуҷӯ дорем?
Дамир аз тарси он, ки хоҳарашро дар хабаркашӣ гунаҳкор накунанд, хомӯш монд.
- Аз ту мепурсам, куҷост Алёнка? - симои Антон ниҳоят ҷиддӣ буд.
- Ман намедонам...
Антон телефони Дамирро аз дасташ гирифта гиро кард.
- Сенздаҳ маротиба ба ту занг задааст, чаро набардоштӣ?
- Худат гуфтӣ, ки ба ӯ ҷавоб надиҳам...
- Ман? Кай?... Хуб... - Антон хомӯш шуд. Тамоми зангҳои воридотию содиротии Дамирро аз назар гузаронд ва телефонро оромона баргардонд. Ҳарду лаҳзае хомӯш ба ҳамдигар нигаристанд. Дамир гунаҳкорона сар хам кард.
- Хабари дар хона набудани Алёнаро ба ту Алёша гуфт?
Дамир як ба симои Антон назар афканду боз сар хам карда хомӯш монд.
- Маро эҳтиром мекунӣ?
- Албатта.
- Бо Алёна чӣ маслиҳат кардед?
- Мо маслиҳат накардем.
- Алёнаро дӯст медорӣ?
- Мо қариб ҳамроҳ ба воя расидем, ӯро низ эҳтиром мекунам...
- Ҳамроҳ ба хона меравем, аз зери замин ҳам, ки бошад, дастрас мекунӣ. Кормандон ягон машғулият доранд?
- Доранд. Фарши чор хонаро таъмир кардем...
Аммо Антон дигар ба ҳарфи Дамир гӯш надода мошинро ба ҳаракат даровард. Бо суръати баланд дар як лаҳза ба коргоҳ расиданд.
- Фаро, - гуфт Антон, - ронанда туро то хона мебарад. Ман проблемаи худро дорам. Алёна, ки ёфт шуд, ба ман занг зан.
Дамир ҳанӯз нафаромада мошин ба ҳаракат даромад, бинобар Дамир худро ҳаво дод. Мошинро Антон ба дохили коргоҳ ронд. Пас аз лаҳзае мошини дигар дар назди Дамир қарор гирифт.
- Рафтем!
Алёша дар рӯи ҳавлӣ квадроциклро бо латта пок мекард.
- Наомад? - пурсид Дамир.
- Не, - латтаи дар даст доштаашро болои квадроцикл гузошта гуфт ӯ, - дар мошини падарам нишастаӣ? Директор шудӣ?
- Худи падарат фиристод.
- Барои ба ҳоламон хандидан?
- Алёша, шояд аз ту бештар ман ғамгин бошам, Алёна дар ҳақиқат бемор буд?
- Ман аз куҷо донам? Алёнаро оғӯш накарда бошам, ки ҳарораташро санҷам. Ту мутахассиси хуб...
- Алёша, ман хоҳиши бо ту баҳс карданро надорам. Бе ин ҳам тори асабам танг гаштааст. Беҳтараш дар ҷустуҷӯйи хоҳарат бошем.
- Асабҳоятро ман хароб кардам? Ба хоҳарам ту дастдарозӣ кардӣ! Боз асаби ту хароб шуд? - Алёша мушташро гиреҳ карда чанд қадам ҷониби Дамир гузошт.
- Беақлӣ накун, ба як зарбаам тоб намеорӣ, - гуфт Дамир низ ба Алёша наздиктар шуда.
- Ҳой баҳодурон, - ин дам садои Алёна аз болохона баромад, - гуфтам, ки беморам, мемонед истироҳаткунӣ?
- Ту дар ҳамин ҷоӣ? - пурсид Алёша, - то ин дам мурда будӣ, ки овозат набаромад?
- Кӣ маро суроғ кард?
- Ҳама туро меҷӯянд. Фаро ин тараф, адабатро медиҳам.
- Болохонаро дида будӣ? - пурсид Дамир.
- Ман танҳо ҳуҷраашро дидам. Шаб шунидам, ки аз падарам суроғаи туро мепурсад, гумон кардам назди ту рафтааст.
Дамир ба Антон занг зад.
- Алёна ҳеҷ ҷо нарафтааст, дар болохона хобидааст.
- Чаро телефонаш хомӯш?
- Чаро телефонат хомӯш? - пурсид Дамир аз Алёна, ки аллакай дар паҳлӯяш қарор дошт.
- Ҳатто худам намедонам, ки телефонам дар куҷост.
- Ман бояд ба ферма баргардам, - гуфт Дамир ба гӯшак, - кор ниҳоят бисёр.
- То рафтанам мунтазир шав, имшаб Шазерзадро ҳам мебарам. Як-ду масъаларо бояд ҳаллу фасл кунем.
Дамир "хуб" гуфту телефонашро хомӯш кард.
Сипас ба Алёна нигарист.
- Сиҳат шудӣ? То ин дам хобидӣ?
- Шаб маро хоб набурд. Сарам дард мекард, ба болохона баромада сахт хобам бурдааст. Ҳавояш тоза, ҳаловатбахш...
- Чаро телефонро ҳамроҳат нагирифтӣ?
- Чӣ хел? Маъқул шуд ба зангҳо ҷавоб надодан? Чанд бор ба ту занг задам, чаро хомӯш будӣ?
- Ман мард, корам бисёр! Фурсати бо духтарҳо сӯҳбат карданро надорам.
Дамир аз дасти Алёна гирифт ва ба хона таклиф кард. Алёна ҳарорат дошт магар, ки гармии дастонаш ҳаловатбахш буданд. Ҳамроҳ ба ҳуҷраи Алёна ворид шуданд ва Алёна аз зери болиш телефонашро гирифта гиро кард.
- Дар куҷо будани телефонатро медонӣ, чаро хомӯш кардӣ?
Алёна нигоҳе ба долон карду бо овози пасти нимшунаво ба гӯши Дамир гуфт:
- Махсус.
- Махсуси ту имрӯз муомилаи ману падаратро хароб кард.
- Муомилаи ману падарам ҳам шаб хуб набуд. Ӯ намехоҳад, ки ману ту ҳамроҳ бошем. Сабаб дар эътиқод будааст. Оё ҳамин тавр?
- Антон дуруст мегӯяд.
- Агар ман духтари мусулмон мешудам, метавонистӣ бо ман оила барпо карда?
- Метавонистам. Аммо ин имкон надорад.
- Чаро?
- Ту пайрави кадом дин ҳастӣ?
- Намедонам. Мо боре номи ягон Худоро ёдовар нагаштаем.
- Худо ягона аст ва Аллоҳ ном дорад.
- Пас ман ҳам танҳо Аллоҳро мешиносам. Минбаъд ман духтари мусулмон ҳастам.
- Бо "ман мусулмон" гуфтанат мусалмон намешавӣ.
- Хуб, ту маро меомӯзонӣ.
- Маслиҳат мекунем. Беҳтараш ягон хӯрок паз, Шахерзад ҳам меояд.
- Дарвоқеъ, ман пухтани як навъ хӯрокро омӯхтам, ангуштонатро мелесӣ!
- Кӯмак лозим?
- Дар наздам бошӣ боз ширинтар мешавад.
Ҳарду ба ошхона гузаштанд. Аз рӯи тавсия хӯрок аз гӯшту картошкаву булғорӣ ва пиёз омода гардад. Қаламфур мувофиқи табъ.
- Қаламфур надорем, - дари яхдонро пӯшида гуфт Алёна, - ба мағоза меравӣ?
- Меравам, боз чӣ надорем?
- Ягон намуд шарбат хар, шарбати ширин, ки забони ҳамаро ширин кунад.
Дамир берун баромад, ки Алёша ҳанӯз дар гирди квадроцикл мечархад. Дамирро дида пурсид:
- Ба куҷо меравӣ?
- Ба мағоза.
- Ҳамроҳ меравем, - Алёша квадроциклро гиро карда ишора намуд, ки нишинад:
- Ту аз ман наранҷ, - гуфт ӯ, - Ман дар ҳақиқат асабонӣ шудам. Дидам, ки дар ҳуҷрааш нест, дарҳол ба падарам занг зада гуфтам, ки "Алёна ғайб задааст"
- Ту ҳам аз ман наранҷ, - гуфт Дамир, - агар гӯям, ки беақлу нодонӣ. Пеш аз занг задан як маротиба хонаҳоро давр зан, фарёд кун. Дар назди дугонаҳояш шарманда кардӣ.
- Ман рақами дугонаҳояшро надорам, ба касе занг назадаам. Дугонаҳояш аллакай медонанд, ки ӯ бо ту...
- Чӣ бо ман?
- Якдигарро дӯст медоред.
- Ту дар ҳақиқат беқлӣ! Ман хоҳаратро эҳтиром мекунам. Ту ба фарқи эҳтиром ва муҳаббат меравӣ?
- Эҳтиром дар сари зону намешавад. Чанд бор дидам, ки дар сари зонуят менишинад.
- Як бор дидӣ!
- Як бор дидам, нодидаам чанд бор бошад? Як бори дидаамро бар падарам гуфтам...
- Ту нодон не, ту ақлбохта ҳастӣ! Маслиҳат чӣ буд?
- Падарам ба ман телефони нав ваъда дод, натавонистам сирро махфӣ нигоҳ дошта.
... То омадани Антону Фараҳноз Дамиру Алёна мизро ба таври идона оро доданд. Ба машом бӯи гуворои хӯрок мерасид. Вале аз чӣ бошад, ки дили Дамир аз пешомади ногувор гувоҳӣ медод. Пештар рӯҳаш болида мегашт аз ҳамроҳнишастанҳо. Шояд барои ҳодисаи имрӯза Антон ҳамаро танбеҳ диҳад...
Равшании чароғи мошинро дида Алёна кӯдаквор хурсанд шуд ва ба пешвозаш давид. Дамир низ бо ҳамроҳии Алёша берун баромаданд. Алёна худро ба оғӯши падар андохт, аз хурсандӣ аз рухсораи падар чанд бӯса гирифт. Антон пакети дасташро ба Дамир доду Алёнаро сахт ба оғӯш кард.
- Имрӯз хушнуд метобӣ, - хандид Антон, - ё маро дар ҳақиқат пазмон шудӣ?
- Ман ҳамаро пазмон шудам, - гуфта Фараҳнозро низ ба оғӯш гирифт ва шояд бори аввал буд, ки аз рухсораи ӯ бӯса кард, - ба шарофати гирд омаданамон бароятон хӯроки лазизи фирмавии худамро пухтам.
- Ба ширин будани хӯрокат шубҳа надорам, - гуфта Антон ҳамаро ба хона таклиф кард.
Ошхона фазои идона дошт, гӯё ҳама ҳамдигарро пас аз солҳои тӯлонӣ бори аввал медиданд.
- Еленаро чаро ҳамроҳат наовардӣ, - пурсид Алёна, - ӯ низ аъзои оилаи мост.
- Кори муҳим дошт, - гуфт Антон.
- Кори муҳим дошт ё хоҳиши омаданро надошт?
- Кори муҳим дошт, духтарам, - Антон шишаи шароб, шампон ва тортро гирифта дар рӯи миз гузошт ва самти мавзӯъро дигар кард, - Дима имрӯз ба ман ҳамроҳ мешавад.
- Ман наменӯшам, - гуфт Дамир, - мусалмонҳо наменӯшанд.
- Мо мусалмон нестем, бинобар менӯшем, - гуфта Антон шишаи шампонро кушод.
- Ман ҳам наменӯшам, - гуфт Алёна, - ман ҳам мусалмон шудам.
Антон гоҳ ба Дамир ва гоҳ ба Алёна нигариста чизеро дарк кард ва даҳони шишаро гашта маҳкам намуд. Сипас қадаҳро бо шароб лаболаб карду дар як нафас дам кашид.
- Аммо ман мусулмон шуда наметавонам, - гуфт абрӯ турш карда.
Алёна табақи бодиринги шӯрро дар наздаш гузошт:
- Газак кун.
Антон донаи бодирингро ба даҳон бурд:
- Хӯш, гап зан, аз кӣ пинҳон шудӣ?
- Аз касе пинҳон нашудаам, - Алёна табассуми дилкаше кард, - шаб нахобидам, маро дарди сар ранҷ дод, дору хӯрдаму ба болохона баромадам.
Антон ба Алёша нигарист.
- Болохонаро хабар нагирифтӣ? - пурсид аз ӯ.
- Ман ҳуҷраашро дидам. Набуд. Баъд ба ту занг задам.
- Хайр, гузашт. Минбаъд эҳтиёткор бошед, - гуфта Антон боз қадаҳро лаболаб кард.
Алёна дар табақ хӯрокро овард ва дар мобайн гузошт.
- Марҳамат, ҳамла ба хӯрок!
Антон назаре ба табақ бурда:
- Аз афташ маълум, ки ниҳоят ширин аст. Дар ҳақиқат дасти пурҳунари пазандагӣ дорад духтари ман, - гуфт, - ту ҳар ҷавонро хушбахт карда метавонӣ!
Алёна "ташаккур" гуфту дар назди Дамир ҷо гирифт. Ҳарчанд Антон дар паҳлӯяш курсии холӣ дошт ва шояд умед ҳам мекард, ки Алёна дар бараш мешинад, аммо духтар "бехабар" аз нақшаҳои падар буд.
Антон дар қадаҳ тамоми шаробро холӣ кард ва аз ҷо бархоста сухан карданӣ буд, ки Алёна ӯро монеъ шуд.
- Ба фикрам барои имрӯз кифоя, аз меъёр зиёд шуд.
- Меъёрамро худам медонам, - гуфт Антон ва қадаҳро боло бардошт, - барои ҳамдигарфаҳмӣ!
Антон гӯшти калонро гирифта то даҳон бурд, равған аз гӯшт ба куртаи сафедаш чакид. Аммо ӯ аҳамияте надода ба хоидан сар кард.
Ҳама ба истеъмоли хӯрок пардохтанд, ҳама хомӯш, танҳо садои ба табақ бархӯрдани қошуқ ва чалап-чалапи лабҳои Антон ба гӯш мерасид. Шароб оҳиста таъсир мекард, инро ҳама аз симои сурхгаштаи Антон дарк мекарданд. Ниҳоят риштаи суханро боз Антон ба даст гирифт:
- Агар умумӣ карда гӯем, ман падари бад нестам... Ду фарзанди... чор фарзанди... зебо дорам. Танҳо муҳит... вазъият... Боз чӣ?... Ҷамъият... шароит... тақдир... намегузорад, ки худро ҳамчун... падари... боз чӣ гуфтан мехостам? Хулоса, ҳамааш хуб...!
Антон шишаи холигаштаро зери миз гузошту аз шампон ба қадаҳ рехт.
- Шояд кифоя бошад? - пурсид Алёна.
- Ин ба ҷои газак, Алёнкаи худам... Биё як бӯса гирам... чунон ба модарат монанд шудӣ, ки...
Алёна бархоста дастонашро аз паси гардани падар ҳалқа кард ва рӯяшро ба лабони падар наздик бурд. Аммо падар бӯсаро фаромӯш кард магар, ки суханашро идома дод:
- Вақте, ки ман ҷавон будам...
- Ту ҳоло ҳам ҷавонӣ, - мӯи падарро бо панҷаҳояш шона зада гуфт Алёна, - дили чанд духтари ҷавонро рабудаӣ.
- Вақте, ки ман... Ман ҳоло ҳам ҷавонам. Солҳои пеш... Шумо ҳанӯз дар дунё... табиат набудед... Танҳо ману модарат будем... Падарам буд... Модарам... буд. Хулоса... боз чӣ? Хулоса... Ҳамааш хуб!
Алёна дар вазъияти ногувор монд. Падар аз дасташ медошту раҳо намекард. Ҳарфҳои зиёди гуфтанӣ дошт, аммо талаффуз карда наметавонист. Ниҳоят рӯ ба Алёна карда пурсид:
- Ту хушбахт ҳастӣ?
- Албатта, падар. Шуморо дорам, Алёшаву Димаву Шахерзадро дорам.
- Еленаро дорӣ!
- Еленаро дорам.
- Сагро дорӣ... Канӣ Лайка? Лайка!
- Лайка дар деҳа-ку.
- Қариб фаромӯш кунам, модаркалон дорӣ...
- Дорам, падар, ҳамаашро дорам.
- Тӯҳфа... Маъқул шуд?
Нав ба хотири Алёна расид, ки Антон дина ба ӯ савғо оварда буд, ӯ ҳатто намедонад, ки дар дохилаш чист.
- Тӯҳфаи беҳтарин бароям ту ҳастӣ! Наздиктарин шахсе, ки дорам!
- Офарин! Ана барои ҳамин... суханҳои ширину гуворо... панҷоҳта...
Ин дафъа Алёна монеъ нашуд, балки худаш шампонро дар қадаҳ рехта дар дасти падар дод.
- Пас аз тановул... ба ту гап дорам... Ду дақиқа...
- Хуб, - гуфта Алёна дар ҷояш нишаст.
Табақ аллакай нима гашта, Фараҳноз лабонашро пок мекард. Алёша бо Дамир бо иштиҳо истеъмол мекарданд. Алёна дар қадаҳҳо шарбат рехт ва ба ҳама пешкаш кард. Антон низ қадаҳеро гирифта ба пуррагӣ нӯшид ва калавида аз ҷо бархост.
- Ман... каме бояд истироҳат кунам.
Антон ба ҳуҷраи худ гузашт ва дарро пӯшид. Фараҳноз ба Алёна нигарист. Ӯ ҳам дарк кард, ки вазъияти баамаломадаро касе мунтазир набуд.
- Куртааш ифлос шуд, - гуфт Фараҳноз, - бояд ягон куртаи сафедашро омода кунем. Пагоҳ нисфи рӯз маҷлис дорем.
(давом дорад)
Класро фаромуш накунед
Комментарии 9