КУҶОӢ?
Онҳо дӯстони наздик, ҳамрозу ҳамдарди ҳамдигар буданд. Яке оиладор, дигаре муҷаррад. Оиладорро ҳамеша ҳамсараш мепурсид. Агар ба хона дертар меомад хавотир шуда, зуд занг мезад ё паёмак мефиристод: Куҷоӣ? Чаро дер кардӣ?
Аммо мардро паёмакҳои ҳамсараш хурсанд намекард, баръакс асабӣ менамуд. Кам рух медод, ки ба паёмаки ӯ ҷавоб гардонад.
Рӯзе вай ба дӯсти муҷарадаш шикоят кард:
-Занам бо пайваста занг задану паёмак фиристоданаш ба ҷонам задааст. Бовар кун, куҷоӣ, чаро дер кардӣ гуфтанҳояш девонам кардааст.
Ӯ ҳамин гуна дарди дил мекард, ки ба телефони дӯсти муҷаррадаш иштибоҳан паёмаке омад: Куҷоӣ?
Дӯсташ паёмакро хонду ҳолаташ якбора тағйир ёфт. Дар чашмонаш шуълаи умеде па