Дидани дидори неки ақрабо онлайнӣ шуд.
Моҷарои хона кай монад дигар дар хонадон,
Ҳар куҷо дидем ҳалли моҷаро онлайнӣ шуд.
Табрикоти базму сӯру лаҳзаҳои неки умр,
Арзи ҳамдарди ба ҳангоми азо онлайнӣ шуд.
Ҳар ҷиноятро қазоват кард, носанҷида халқ,
Ҳам ҷинояткорро доду ҷазо онлайнӣ шуд.
Сӯҳбати ошиқу маъшуқ паҳн гашта, ҳар куҷо,
Ишқи бешармона, кори беҳаё онлайнӣ шуд.
Ҳар мариз аз сайтҳо дунболи дармони худ аст,
Тарғибу таблиғи дармону даво онлайнӣ шуд.
Асри хубе буд, асри бисту як аз ибтидо,
Оқибат маълум нест, чун даври мо онлайнӣ шуд.
Хуб шуд аз як ҷиҳат, аз як ҷиҳат бисёр бад,
Чун раво донистани ҳар нораво онлайнӣ шуд.
Ҳотамӣ поёни ин дунё чӣ бошад, хуб? бад?
Ман надонам шусту шӯйи ақлҳо онлайнӣ шуд.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев