Предыдущая публикация
Ту мехохи набиниям бирав ёдат ба хайр бошад.
То кай дунболагир созам туро дар ҷодаи ишқам,
Ту бо дигар будан хохи бирав ёдат ба хайр бошад.
На арзидам на арзидам туро боре насанҷидам,
Ҳамоно бо дигар дидам,бирав ёдат ба хайр бошад.
Ба дарду ранҷ по печон ду дида дам ба дам гирён,
Ба ту лоиқ набудам ман бирав ёдат ба хайр бошад.
Ба оғӯши дигар ту ҷойю манзил ёфтиву рафти,
Ба ту хурсанди мехохам бирав ёдат ба хайр бошад.
Кабутарвор ба парвоз шав ба осмон моху офтоб шав,
Ба ҳар мушкил ту таёр шав бирав ёдат ба хайр бошад.
Зи ҷисми ним тану ним ҷон чиҳо карди чӣ мондӣ ҳеҷ,
Ман аз дарду ситам мирам бирав ёдат ба хайр бошад....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3