•°`~•°`~•°`Хаста шуд.•°`~•°`~•°°
Ончунон ёдат намудам, ёд аз ман хаста шуд,
Олами фарёд бо фарёд аз ман хаста шуд.
•°`~•°`~•°`~•°`~•°`
Дар хаёли диданат дору мадорам даргузашт,
Оқибат ин фикри бе бунёд аз ман хаста шуд.
•°`~•°`~•°`~•°`~•°`
Мисли боде аз хиёбон то хиёбон сар задам,
Аз чунин беҳудагардӣ бод аз ман хаста шуд.
•°`~•°`~•°`~•°`~•°`
Чархи гардон як нафас комам надод, аз ҳасраташ,
Дод гуфтам, дод гуфтам, дод аз ман хаста шуд.
•°`~•°`~•°`~•°`~•°`
Ончунон дилбастаи шодиву ғамҳояш шудам,
Шод аз ман хаста шуд, ношод аз ман хаста шуд.
•°`~•°`~•°`~•°`~•°`
Номаам аз қиссаи Фарҳоду Ширин беш рафт,
Ёди Ширину дили Фарҳод аз ман хаста шуд.
•°`~•°`~•°`~•°~•°`
Дафтаре эҷод кардам дар ғазал бо номи ту,
Озарахшо, дафтари эҷод аз ман хаста шуд.
Комментарии 2
Ёди ту дар кафи ман ҳамчу асо хоҳад буд.
Ҳар чиро ман менависам ашк покаш мекунад.