Предыдущая публикация
Ки касе сонияе беш зи қисмат набарад.
Мо пасопеш ҳама омаду рафтан дорем,
Кас ба зар сонияеро зи аҷал паснахарад.
Дӯстон, қадри нафасҳои ҳисобӣ донед,
Ки чӣ сон, бо чӣ амал, бо чӣ касон мегузарад?
Ай хуш он сонияҳое, ки шавад сарф ба ишқ,
Чашми мо бар падару модари мо менигарад.
Ҷашн гирем ҳар он рӯз, ки дурем аз ғам,
Мурғи дил дар қафаси сина ба шодӣ бипарад.
Умри қиммат ба ҳадар, бехабарон, нафрӯшед!
Соатеро нагузоред, ки арзон гузарад!
Ҳотамӣ, умр чунон бар, ки пас аз хатми замон ,
Қалбат аз рӯйи пушаймонӣ кафанро надарад!
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев