Гиреҳ аз кори дили хун шуда во хоҳам кард
Дар диле нест нишоне зи вафо манҳам низ
Гар кунад умр вафо , тарки вафо хоҳам кард
Пойи як гул нанишинам ки чунин хор шавам
Баъд аз ин рақскунон кори сабо хоҳам кард
Ҳайф , одат ба вафо карда дили хун шудаам
В-ар на мегуфтам аз ин беш чиҳо хоҳам кард
На хато шуд ба Худо , то тану ҷонам бошад
Сабр бар ҷабру таҳаммул ба ҷафо хоҳам кард
Қимати ҳар гуҳари ашк яке бӯсаи туст
То нагӯи ки туро муфт раҳо хоҳам кард
Гар диҳад чарх ба ман навбате аз боди кашон
Ба Худо майкадае вақфи шумо хоҳам кард
Тавба кардам ки дигар тавбаи беҷо накунам
То бувад умр ба ин аҳд вафо хоҳам кард
Эй Имод аз шикани турраи ман шиква макун
Сабр кун як рӯз дарди ту даво хоҳам кард.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Бо дигарҳо чи қадар хуб будӣ,ман дидам.
Ту ҳамон барқаи бе қувваи нав мебошӣ,
Ки мани сода дар ин соати дил санҷидам.
Нури хуршед бувад рӯшании саҳфаи моҳ,
Ту қамар будию ман рӯшании хуршедам.
Вақте оина маро диду такон дар раҳ дод,
Аз худам аз амалу кори худам ранҷидам.
Ту маро дар нафаси хонаи ғам мондӣ, рафиқ,
Чӣ гунаҳ кардамат, эй ишқ бигӯ пурсидам?
Қолаби мотами ишқ аст, дар ин саҳнаи ғам,
Ошиқат будаму аз ҳарф задан шармидам.
Садаф аз қисмати ғам қисса дароз аст, магӯ,
Фасли наврӯз хазон кардӣ, туро бахшидам.
Битобам рух зи дунё сýи мехроб
Занам мехробро аз хар мижа об
Якин дон гиряи ошик зи шодист
Муродаш доимо дар номуродист
Дили зораш ба вакти гиря хандад
Гусасти тори васлаш боз бандад
Назад то шýъла хар чо оташи гарм
Дили оханнамое кай шавад нарм
Шавад аз сýзиши дил шамъ гирён
Надорад шýьлаи догаш гиребон
Ба рохаш шамъсон шав сар бурида
Зи сар то по равон кун оби дида
Санадосо ба нола сýхтан бош
Фигон карда чу булбул дар чаман бош
Чу сарв озод аз ин обу гил шав
Зи ранги хасти бигзар ахли дил шав
Мабин бар сурату шав ахли ботин
Ба ин иксир ин чо зар шав эй тин
Зи тасфи дил барорад байза шахбоз
Кунад дар ошёна курб парвоз
Надорад гуфтугýи дил нихоят
Хамон бех ки равам сýи хикоят .
Ишқу умеду хотиру армон, муваққатӣ.
Мо муслимем, муслими пироҳани сиёҳ,
Яъне тамоми арзиши имон, муваққатӣ.
Ҳаргиз масоз зиндагии хеш бо дурӯғ,
Фанду фиребу роз, ки пинҳон, муваққатӣ.
Ғамгин машав, замона гаҳе дард медиҳад,
Чашмони қаҳвагуни ту гирён, муваққатӣ.
Девона ҳоли қалби маро ханда карду гуфт:
"Ин панҷ соли рафтаӣ пазмон, муваққатӣ."
Ишқи ту нисбати Садафи мубталои худ,
Мисли тапидани дили инсон муваққатӣ.