Предыдущая публикация
Ба ман дил медиҳӣ рӯзе, ки дилдорӣ наметонам.
Диламро мебарӣ рӯзе, ки мушти оҳи афсӯс аст,
Ғамамро мехури рузе, ки ғамхори наметонам.
Ту гул мекорӣ фасле, ки замин барф асту яхбандон,
Мани бечора ҳам роҳи мададгорӣ наметонам.
Гулафшон мешавӣ вақте, ки ман бошам хазонафшон,
Сарафшон мешавӣ вақте, ки сархорӣ наметонам.
Ту ҷон мебахши он соат, ки ҷонам рафта аз қолаб,
Ба ғайр аз ҳасрати дуньё дигар коре наметонам.
Лоиқ Шералӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1