АЗ АЪЗОИ ГУРӮҲ ВА ХОНАНДАИ МО , НАСИМ ШОЕВ.......
Як ҷавони найнавоз будааст ...Дар гушаи шаҳр танҳои танҳо зиндагӣ мекардаст...дар ҳавлии хонаш гулҳои зиёде руида будааст... ҳар шом ҷавон назди тирезаи кушода нишаста бо ҳавас най менавохтааст...Як шом чун ҳарвақта бо ҳавас най менавохт аз дар духтаре ворид шуда , кунҷе то субх менишинад ва чун субҳ мешавад баромада меравад...
Ин воқеъа чанд вақт ҳамин гуна такрор мешавад ...шом духтар меояду саҳар меравад....хуллас ҷавон ба ин духтар дил мебандад ва ҳар шомро мунтазир мешавад ...инак шоме чун бо завқ най менавозад духтар омада бо шавқ гӯш мекунад ва чун субҳ наздик мешавад , духтар майли рафтан мекунад ва ҷавон давида монеъа мешавад ва аз у суроғаву шахсият мепурсад ва хоҳиш мекунад ки дигар наравад
Духтар мегуяд , ки :
" Ман яке аз гулҳои ҳамин боғам ва Худоро зора кардам , то инсон кунаду мусиқиатро гӯш кунам ва шарт ҳамин аст , ки то саҳар муҳлат дорам , яьне боз субҳ рафта гул мешавам ....Агар хоҳи минбаьд бо ту бошам рафта аз байни гулҳо бо як дидан маро биёбед , агар ёфтед , пас бо ту мемонам агар не дигар гул боқӣ мемонам...
Хуллас ҷавон розӣ шуда пас аз он ки духтар рафта гул мешавад хуб ба гулҳо назар мекунад ва ӯро меёбад...
Акнун бигуед , ки ҷавон чи тавр аз байни гулҳои якхелаю бисёр уро ёфт....???
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 39
Ба шӯхи
Вақте , ки садои най аз садои қалби ошиқ сарчашма мегирад , чи қадар навозиши хубе тавлид мешавад....Он гоҳ ҳама гулҳо ба рақс медароянд.....Пас ҷавон аз куҷо байни гулҳои якранг азизашро меёбад ?
Ками дигар фикр кунед....
Фикр кардан фоида дорад ....
Ҳофизаро мустаҳкам мекунад ва тез пиру фаромушхотир намешавед.....