Ҷавони фақире шефтаи духтари шоҳ мешавад ва дарди дили худро ба дӯсташ боз мекунад. Дӯсташ дасти онро гирифта назди шайхе мераванду аз вай маслиҳат мепурсанд.
Шайх мегӯяд: "-Дар фалон куҳ ғоре ҳаст ту ҳамонҷой рав ва дар муддати чил шабонарӯз "Оллоҳ-Оллоҳ-Оллоҳ" бигӯ. Иншоолоҳ ба васли ёр мерасӣ. "
- Дуруст - гуфт дӯсташ- ман худам чил шабонарӯз хӯроквориро таъмин мекунам. Ҷавон ба ғор рафта ва дар дохили он чил шабонарӯз "Оллоҳ-Оллоҳ -Оллоҳ " мегӯяд. Ба шоҳ хабар расид, ки шайхе дар фалон ғори мамлакатат шабу рӯз "Оллоҳ" мегӯяд. Хуб мешуд, ки онро ба дарборат даъват куни ва ҳамагуна хоҳиши вайро иҷро намоӣ.
- Чи кор кунам? - гуфт шоҳ.
Вазирон гуфтанд инчунин шахсон мансабпараст намешаванд. Беҳтараш вайро домоди худ кун. Шоҳ розӣ шуд ва бо тамоми аскараш назди ҳамон ғор рафт. Таъзимкунон вориди ғор шуд ва аз ҷавон хоҳиш намуд, ки духтари якаву ягонаи ӯро ба зани қабул кунад. Аммо ҷавон қабул накард. Дӯсташ гуфт.
- Магар мақсади ту чунин набуд? Пас барои чӣ рад мекунӣ?
Ҷавони ошиқ гуфт:
- Ман чил рӯз духтари шоҳ гуфта Оллоҳ гуфтам. Шоҳ таъзимкунон наздам омад. Агар Оллоҳ гуфта Оллоҳ мегуфтам чӣ мешуд?


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1