Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (Саломи Худо бар ишон бод) фармуд:
مَنْ طَلَبَ عِزّا بِظُلْمٍ وَ باطِلٍ أَوْرَثَهُ اللّهُ ذُلاًّ بِإِنْصافٍ وَ حَقٍّ
Ҳар кас иззатро бо зулм ва ботил (ноҳақ) талаб кунад ва бихоҳад, Худованд ба инсоф ва ҳақ зиллату хориро насибаш менамояд.
Шарҳи Наҳҷулбалоға (Ибни Абилҳадид) ҷ.20, саҳ.309, ривояти 536
Намунаи хеле ибратноки он фоҷеаи Карбало аст, ки дар 10 Муҳаррамулҳаром (моҳе, ки ҷанг дар он ҳаром аст, вале дар ҳамин моҳ сари имом Ҳусейн ибни Алӣ (Саломи Худо бар ишон бод) сарвари ҷавонони биҳиштро буриданд ва бар найза карданд ва шаҳр ба шаҳр гардонданд ва барои ин пирӯзӣ ҷашн гирифтанд) соли 61 ҳ.қ. яъне 50 сол баъд аз реҳлати Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (Салому салавоти Худо бар ишон ва хонадонаш бод) рух дод, мебошад. Язиди палид, ки ҳеҷ шоистагӣ ва ҳаққе барои хилофат ва ҳукумат бар мусулмононро надошт бо такя бар тахти бевафо ва зудгузари ҳукумат ба қимати шаҳид кардани имом Ҳусейн ибни Алӣ сарвари ҷавонони аҳли биҳишт ва маҳбуби Худо ва Расули Худо, пораи вуҷуди ҳазрати Алии Муртазо ва Фотимаи Заҳро (Саломи Худо бар ишон бод) хост ба иззат бирасад, вале то қиёмат ва дар қиёмат залилу хору расво ва шоистаи лаъну нафрин аст, аммо имом Ҳусейн, ки барои Худо ва дар роҳи ризои Худо зиндагӣ, қиём ва набард кард ва дар ин роҳ ҳамаи доштаҳояшро фидо кард ва зери суми асб ва бо сари бурида болои найза рафт, вале саодатманд ва мояи иззат ва муҳаббати ҳар ду олам шуд ва сазовори лутфу раҳмат ва дуруд инояти Худо ва Расули Худо ва дуои муъминони ростин шуд.
Салом бар имом Ҳусейн! Салом бар Алӣ ибни Ҳусейн! Салом бар фарзандони Ҳусейн! Салом бар ёрони бовафои Ҳусейн!
Имшаб ... фардо ...
Имшаб азизи Фотима меҳмони хоҳар мешавад
Фардо миёни қатлгаҳ дар хун шиновар мешавад
Имшаб даруни хаймагаҳ дорад ҳазорон гуфтугӯ
Фардо дар ин саҳро сараш дилдори ханҷар мешавад
Имшаб ба саққо бас сухан гӯяд зи сӯзи ташнагӣ
Фардо тамоми боғи ӯ лабташна пар-пар мешавад
Имшаб чу шамъи пуршарар то субҳ месӯзд, вале
Фардо зи ҷаври Куфиён бе Авну Ҷаъфар мешавад
Имшаб ҳама парвонаҳо атрофи ӯ пур мезананд
Фардо фидои роҳи ҳақ бешир Асғар мешавад
Имшаб ятими Муҷтабо бинҳода сар дӯши амӯ
Фардо зи суми асбҳо садпора пайкар мешавад
Имшаб тамоми дидаҳо бехобу дар ҳоли дуо
Фардо намози зуҳр бин Аллоҳу акбар мешавад
Имшаб муноҷоти Ҳусейн то арши аъло меравад
Фардо сараш аз тан ҷудо меҳмони модар мешавад
Имшаб кунад Зайнаб дуо ҳаргиз нагардад субҳдам
Фардо зи ҷаври хасми дун беёру ёвар мешавад
Имшаб зи рози дашти хун Зайнаб ҳикоят мекунад
Фардо канори Алқама ӯ бебародар мешавад
Имшаб барои рӯзи нав дар каф намонда чорааш
Фардо сари ҷонон ҷудо аз теғу ханҷар мешавад
Ҳабибуллоҳ Муваҳҳид
Ингуна бошед!
Имом Ҷаъфари Содиқ (Саломи Худо бар ишон бод) ба шогирдон ва пайравони худ фармуд:
Мабодо коре кунед, ки моро ба хотири он сарзаниш кунанд! Ҳамоно ба хотири кирдори фарзанди бад, падараш сарзаниш мешавад! Барои касе, ки ба ӯ дил супоридаед (пешвои ҳақ) зинат бошед ва барои ӯ мояи нанг ва ор набошед! Дар ҷамоатҳои онон (мусулмонон бо мазҳабҳои дигар) (ширкат кунед ва) намоз бихонед ва беморонашонро хабар гиред ва дар маросими мурдаҳояшон ҳозир шавед ва дар ҳар кори хайре пешӣ гиред, ки шумо ба он (хайр) сазовортаред.
Кофӣ, ҷ.2, саҳ. 219
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев