Дар сӯги раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳид оятуллоҳ сайид Иброҳими Раисӣ
Роздорони ҷаҳон ҳайрон зи рози чархбол
Ҷон ҷигарсӯз асту захмин инқирози чархбол
Дар сукути чархбол афтод олам дар сукут
Дошт пайки рушдҳо умри дарози чархбол
Куракистон гашт дунё аз гумон аз шубҳаҳо
Ашки чашмон рехт тезии пиёзи чархбол
Аз баландиҳо фитоданд ашрафони сарбаланд
Сарбаландиҳост дар шебу фарози чархбол
Дар фарози кӯҳҳо, дар ҷонамози кӯҳҳо
Хостанҳо аз Худо дорад намози чархбол
Марги нуҳ иронӣ орад бар ҷаҳон тӯфони Нӯҳ
Тарсам аз фарҷоми талхи эътирози чархбол
Ҷисми Эронро зи Озарбойҷон оташ заданд
Ҳикмати сабзи Раисӣ дар баёзи чархбол
Хуни дил, пайдо - ниҳон бошад қабат андар қабат
Рози талхи са
  • Класс
Бибор, эй ашк, дар фуқдону ҳиҷрон!
Сари куҳ аст, бин, парвози ёрон!
Ба суги бандагони солеҳи ҳақ
Ба ёди аҳли имон, марди майдон!
С. Маъниддин
  • Класс
Дар сӯги раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳид сайид Иброҳими Раисӣ
Раисӣ пар кашида сӯи ҷонон
Мусибатдида аст, имрӯз Эрон
Ба сугаш ҷумла олам гашта маҳзун
Басе хунинҷигар тоҷику афғон
Чӣ неку бандаи Парвардигораш
Саранҷомаш наку бинмуд Яздон
Шаҳодат бар шумо, бодо муборак
Шафоатхоҳ чашму ашки ёрон
Барои сайиди мазлуму ёрон
Бихоҳем аз Худо ғуфрону ризвон!
Саломиддин Маъниддин
در سوگ رئیس‌جمهور جمهوری اسلامی ایران شهید سید ابراهیم رئیسی
رئیسی پر کشیده سوی جانان
مصیبت‌دیده است، امروز ایران
به سوگش جمله عالم گشته محزون
بسی خونین جگر تاجیک و افغان
چه نیکو بنده پروردگارش
سرانجامش نکو بنمود یزدان
وزیر او حسین با شهامت
امیر دیپلماسی، مرد میدان
شهادت بر شما، بادا مبارک
شفاعت‌خواه چشم و
  • Класс
Бубин хидматгузоре кард холӣ
Сари курсиву унвони хаёлӣ
Чу ишқаш хидмати халқи Худо буд
Худо бахшид ӯро ҷои олӣ!
С. Маъниддин
ببین خذمتگزاری کرد خالی
سر کرسی و عنوان خیالی
چو عشقش خدمت خلق خدا بود
خدا بخشید اورا جای عالی
سلام الدین معنی الدین
  • Класс
Ҳар чи садо кардем: “Иброҳим!“
Исми ту ҳатто барнагашт аз кӯҳ
Он қадр рӯҳат беқарорӣ кард
Ҷисми ту ҳатто барнагашт аз кӯҳ
Урдибиҳишт урдиҷаҳаннам шуд
Ҳар сафҳаи тақвимро сӯзонд
Ин бор оташ сард шуд, аммо
Вақте ки Иброҳимро сӯзонд
Гаштем дунболи пару болат
Гуфтанд: Дигар во нахоҳад шуд
Ҷуз болгарди сӯхтае чизе
Пайдо нашуд, пайдо нахоҳад шуд
Ту кӯҳи дарде будиву рафтӣ
Эй кӯҳи дард, эй кош баргардӣ
Он болгард, эй кош баргардад
Бо болгард, эй кош баргардӣ
Чашминтизори диданат гаштанд
Ҳатто шаҳидони худоӣ ҳам
Он сӯ “Биҳиштӣ“ беқарори ту
Он сӯтар ингор “Раҷоӣ“ ҳам
Ин миллати дардошно, дирӯз
Дар шодиву ғам интихобат кард
Эй интихоби мардуми Эрон!
Ҳоло Худо ҳам интихобат кард
Ризо Яздонӣ
  • Класс
Дар сӯгвории раисҷумҳури Эрон сайид Иброҳими Раисӣ
Исбот раҳи роҳбарӣ кардию рафтӣ,
Умрат пайи хидмат сипарӣ кардию рафтӣ.
Ҳам донишу ҳам ҷуръати бисёр, ки будат,
Бегоҳии ҳастӣ саҳарӣ кардию рафтӣ.
Халқ аст сағиру падари хуб кабир аст,
Бар гулписаронат падарӣ кардию рафтӣ.
Дар фикри барӯмандии ҳамреша фитодӣ,
Ҷаҳди раҳи пур аз самарӣ кардаию рафтӣ.
Аз порсиён дар ҳама ҷо қисса бигуфтӣ,
Бедортар он хуфтадарӣ кардию рафтӣ.
Амнияти тоҷик ҳам амнияти мо аст,
Дар маърака ҳарфи ҷигарӣ кардию рафтӣ.
Осудагӣ аз олами пуршӯр надидӣ,
Огаҳ зи зи раҳи пурхатарӣ кардию рафтӣ.
Ҳарфи баду нек аз варақи чашм, ки хоност,
Андешаи худро башарӣ кардию рафтӣ.
Дар мотами ту ҳалқаи андӯҳ гирифтанд,
Мағлуб
  • Класс
Исмоил Зарифӣ шоири тоҷик дар расои Оятуллоҳ Раисӣ суруд:
Набудам арчӣ меҳмони Раисӣ,
Набиншастам сари хони Раисӣ.
Вале гирям чу абри навбаҳорон,
Чу Эрон дар ғами ҷони Раисӣ.
  • Класс
انا لله و انا الیه راجعون
Ба дурустӣ, ки ҳама аз Худоем ва ҳатман ба сӯи ӯ бозмегардем
Шаҳодати мазлумонаи раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ сайид Иброҳими Раисӣ ва ҷамъи ҳамроҳашро ба миллати муҷоҳиду муқовими Эрони исломӣ, ҷабҳаи муқовимати исломӣ, ҳамаи мусулмонон ва озодагони ҷаҳон таслият мегӯем!
Худоё, ин ҷамъи хидматгузор ва хори чашми душманони аҳли ҳақро бо анбиё ва авлиёат дар фирдавси барин маҳшур гардон!
Шаҳодат ҳунари мардони мухлиси Худост!
Шаҳодататон муборак бод!
  • Класс
Муқоисаи вазъи минтақаи Ғаззаи Фаластин
00:16
Ғазза - Фаластин
144 просмотра
Показать ещё