Ҷамъ кардани муй дар болои сар низ масоиле аст, ки байни уламо ихтилофи назар вуҷуд дорад. Баъзе аз уламо ин амалро ҳаром гуфтаанд. Далели эшон ҳадиси Паёмбар алайҳиссалом аст, ки мегуянд:”Ду тоифа аз аҳли дузах аст, ки онҳоро ман дар замони худ надидаам.. якеи онҳо: занҳои либосдори бараҳна (Яъне баъзе аз баданаш пушидааст ва баъзеи дигараш бараҳна, ё дар бадан либоси тунуку танг доранд) Дилҳои мардумро ба фаҳшо ҷазб мекунанд ва худ моил ба иртикоби зино ва асбоби он ҳастанд. Сарҳои онҳо мисли куҳони уштур аст. Ин тоифа занҳо дохили ҷаннат намешаванд ва буи онро намеёбанд, дар ҳоле, ки буйи ҷаннат аз масофаи чандин солина роҳ ба машом мерасад. ” Ривояти Муслим. Муҳаммад тақийи усмонӣ дар шарҳи ин ҳадис мегуяд:”Дар замони мо занҳое зоҳир шудаанд, ки муйҳои дарози худро ба қафояшон ё дар болои сарашон мисли куҳони уштур, ҷамъ мекунанд, гуё Паёмбар алайҳисалом сарҳои онҳоро ба куҳони уштур ташбиҳ карда бошанд. Ин аз муъҷизоти Паёмбар алайҳиссалом ба шумор меравад. Зеро ончи аз амали ин занҳо Паёмбар алайҳиссалом қабл аз 14 қарн хабар дода буд, ба вуқуъ пайваст.” Фатҳул мулҳим, 10: 174.
Аммо иддаи дигар аз олимон ҷамъ кардани муйро дар боли сар ҷоиз гуфтаанд ва аз ҳадиси дар боло зикр шуда ҷавоб додаанд, ки маънои сухани Паёмбар алайҳиссалом, ки гуфтанд:”Сарҳои онҳо мисли куҳони уштур аст” Яъне он занҳо бо бастани руймолҳо ва васл кардани муйҳо сари худро бузург мекунанд то мисли куҳони уштур баланд шавад. Аммо агар танҳо муйи худро бар болои сар ҷамъ кунанд пас ҷоиз аст. Вале қавли аҳват қавли аввал аст, ки ҷамъ кадани муй дар боли сар ҷоиз нест.
ҲУКМИ РАНГ КАРДАНИ МУЙИ САР
Ранг кардани муй барои зан бо ҳар ранг ҷоиз аст. Танҳо дар ранги сиёҳ байни уламо ихтилоф аст. Баъзе аз уламо ранг кардани муйро бо ранги сиёҳ барои зан ноҷоиз гуфтаанд. Зеро дар аҳодис наҳй мутлақ ворид шудааст. Дар ҳадис омадааст, ки Абуқуҳофа падари ҳазрати Абубакрро (р) назди Паёмбар алайҳиссалом оварданд, дар ҳоле, ки ришу муяш сафед буд. Паёмбар алайҳиссалом гуфтанд:”Сафедии ришу муйи уро бо ранге тағйир диҳед, вале ранги сиёҳ истифода набаред.” Ривояти Муслим. Аммо иддаи дигар аз олимон мисли Қатода ва Исҳоқ ибни Роҳавайҳ ранг кардани муйро барои занон бо ранги сиёҳ барои зинат ҷоиз гуфтаанд ва аҳодисе, ки дар наҳй аз истифодаи ранги сиёҳ омадааст, ҳамл ба мардон кардаанд. Аллома Худоназар аз уламои ҳанафи мазҳаби зоҳидон дар “Маҳмудул фатово” ( 4: 210) мегуяд:”Аммо амали ранг кардани муй барои занон мутлақан ҷоиз аст, ҳар ранге бошад, хоҳ тиллои бошад ё ҳинои ва ё сиёҳ. Зеро ранг кардани муй зинат аст ва зинат барои занон матлуб ва писандида аст.”
Масъала: Ҳукми истифодаи рангҳое, ки мониъи расидани об ба муй шавад:
Агар ранг ҷирм дошта бошад, ки болои муйро бипушонад ва мониъи расидани об ба муй шавад пас истифодаи чунин ранг ҷоиз нест. Зеро таҳорат ва ғусл дуруст намешавад. Вале агар зан чунин рангро дар ҳолати одати моҳонааш, ки намоз намегузорад, истифода барад пас ҷоиз аст. Аммо агар ранг ҷирм надошта бошад ва мониъи расидани об ба муй набошад пас истифодаи он дар ҳама ҳолат ҷоиз аст.
ҲУКМИ ЧИДАНИ АБРУ
Чидани абру ба иттифоқи уламо барои зану мард ҳаром аст. Дар аҳодиси саҳеҳ аз ин амал наҳйи шадид ворид шудааст. Паёмбар алайҳиссалом мегуянд:” Худо лаънат кунад холкубанда ва онки холкуби кунад ва муй чинанда ва онки муйи дигариро чинад ва он зане, ки барои зебои байни дандонҳои худ фосила андозад ва он заноне, ки дар хилқати Худо тағйирот ворид мекунанд.” Ривояти Бухорӣ ва Муслим. Иллати таҳрими чидани абру бинобар қавли саҳеҳ дар тағйир додани хилқати Худо аст ҳамчуноне, ки дар охири ҳадис баён шудааст. Муҳаммад тақийи усмони дар шарҳи ин ҳадис мегуяд:”Чидани абру ба насси ин ҳадис ҳаром аст.” Фатҳул мулҳим, 10: 168.
Аммо маънои “намс” яъне чидан пас баъзе уламо онро ба чидани муйи ру хосс кардаанд. Вале иддаи дигар аз уламо “намс”ро хосс ба чидани абрувон кардаанд. Абудовуд баъди ривояти ҳадиси боло мегуяд:”Номиса яъне зане, ки абруяшро мечинад то борик шавад.” Инчунин Ибни Ҳумом дар “Фатҳулқадир” (6: 88) намсро ба маънои чидани абру шарҳ додааст. Шояд қавли роҷиҳ ҳамин бошад. Зеро дар ривояти Абдурраззоқ дар “Мусаннаф” омадааст ,ки як зане назди ҳазрати Оиша (р) омада гуфт: дар руйи ман муй баромада аст, оё ҷоиз аст ман он муйҳоро чинам то худамро назди шавҳарам зебо кунам? Ҳазрати Оиша ба у гуфтанд: “Аз худат чизҳои нописандро дур бикун ва барои шавҳарат худро зинат бидеҳ.” Ин ривоят далолат мекунад, ки ҳазрати Оиша (р) чидани муйи руйро ҷоиз медонанд ва онро дар “намс” дохил накардаанд ва “намс” хосси абрувон аст. Аз ин гуфтаҳои боло дар мавриди маънои “намс” масъали дигар низ равшан шуд ва он:
МАСЪАЛАИ ЧИДАНИ МУЙИ РУЙ БАРОИ ЗАНОН:
Дар “Раддул муҳтор” (5: 64) омадааст:”Дур кардани муй аз руй ҳаром аст, магар ҳаргоҳ дар руйи зан риш ё муйлаб бируяд пас дар ин ҳолат дур кардани он ҳаром нест, балки мустаҳабб аст.” Инчунин Муҳаммад тақийи усмони дар “Фатҳул мулҳим” (10: 168) мегуяд:”Аммо агар дар руйи зан риш ё муйлаб бируяд пас гирифтани он назди ҳанафиҳо ва шофиъиҳо ҳалол аст.”
ҲУКМИ ЧИДАНИ АБРУВОНИ ҒАФС
Агар абрувон ба ҳадде ғафс ё дароз бошад, ки аз ҳадди табиъӣ берун бошад, пас чидани он то баргардонидани абрувон ба ҳадди маъмулӣ ҷоиз аст. Зеро аз боби изолаи айб аст ва дур кардани айб ҷоиз аст. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, Паёмбар алайҳиссалом барои Ирфиҷа Ибни Саъд иҷоза дод то бинаашро, ки дар ҷанг бурида шуда буд, аз тилло бисозад. Ривояти Тирмизӣ. Маълум аст, ки истифодаи тилло барои мардон ҳаром аст, вале Паёмбар алайҳиссалом барои дур кардани айб барои ин саҳоби иҷоза доданд, ки биниашро аз тилло бисозад. Аммо агар абрувон ба ҳадди табиъи бошанд пас чидани он ҳаром аст. Ба “Маҳмудулфатово” (4: 315) муроҷаъа шавад.
ҲУКМИ ЧИДАНИ МУЙЕ, КИ ДАР БАЙНИ АБРУВОН АСТ
Уламо дар масъалаи чидани муйе, ки байни абрувон ва болои бини ҳаст ихтилоф кардаанд. Сабаби ихтилофи эшон дар инаст, ки оё ин муй дар ҳукми абрувон дохил аст ё на? Касоне, ки ин муйро дар абрувон дохил кардаанд чидани онро ҷоиз намедонанд. Аммо касоне, ки ин муйро дар абру дохил накардаанд чидани онро ҷоиз медонад. Далели ин даста олимон инаст, ки “Ҳоҷиб” (Абру) дар луғати араб ба он устухону гушту муйе гуфта мешавад, ки дар болои чашмон қарор дорад. Ин чунин асли номгузории абру дар забони араб бо лафзи “Ҳоҷиб” дар инаст, ки ҳоҷибайн яъне абрувон равшании офтоб ва арақро аз ҷашм боз медорад. Аз ҷумла олимоне, ки муйи байни абрувонро аз абру намедонанд ва чидани онро ҷоиз мешуморанд, лаҷнаи доимаи ифтои Саъуди аст. Фатовои лаҷнаи доима, 5: 197. Аммо қавли аввал аҳват аст.
ҲУКМИ ТАРОШИДАН Ё КУТОҲ КАРДАНИ АБРУВОН
Тавре дар боло зикр кардем иллати таҳрими чидани абру дар тағйир додани хилқати Худо аст. Пас бинобар қавли саҳеҳ тарошидан ва тунук кардани абрувон бо қайчи ҷоиз нест. Зеро иллати тағйири хилқати Худо дар ин амал низ зоҳир аст. Дар “Маҳмудул фатово” (4: 319) низ ноҷоиз будани ин масъаларо зикр кардааст.
ҲУКМИ РАНГ КАРДАНИ АБРУВОН
Ранг кардани абрувон се ҳолат дорад:
1 Ранг кардани абрувон бо ранге, ки мувофиқи ранги муйи абрувон аст. Мисли усма. Ин навъ ранг кардан ҷоиз аст. Зеро дар ин амал чидани абру ва ё тағйир додани хилқати Худо дида намешавад. Балки ин амал зинат аст ва зинат тавре дар боло зикр кардем барои зан матлуб аст.
2 Ранг кардани боло ва поёни абру бо ранге, ки мушобиҳ бо ранги пуст аст то абрувон борик намоён шаванд.
3 Ранг кардани тамоми абрувон бо ранги пуст ва бо қалам абруи борик кашидан дар болои он.
Дар ин ду масъала уламои муосир ихтилофи назар доранд. Баъзе аз уламо ин амалро ноҷоиз шумурдаанд. Зеро ба гуфтаи онҳо ин амал тағйири хилқати Худовандӣ аст. Аммо назди иддаи дигар аз олимон мисли Ибни Усаймин (р) ранг кардани абрувон бо чунин ранг ҷоиз аст. Зеро Асл дар зинати зан ибоҳат аст. Инчунин ба гуфтаи онҳо дар ин амал чидани абру ё тағйири хилқати Худо дида намешавад. Дар охир бояд хотиррасон кард, ки зинат додани зан худро бо ин зинатҳо танҳо назди шавҳар ва маҳорими зан ва ё занҳо ҷоиз аст. Аммо зоҳир шудани зан бо чунин зинат берун аз хона дар кучау бозорҳо ҷоиз нест.
ҲУКМИ МИЖАҲОИ МАСНУЪӢ
Ин масъала мисли масъалаи васл кардани муй аст. Пас агар мижгонҳои маснуъи аз муйи инсон сохта шуда бошад, истифодаи он ба иттифоқи олимон ҷоиз нест. Аммо агар аз ғайри муйи одамӣ сохта шуда бошад пас уламо ихтилоф кардаанд. Баъзе аз уламо гузоштани мижаҳои маснуъиро ноҷоиз шуморидаанд ва ин амалро дар аҳодиси васли муй ва тағйири хилқати Худо дохил кардаанд. Аммо иддаи дигар аз олимон гузоштани мижаҳои маснуъиро ҷоиз донистаанд. Зеро асл дар зинат ибоҳат аст. Аз далелҳои асҳоби қавли аввал чунин ҷавоб додаанд: Аҳодисе, ки аз васл кардани муй наҳй мекунад мақсад аз он муйи одмӣ аст. Инчунин дар гузоштани мижаҳои маснуъи тағйири доимӣи хилқати Худованди дида намешавад. Зеро он тағйире, ки Худоу Паёмбар алайҳиссалом аз он наҳй кардаанд инаст, ки инсон дар баданаш амале анҷом диҳад, ки хилқати уро тағйири доиммӣ диҳад. Мисли холкубӣ. Аммо тағйире, ки муваққати бошад ва доимӣ набошад мисли сурма кардани чашм ва ранг кардани муй пас дар наҳй дохил намешавад. Ба ин нукта Қуртуби дар тафсираш (5: 392) ва Муҳаммад тақийи усмонӣ дар “Фатҳул мулҳим” (10: 169) ишора кардаанд. Шояд қавли роҷиҳ ҳамин қавл бошад. Аммо агар мижаҳои зан ба сабаби беморӣ ё ба сабаби сухтан аз байн рафта бошад пас дар ин ҳолат ба иттифоқ истиофодаи мижаҳои маснуъи ҷоиз аст. Зеро истифода бурдани он дар ин ҳолат аз боби изола ва дур кардани айб аст.
ҲУКМИ ИСТИФОДА БУРДАНИ АДАВОТИ ЗИНАТИ МУОСИР(КОСМЕТИКА)
Истиъмоли чунин зинат барои зан дар назди шавҳар ё маҳориму занҳо ҷоиз аст. Зеро асл дар зинат ибоҳат аст. Аммо бо чунин зинат баромадан ба назди мардони бегона пас ҷоиз нест
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
https://spcs.me/files/view/99_Номои_Алло.ver.3.3.3.build.4-76162224/?Li=7820625&Lii=76162224&Link_id=973884&Lt=1&Sn=1&name=id28666283