мехоҳам як нуқтаро арз фармоям. Зеро донистани ин каломот ва ҳазар аз ин калимот зарурист барои ҳар мусалмони ҳақиқи. Ва аз шумо хоҳиш мекунам фикри худро ба ин гуфта баён созед... Ба нафаре гуфта шуд ки аз Аллоҳ битар суханҳои фаҳшо ва расмҳои хоҳарони диниат ки ба ту эътимод доранд ба сомонаҳои интернети напарто ва бародарони диниатро ба фаҳшо махон. Аммо дар ҷавоб шунида шуд ки настренима нагрезун.... Мо бо ин нафар суҳбати телефони доштем у бошад баъди гуфтани ин калимот, ( настренима нагрезун) телефонро қатъ намуд. Оё он Аллоҳе ки ин қадар боазаматаст лоиқи ин калимот ҳаст? Оё ҳангоми гуфтани ин калима ақли одам куҷо буд? Дар воқеъ он Аллоҳе ки моро чунин мақоми бузург дод сухани у аз у тарсидан барои мо чи аҳамияте дорад? Эй бародарон фикр кунед!!! Моро ки офарид?! Барои чи офарид!? Ва ки моро изат дод!? Мақоми моро болотар аз фариштагон Аллоҳ гардонит. Одамиро халифаи руи замин офарид. Оё Ун Офаридгор лоиқи ин калимот аст?Наход ки тарси аз Аллоҳ натрени моро гурезонат? Тарси аз Холиқамон. Аслат аз қатра мани лоиқи ту нест мани. Аз роҳи бавл шуди кибру манманиҳо чи куни? !!! Шайтона Аллоҳ ба хотири як хатош ронда гардонид. Мо ки сар то ба пому хатоҳай ҳолму чи мешава?!! Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с а в ) фармуданд: Агар касе касеро ба суйи ҳидоят даъват кунад ба андозаи подоши Касоне ки Уро пайрави менамоянд бидуни ин ки аз подоши Онҳо чизе коста шавад аҹру подош меёбад , ҳамчунин агар касе мардумро ба суйи гумроҳи фаро хонад ба андозаи гуноҳи касоне ки уро пайрави мекунанд бидуни ин ки аз гуноҳи онҳо чизе коста шавад гунаҳгор мегардад ." ( Муслим).. Худта эй инсон гунаҳгор ку мекни боз чаро дигаронро шарик месози?! Ҳазрати Умар ки монандаш то имруз Аллоҳ халқ накардааст чунон ҷасур тавонгар қавий ва зирак буд. Мегуяд вақте ман каҷ шавам касе ҳаст ки маро рост кунад? Ҳузайфа соҳиби сирри Расулаллоҳ с а в мегуяд:- Эй Умар огоҳ бош ҳар оина агар ту қаҷ шави ман бо шамшерам ростат хоҳам кард. ҳ. Умар чунон хушҳол мегардад ки нафаре ҳаст ки агар ман қаҷ шавам ростам мекунад. Аммо бародарон агар касе ба мо гуяд фалонро кун савоб аст ё фалон накун гуноҳаст мо мегуем корат набошад мо худамон медонем чи кор кунем ва ё ин ки мегуем аввал худат ва оилаи худатро ислоҳ кун. Агар ҳидоят аз ҷониби мардум мешуд ҳар оина ҳазрати Нуҳ писарашро ҳидоят менамуд. Хонаводае ки гуш намекунад чи кор мекуни ҳидоят ки нест... Охир Паямбар с а в мегуяд нигаред чи мегуяд нанигаред ки мегуяд. Сухане ки ба манфиататон аст агар аз яҳуду насоро ҳам шунидед истифода баред агар бар зараратон аст таркаш созед. ва агар сухане аз мусалмоне шунидед ки бар зараратон бошад пас онро анҷом надиҳед. Фирефтаи намозу рузаи баъзеҳо нагардед. Мунофиқин ҳам намоз мегузошта боз бо ҷамоат аммо мунофик будан дилҳояшон фақад фасод мехост. Бинобар ин Аллоҳ онҳоро лаънат кард... Дидори чеҳраи зане барои ту арзизаш бештар аст ё дидори чеҳраи нуронииАллоҳе ки ун зана офарид!!? Аслан ки қобили муқоиса нест?!! Зане ки мебиниш ва ҳушу ҳавосат ба суяш мешавад фикри инро намекуни ки Оаридгори ин чеҳра чи гуна бошад?!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев