----------------
Устоди беҳтаринанд, устод Абдусаттор,
Бо лафзи шаккаринанд, устод Абдусаттор.
Як соате нишинӣ, дар дарси ин муаллим,
Донӣ, ки бартаринанд, устод Абдусаттор.
Марде, банангу боор, аз зодагони кӯҳсор,
Дар байни настаринанд, устод Абдусаттор.
Пайванди пири Понғоз, он Маъдани суханбоз,
Шамсанду ахтаринанд, устод Абдусаттор.
Деҳқону боғбонанд, донандаи забонанд,
Чун ҷадди худ баринанд, устод Абдусаттор.
Монанди андалебанд, дар Гулшани гулафшон,
Бо боғи анбаринанд, устод Абдусаттор.
Байте барояд аз дил, боланд ҳамчунонам,
Он дам ба офаринанд, устод Абдусаттор.
Карда тавофи Каъба, ин Ҳоҷии суханвар,
Дар ҷаннати баринанд, устод Абдусаттор.
Мақсудалии шогирд, гӯяд муборак ин ид,
Бо ӯ чунон қаринанд, устод Абдусаттор.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Сад сол бизиед саду си сол бизиед . . .