Сина пур аз дард аз кирдори беоре бишуд,
Дил зи кори нокасе ранҷид, хуншоре бишуд,
Чашми сар номардумонро дида, беморе бишуд,
"Он киро афтод кораш, ӯ ба ман ёре бишуд,
Доманам бомеҳр бигрифта, чу ғамхоре бишуд".
Гуфт: "Ҳар ҷое, ки бошӣ, бар тани ту ҷавшанам,
Садқаи номи азизи туст ин ҷону танам,
Бӯса бар хоки раҳат, ар лозим ояд, мезанам",
"Пеши поям сар бимонду гуфт: "Дар хидмат манам...",
Гӯӣ бар ман ёвару беҳин мададгоре бишуд".
Дар хушомадгӯӣ дорад бо худ олӣ маълумот,
Кард бо лофу газофаш иддаеро банду мот,
Буд ҳаме аз кори неку номи некам дар сифот,
"Бо тамаллуқ дар сари ҳар гом кард ӯ илтифот,
Ҷой дар қалбам гирифту чун вафодоре бишуд".
Чун шикамро сер бинмуд, аз дари ман зу(д) бирафт,
Оташаш афрӯхтам, аммо ба сони ду(д) бирафт,
Кисахолӣ омаду ҳамёни зар бо худ бирафт,
"Чун хараш аз лой бигзашт, он рафиқ аз худ бирафт,
Шуд маро хасму ба ман мӯҷиби озоре бишуд".
Бо сари хам омад, аммо гашт аз баҳрам бахил,
Ҷомаи нав дар бару берун намуд олудагил,
Ғайбаташро чун шунидам, дил бишуд аз он хиҷил,
"Гарчи дасти ёрӣ бар ӯ додаам аз сидқи дил,
Сӯги ман он бевафо бо ҷон харидоре бишуд".
Даст додам носипосеро ба расми бандагӣ,
Менадонистам, ки рӯзе мекунад шармандагӣ,
Бин, ба нокас некӣ кардам, кард бар ман гандагӣ,
"Гарчи роҳашро мунаввар сохтам дар зиндагӣ,
Чоҳ бар ман канду андар пои ман хоре бишуд".
Марду номарде бидидам зери ин чархи кабуд,
Дида ҳар як нокасӣ, озурда гардидам ба худ,
Одами рӯбаҳмизоҷе беш андар гетӣ буд,
"Чун вафодоре агарчи хеш бар ман вонамуд,
Он "вафодор" оқибат хасми ҷафокоре бишуд".
Ноҷавонмардии он захме даруни сина монд,
Бевафоро бин, накӯиҳои мо ҳаргиз нахонд,
Байни ёрон риштаи меҳру вафоро барканонд,
"Ёварии ман варо аз сахтиву хорӣ раҳонд,
Кирду кори ӯ маро имрӯз теморе бишуд".
Монда андар ҳайратам, ё Раб, аз ин бахти нагун,
Қалбро бинмуда ноаҳлии ёрон сарнагун,
Ҳарфи Аҳмадзодро, Мақсудалӣ, бишнав кунун:
"Сахт ҳайронам ман аз ин чархи каҷрафтору дун,
Тарбият кардам чу мӯре, оқибат море бишуд!"
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2