--------------------------
Ин нахли хазон гулбуни тар мешуда бошад,
Хизр аз тарафи мо ба гузар мешуда бошад,
Чашмам ба Ватан сӯи қамар мешуда бошад,
"Ҳар кор дар ин умр ба сар мешуда бошад,
Аз ҳоли ғарибон чӣ хабар, мешуда бошад".
Берун нагузорам чу равам аз Ватанам пой,
Дар домани боғам бинишинам ба лаби сой,
Дил нола намояд зи ғами дурӣ ба ҳар ҷой,
"К - ин олами асрор бубин, оқибаташ вой...
Ҳарфи баду шайтонӣ дигар мешуда бошад".
Бинам, ки бинозӣ ба ҳамон қади ниҳолат,
Бо бозӯву дастони қавӣ, авҷи камолат,
Як зайл намемонӣ, равад аз ту чу солат,
"Эй, бандаи миранда маноз аз пулу молат,
Фардо ба ту он бори сафар мешуда бошад".
Дар айни ҷавонӣ зи ҷаҳон бурда падар, марг,
Бинмуда ҳаме хурду калон хуни ҷигар, марг,
Танҳо на маро монда ба ду дидаи тар, марг,
"Чун доди Худо бар ту яке умру дигар марг,
Ҳар лаҳзаи умрат ба самар мешуда бошад".
Медон, ки туро қади ниҳол ҳеҷ, ҳама ҳеҷ,
Ин хонаву дар, ин ҳама мол ҳеҷ, ҳама ҳеҷ,
Ин қомати чун сарву ҷамол ҳеҷ, ҳама ҳеҷ,
"Ин хоку замин, ҷою ҷалол ҳеҷ, ҳама ҳеҷ,
Кас сер аз ин моли падар мешуда бошад".
Гӯям, ки ба дороии худ чун шавӣ хурсанд,
Чун мекунӣ худро зи паи моли ҷаҳон банд,
Мақсудалиё, бишнав аз устоди сухан панд;
"Озар, дили шаб роз бигӯ назди Худованд,
Он шоми муроди ту саҳар мешуда бошад".
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1