Ҳазрати Бахтиёри Кокӣ(раҳ)тақрибан чаҳорсола буд,ки аввалин бор модараш ӯро ба мадрасаи динӣ мебурд,то Қуръонро ёд бигирад.
Устодаш си пораи Қуръонро барои ӯ боз кард ва ангушташро бар ҳарфи алиф гузошту гуфт:
-Бигу,алиф,ин алиф аст.
Ин тифл, ки ангушташ бар ҳарфи алиф гузошта мегӯяд:
Алиф, лом, мим. Золика–л–Китобу лорайба фиҳи ҳудан ли–л–муттақин.
Тарҷума: Алиф, лом, мим. Ин Китобест, ки дар он ҳеҷ шакке нест, ҳидояте барои парҳезгорон аст.
Устодаш ҳайрон мемонад, ки ангушташ бар алиф гузошта ва ин тифл аз<<Алиф, лом мим>> мехонад.
Ба кӯдак мегӯяд:
– Бихон.
Ин тифли чандсола то понздаҳ пора аз бар мехонад.
Рӯзи дигар устоди ин тифл ба модараш мегӯяд:
– Магар моро масхара кардаӣ? Ин кӯдакат то понздаҳ пора аз Қуръони маҷидро ҳифз кардааст ва ту ҳанӯз мегӯӣ, ки фарзандамро сипора дарс бидеҳ.
Модараш мегӯяд:
– Эй бандаи Худо, ман ҳам аз ҳофиз шуданаш хабар надорам.
Ин тифл бо ин синну соле, ки дорад, дар чӣ ҷойи дигар хонда бошад ва дар чӣ синне бошад? Балки мавқеи шир доданаш ман ҳамеша Қуръон мехондам. Имкон дорад ин кӯдак худ аз ман ёд гирифта бошад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2