Предыдущая публикация
Асри Расули Худо (алайҳис салом) буд. Бонуи мусалмоне ҳамвора рӯза мегирифт ва ба намоз пойбандии хосае дошт, ҳатто шабро бо ибодату муноҷот ба сар мебурд, вале бадахлоқ буду бо забони худ ҳамсоягонашро меозурд. Шахсе ба маҳзари Расули Худо (алайҳис салом) омаду арз кард:
– Фалон бону ҳамвора рӯза мегираду шабзиндадорӣ мекунад, вале бадахлоқ асту бо неши забонаш ҳамсоягонро меозорад.
Расули акрам (алайҳис салом )фармуданд:
– Дар чунин зане хайре нест ва ӯ аҳли дӯзах аст.
Аз ин достон натиҷа мегирем, ки шахси намозхон бояд ахлоқ ҳам дошта бошад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3