بِسمِ اللهِ الرَّحمـنِ الرَّحِيم
الحَمْدُ للهِ مُكَوِّنِ الأَكْوانِ الـمَوْجُودِ أَزَلاً وأَبَدًا بِلا مَكان.
Аммо баъд:
Аз ҷониби ҷавонони азиз бисёр савол мешавад, ки оё баъд аз намозҳои панҷгона дуо кардан ҷоиз аст? Оё дастҳоро баланд кардан ҳангоми дуо баъд аз намозҳо ҷоиз аст? Оё баъд аз намозҳои панҷгона дуои дастаҷамъӣ низ ҷоиз аст ё на?
Ҷавоб: Дуо кардан баъд аз намозҳои панҷгона масъалест, ки бисёр мавриди гуфтугӯи ҷомеа ва хусусан қишри ҷавонон гардидааст хусусан дар солҳои охир баъд аз инки қисме аз ҷавонон якчанд ҳарфе аз улуми диниро омӯхтанд ва чанд китобу рисолаеро мутолиа карданд, баъзе гумон мекунанд, ки ин дуоҳо бидъат ва ноҷоиз аст, ва қисми дигар мегӯянд дуо кардан баъд аз намозҳо чи ба сурати дастаҷамъӣ бошад чи ба сурати танҳоӣ ҷоиз ва суннат аст ва ингуна баҳсу мунозараҳо дар шабакои иҷтимоӣ ва интернетӣ зиёд дида мешавад аз баски қисми аксари ҷавонон имрӯзҳо ба интернет сарукор доранд ингуна баҳсҳоро мушоҳида карда дар натиҷа баъзе аз онон дучори шубҳа мегарданд ва намедонанд киро бовар кунанду чикор кунанд? Оё баъд аз намозҳо дуо кунанд ё на? Ва оё дуои дастаҷамъӣ кунанд ё на? Ба ингуна шубуҳот рӯ ба рӯ мешаванд.
Хонандаи азиз! Ин мақолае ки пеши назари шумост, чанд нуктаест дар мавриди дуо кардан баъд аз намозҳо, бардоштани дастҳо баъд аз дуо, ва ба таври дастаҷамъӣ дуо карданд, аз аллоҳ таоло умедворам ки ин навиштаҷоти кучаки банда нафъ ва фоидае бошад барои ҷавонон ва рафъи ихтилоф аз байни онон!
Қабл аз ин ки ба асли мавзуъ баргардем дӯст дорам ба як нукта ишора кунам ва он инаст, ки дар бисёри оёт ва аҳодиси набавӣ худо ва паёмбар ﷺ ба мо мусалмонон амр кардаанд то аз аллоҳ талаби мағфират кунем ва аз ӯ пурсон шавем ва дуо кунем аллоҳ таоло дар каломи худ мефармояд:
وَقَالَ رَبُّكُمُ ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْ ۚ إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِي سَيَدْخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ
《Ва парвардигоратон гуфт: «Манро дуо кунед, то дуои шуморо қабул кунам ба дурусти он касоне, ки аз ибодати ман такаббури(саркашӣ) мекунанд, ба зудӣ ба хорӣ дар дӯзах дохил хоҳанд шуд » 》 (ғофир ояи 60)
Дар аҳодиси саҳеҳ омадасст, ки паёмбар ﷺ фармуданд:
الدُّعاءُ هوَ العبادةُ
"Ҳамонон дуо ибодат аст" (ривояти имом тирмизӣ ҳадиси3247)
Пас ҳар касе аз дуо кардан саркашӣ мекунад сазовори азоби илоҳӣ мегарад азин лиҳоз дархрстани ҳоҷот аз аллоҳ таоло чи ба таври танҳои бошад ва чи ба таври дастаҷамъӣ ва чи баъд аз намозҳо, амрест, қобили қабул ва фармудаҳои шариат.
Дуо кардан баъд аз намозҳо назди аллоҳ таоло қобили қабул ҳаст ва бештарин дуое ки аллоҳ онро қабул мекунад ин дуо кардан баъд аз намозҳои панҷгона ҳаст, чигунае ки дар ривоёт омадааст:
قيل يا رسول الله أي الدعاء أسمع ؟ قال جوف الليل الأخير ودبر الصلوات المكتوبات
《Гуфта шуд эй расули худо ﷺ кадом дуо қабул шавандатар аст? (Зудтар қабул мешавад?) Расули худо ﷺ гуфт: дуои нимашаб ва дуои баъд аз намозҳои панҷгона (зудтар қабул мешаванд) 》(ривояти имом тирмизӣ, ва табаронӣ ҳадис саҳеҳ аст)
Пас маълум мешавад, ки дуо кардан баъд аз намозҳои панҷгона амрест қобили қабул ва ин навъ дуо назди аллоҳ таоло зудтар қабул мешавад ва имом бухорӣ низ дар саҳеҳи худ боби махсусе дорад бо номи "боби дуо кардан баъд аз намоз" имом ибни ҳаҷари асқалонӣ дар шарҳи бухорӣ дар зери ин боб мегӯяд:
وفي هذه الترجمة رد على من زعم أن الدعاء بعد الصلاة لا يشرع
《Дар ин тарҷумаи(бобгузории имом бухорӣ) рад аст бар касоне ки мегӯянд дуо кардан баъд аз намоз дар шариат наёмадааст (ҷоиз нест) 》
Пас маълум мегардад ки дуо кардан баъд аз намоз собит буда суннат паёмбар ﷺ будааст ва худи паёмбар ﷺ низ баъд аз намозҳо дуо мекарданд ва ҳангоми дуо кардан дастони мубораки худро мебардоштанд
Хонандаи азиз! Қабл аз инки аҳодисеро зикр кунем ки далолат кунанда бар ин ҳастанд, ки паёмбар ﷺ баъд аз намозҳо дуо мекарданд як нуктаро бояд донист, чун баъзеҳо эътироз мекунанд, ки паёмбар ﷺ ҳангоми дуо кардан дастони худро намебардошт.
Бардоштани дастҳо ҳангоми дуо кардан:
Имом муслим аз ҳазрати анас ривоят мекунад, ки ҳазрати анас гуфт:
رأيت رسول الله ﷺ يرفع يديه في الدعاء
《Ман расули худоро ﷺ дидам ки дар дуо кардан дастонашро мебардошт》 (саҳеҳ муслим ҳадиси2071)
Имом аҳмад низ ба ҳамин мазмун дар муснади худ ривоят кардааст (муснади имом аҳмад ҳадиси 13120)
Пас ин нукта низ маълум шуд, ки паёмбар ﷺ ҳангоми дуо кардан дастони мубораки худро мебардоштанд, нуктаи дигар ин аст, ки оё паёмбар ﷺ баъд аз намозҳо дуо мекарданд?
Дуо кардани паёмбар баъд аз намозҳо:
Хонандаи азиз дар гузашта баён шуд, ки паёмбар ﷺ ҳангоми дуо кардан дастони мубораки худро мебардоштанд пас инҷо нуктаи дигар бояд баён шавад ки оё паёбар ﷺ баъд аз намозҳо дуо мекарданд?
Имом муслим дар саҳеҳи худ аз савбон чунин ривоят мекунад:
كان رسول الله صلى الله عليه وسلم إذا انصرف من صلاته استغفر ثلاثاً وقال: ”اللهم أنت السلام ومنك السلام تباركت يا ذا الجلال والإكرام“.
《Расули худо ﷺ ҳарвақто аз намоз берун мешуд(намозро тамом мекард) се маротиба астағфируллоҳ мегуфт ва (ин дуоро) мегуфт: "Аллоҳумма антас-салом ва минкас-салом таборакта ё зал-ҷалоли вал-икром" (саҳеҳ муслим ҳадиси 591)
Имом абудовуд низ дар сунани худ ва ибни ҳиббон дар саҳеҳи худ ба ин мазмун ривоят кардаанд, ки паёмбар ﷺ баъд аз салом додан ва берун шудан аз намоз дуо мекарданд (сунани абудовуд ҳадиси1509, саҳеҳ ибни ҳиббон ҳадиси2025 имом муслим низ ҳадиси дигареро таҳти рақами202 ривоят кардааст).
Пас аз ин маълум мегардад, ки паёмбар ﷺ баъд аз намозҳо дуо мекарданд ва ҳангоми дуо кардан дастони мубораки худро мебардоштанд.
Нуктаи дигар дуои дастаҷамъӣ:
Паёмбар ﷺ дар мавриди касоне ки ба таври дастаҷамъӣ дуо мекунанд мефармояд:
عن حبيب بن مسلمة الفهري رضي الله عنه : سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول: ”لا يجتمع ملأ فيدعو بعضهم ويؤمّن سائرهم إلا أجابهم الله“
《Аз ҳабиб ибни муслимаи фаҳрӣ ривоят аст, ки гуфт: ман аз расули худо ﷺ шунидам, ки фармуд: "Ҳеҷ гуруҳе ҷамъ намешаванд, ва баъзе онон дуо намекунанд ва боқимонда омин намегӯянд магар инки аллоҳ дуои онҳоро иҷобат(қабул) мекунад" 》 (ибни ҳаҷари ҳийтамӣ дар "маҷмуаи завоид" китоби "дуоҳо" ҳадиси17347 инро ривоят кардааст, ҳадис саҳеҳ аст).
Пас тибқи фармудаи паёмбар ﷺ ҳар қавме дар ҷое ҷамъ шаванд ва яке аз онҳо дуо кунад ва дигарҳо омин бигӯянд аллоҳ таоло дуои ононро иҷобат мекунад чигунае ки мусалмонон баъд аз намозҳо дуо мекунанд ва яке аз онҳо дуо карда боқимонда омин мегӯянд айнан пайравӣ ба ин фармудаи расули худо ﷺ аст ва ҳеҷ мухолафате бо шариат надорад.
Дар ҳадиси дигаре низ собит аст, ки паёмбар ﷺ ҳамроҳи саҳобагони худ дуои дастаҷамъӣ мекарданд чигунае ки ҳазрати анас(р) ривоят мекунад, ки рӯзи ҷумъа аъробие назди расули худо ﷺ омад талаби дуо кард ва гуфт: Ё расулаллоҳ ﷺ ҳама ҳалок шуданд аҳлу аёл ва мардум ҳама(аз гуруснагӣ) ҳалок шуданд ҳазрати анас мегӯяд:
فَرَفَعَ يَدَيْهِ وَرَفَعَ النَّاس أَيْدِيهمْ مَعَ رَسُول اللَّه صَلَّى اللَّه عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَدْعُونَ
《Расули худо ﷺ дастони худро бардошт ва мардум низ ҳамроҳи паёмбар ﷺ дастонашонро бардоштанду ҳамроҳ дуо карданд》 (саҳеҳ бухорӣ ҳадис933, саҳеҳ муслим ҳадиси897)
Тавзеҳ:
Хонандаи азиз! Аз ин ҳадис сароҳатан ошкор мешавад, ки расули худо ﷺ ва саҳобагони гиромӣ дуои дастаҷамъӣ мекарданд ва ин танҳо махсуси намози истисқо набудааст, балки дар тамомии вақт далолат мекунад, ҳамчуноне ки ҳофиз ибни ҳаҷари шофеӣ, ва бадриддинии ҳанафӣ мегӯянд:
الاولى لبيان اتباع المامومين الامام في رفع اليدين
"Боби аввал дар баёни инки муқтадиён бо пайравӣ аз имом дар вақти дуо кардан ҳамроҳ бо имом дастҳояшонро баланд кунанд"
(Фатҳулборӣ ҷ2 саҳ: 553, умдатул-қорӣ ҷ7 саҳ:74)
Дар ҳадиси дигар омадааст, ки паёмбар ﷺ баъд аз намоз рӯ ба суи қавм мегардониданд ва ҳамроҳи саҳобагони худ дастаҷамъӣ дуо мекарданд далили ин гуфтаҳо ривояти зерин ҳаст:
عن سَالِمُ بْنُ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عُمَرَ، عَنْ أَبِيهِ، قَالَ: صَلَّى النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ صَلَاةَ الْفَجْرِ، ثُمَّ انْفَتَلَ، فَأَقْبَلَ عَلَى الْقَوْمِ، فَقَالَ: «اللَّهُمَّ بَارِكْ لَنَا فِي مَدِينَتِنَا، وَبَارِكْ لَنَا فِي مُدِّنَا وَصَاعِنَا، اللَّهُمَّ بَارِكْ لَنَا فِي شَامِنَا ويَمَنِنَا»
《Солим ибни абдуллоҳ ибни умар аз падараш ривоят мекунад, ки гуфт: расули худо ﷺ намози бомдодро(дар масҷид) хонд ва баъд аз тамом кардани намоз рӯ ба тарафи қавм гардонид сипас дуо кард: "Аллоҳумма борик лано фӣ мадинатино ва борик лано фӣ муддино ва соъино аллоҳумма борик лано фӣ шомино ва яманино"....》
(Ривояти имом табаронӣ дар "Ал-муъҷамул-авсат ҷ4 саҳ245 ҳадиси4098, ин ҳадис аз нигоҳи санад комилан саҳеҳ аст имом ибни ҳаҷари ҳийтамӣ дар маҷмуаи завоид ҷ3 саҳ:492 ҳадиси 5816 инро ривоят карда ровиёнашро сиққа ва сеҳеҳ медонад, имом самҳудӣ, дар "Вафоул-вафо" ҷ1 саҳ:54, шайх банурӣ дар "маъорифус-сунан" ҷ3 саҳ:123 ин ҳадисро нақл карда ровиёни ҳадисро сиққа ва бо эътимод донистаанд, санади ҳадис саҳеҳ аст)
Хонандаи азиз! Баъд аз матраҳ шудани ин далоил комилан возеҳ шуд, ки паёмбар ﷺ баъд аз намозҳо ҳам ба таври танҳоӣ ва ҳам ба таври дастаҷамъӣ дуо мекарданд ва ҳангоми дуо кардан дастони мубораки худро мебардоштанд ва инчунин ҳадиси дар боло буда ишора кард, ки ҳар қавме дар ҷое ҷамъ шаванд ва яке аз онҳо дуо кунаду мардуми дигар омин бигӯянд аллоҳ таоло дуои ононро иҷобат мекунад пас дар маҷмуи далоил асли масъала маълум гашт, ки дуо кардан ба таври дастаҷамъӣ баъд аз намозҳо бидъат ва гумроҳи набуда, балки суннати паёмбар ва фармудаҳо шариати илоҳӣ будааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев