Дар тақдиру насиби оилаи мо чунин навишта шуда будааст, ки апаам бо фарзандонаш хонавайрон шуда, дар хонаи мо умр ба сар мебарад. Ростӣ, оилаи мо аз ягон чиз танқисӣ надорад, бо тамоми шароитҳои ҳозиразамон таъмин ҳастем, вале апаам баъди хонавайрон шуданаш асабиву инҷиқ гашта, на танҳо падару модарам, балки ҳамаи аъзоёни оиларо ғам медиҳад. Апаам бо зани ман ҳам созиш карда наметавонаду ҳар рӯз бо баҳонае ҷангу ҷанҷол карда, хӯроки мехӯрдаамонро заҳр мекунад. Ба ҳама кору рафтори занам кордор шуданаш бас набуд, ки боз фарзандонамро бадбинӣ карда, дашному ҳақорат мекунад. Рӯйи хотири фарзанди падар буданаш ман ба ӯ гапи пасту баланд гуфта наметавонам. Бачаи кенҷагӣ намебудам, кайҳо зану фарзандонамро гирифта, баромада мерафтам, вале андешаи он ки ҳоли волидонам бо духтари беандешаашон чӣ мешавад, маро аз роҳ мегардонад. Медонам, ки ҳар ҳафта ҳафтаномаи “Оила”-ро мутолиа менамояд, аз ин рӯ, мехоҳам аз фурсут истифода бурда, ба апаам гуфтан мехоҳам: Апаҷон, ман туро эҳтиром мекунам, вале илтимос, маро хонавайрон накун!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 20
Зиндаги пастиву баланди дорад
Фарзанди падар бояд дар ин холатхо якдигарро дасгири кунем.
Акаву додар кувати дили хохар аст. Кушише кунед ки на хонатон вайрон шаваду на дили хохаратонро ранчонед.занатонро насихат кунед.шумо хам духтар дореду писар доред. Вазияту рафтори зиндагии шуморо мебинанду Тарбия мегиранд.чихеле шумо бо хохаратон муносибат кунед писари шумо бо духтаратон чунин муносибат мекунад.
Ин конуни зиндаги аст додари азиз! Хар як мушкилии зиндагиро худат бояд паси сар куни.ягон оила бе мушкили нест.
Хохарат бехтараш бояд чудо пз шумо зиндаги кунад нонашро худа...ЕщёАз хама бехтаращ ба хохартон ягон хонаи чудо карда дихед бо холи худаш зиндаги кунад,уроки хам фахмидан даркор аст.дар ин холат уро дистгири кардан даркор.занатонро низ фахмонед бо шумо якчоя шуда дастгири кунад.вактеки дар байни шумов хамсратон якдигарфахмиву дастгирии якдигар бошад хонаатон хеч гох вайрон намешавад.хохарат мушти пар аст у духтар асту ба кумаки фарзанди падар ниез дорад дар холати сахтии зиндаги аст
Зиндаги пастиву баланди дорад
Фарзанди падар бояд дар ин холатхо якдигарро дасгири кунем.
Акаву додар кувати дили хохар аст. Кушише кунед ки на хонатон вайрон шаваду на дили хохаратонро ранчонед.занатонро насихат кунед.шумо хам духтар дореду писар доред. Вазияту рафтори зиндагии шуморо мебинанду Тарбия мегиранд.чихеле шумо бо хохаратон муносибат кунед писари шумо бо духтаратон чунин муносибат мекунад.
Ин конуни зиндаги аст додари азиз! Хар як мушкилии зиндагиро худат бояд паси сар куни.ягон оила бе мушкили нест.
Хохарат бехтараш бояд чудо пз шумо зиндаги кунад нонашро худаш ебаду Бори зиндагиашро кашонад. Албата бо кумаки шумо!