Ман дар синни сиву панҷсолагӣ аллакай ба бемории дил гирифторам, аз зиндагӣ сер шудаам, аммо чӣ бояд кард? Сари зиндаро ба гӯр бурда нашавад… Аз рӯзе, ки худамро шинохтам, дар хонаи кушоду барҳавову ороставу пероста ҳамроҳи модарам танҳо зиндагӣ мекардем. Модарам духтури занонаанд ва зиндагии шоистае дорем. Чун ақлам ташаккул ёфт, боре аз модарам пурсидам, ки чаро ҳама падар доранду ман не? -Падаратро дар ҷанги шаҳрвандӣ қотилони номаълум куштанд, ӯ корманди милиса буд,- гуфт бо оби чашм модарам сурати мардеро ба ман нишон дода. Ман модарамро ба оғӯш гирифтаму ба вай ваъда додам, ки ман ҳам мисли падарам милиса мешавам ва ӯро аз ҳама баду бало нигаҳдор мешавам, вале… Намедонам дар синфи панҷ мехондам ё шаш, ки боре бо бачаи ҳамсоя сари бозӣ занозанӣ кардаму сарашро бо санг зада кафондам. Модари ӯ ба сари модарам ҷанг омаду байни ҳақоратҳои болохонадораш зан гуфт: «Ҳаромии “детдом”-иатро роҳ бигир, ки ба милиса медиҳам, боз гардонда ба сағирахонааш мебаранд..” Дигар дасти ман монда буду домони модарам, шабу рӯз аз ӯ савол мекардам, ки оё маро аз сағирахона гирифтааст ё не? Модарам қатъиян рад мекард, ки маро аз хонаи бачаҳо гирифтаст. Ин бори сиёҳӣ дар дил калон мешудам, ҳарчанд ба модарам бовар мекардам, лекин як гӯшаи дилам гапи дигар мегуфт. Ба камол расида, донишгоҳро хатм кардаму модарам пайи хонадор кардани ман шуд ва бароям духтаракеро хуш кард. Бо ӯ вохӯрдаму маъқулаш кардам. Модарам дар як тарабхонаи бонуфуз тӯй карда, келинашро ба хона фаровард. Аввалҳо ҳамааш хуб буд, вале баъдтар модарам бо занам мисли сагу пишак шуданд. Модарам Сафинаро ба чалфасиву бекорхоҷагӣ айбдор мекард. Занам дар курси саввуми донишгоҳ мехонду аз дасти ҷангу ҷанҷоли модарам ба шӯъбаи ғоибона гузашт. Ман медидам, ки занам ба он дараҷае, ки модарам мегӯяд, гунаҳгор нест, вале ӯ хафа нашавад гуфта, борҳо бечораро таги мушту лагат гирифтам. Оқибат талху пичингу ҷангу ҷанҷоли модарам ба муштзурӣ расида ба сари занам мушт мебардоштагӣ шуд. Сафина тоқати ин хушунату ҷабру ҷафоро накарда, хонаи падараш рафт, чанд бор баргашт ва оқибат мо ҷудо шудем. Ӯ кӯдаки батнашро исқоти ҳамл кард, зеро чун модарам аз ҳомиладорияш хабардор шуд, кӯдакро ҳаромӣ эълон намуда занамро ба фоҳишагӣ айбдор сохт. Бори дуюм оиладор шудам, Гулдаста духтараки зебо, хатмкардаи коллеҷи тиббӣ ва ҳамшаҳрии модарам буд. Ин духтаракро тағоям ёфта буд. Модари Гулдаста аз падараш ҷудо шуда буданду ӯ шавҳари дигар карда, духтарашро волидонаш ба воя расониданд. Хушдоманам бо духтараш муносибати хубе дошт, Гулдаста низ хеле ба модарам меҳрубон буд, аммо... Айби ин занамро низ модарам ёфт, пайваста шикоят мекард, ки “занат бо модараш зиёд гап мезанад, модараш ӯро аз роҳ мезанад....” Гулдаста бо мулоиматӣ ба модарам мефаҳмонд, ки модари ман ҳеҷ гоҳ дар бораи шумо гапи бад намегӯяд, баръакс маро насиҳат мекунад, ки ба қадри хушдоманат рас, ӯ писарашро танҳо ба воя расонидааст. Ман намехостам бори дуввум хонавайрон шавам ва аз Гулдаста хоҳиш кардам, ки як бало карда, бо модарам забон ёбад, аммо модарам зане набуд, ки бо ӯ забон ёфтан осон бошад. Бо гузаштани як сол Гулдаста барои ман писар таваллуд кард ва сарамро ба осмон расонид. Ҳарчанд писартағою писархолаҳоям ба ман меҳрубон бошанд ҳам, бисёр мехостам бародар дошта бошам. Чун тифли кӯчакамро рӯйи даст гирифтам, дилам якбора саршори нур гашт, гумон кардам, ки соҳиби бародар шудам. Модарам ҳам чанд вақт оромтар гашт, вале баъдтар акнун набераашро бо қудояш рашк мекардагӣ шуд. Хушдоманам ҳар ҳафта бо тӯҳфаҳои зиёд хабаргирии наберааш меомад ва ин ба модарам намефорид, “бева, чаро меояд” гӯён, қошу қавоқ мекард. Як бори дигар рӯирост ба хушдоманам гуфтааст, ки ту духтаратро аз роҳ мезанӣ ва пас аз рафтани ту ӯ дигар мешавад. Ҷанг аз ин ҷо баромадааст, ки занам аз писарчаам шикоят кардааст, ки шабҳо хоб намекунаду ман бехобӣ мекашам.Хушдоманам гуфтааст, ки рӯзона вақти хоб будани писарат ягон соат хоб кун, ки асабиву бемор мешавӣ. Модарам ҳамин гапро дастак карда, хушдоманамро аз хона ронд ва занам низ кӯдакро бардошта, аз қафои модараш рафт ва дигар барнагашт. Дар ин миён шавҳари хушдоманам вафот карду ӯ, ки аз никоҳи наваш фарзанд надошт, танҳо монд. Хушдоманам маро дӯст медошту ҳаргиз намехост ман аз занам ҷудо шавам, аз ин рӯ, наздам шарт монд, ки ман бо онҳо зиндагӣ кунам, аммо ман модарамро танҳо нагузоштам. Аз ин занам ҳам ҷудо шудам… Зани сеюмамро ба хотири рост гирифтан ба модараму тоқат кардани характери вай холаҳоям аз деҳа ёфтанд. Як духтараки камбағалаку рустоӣ, вале хеле зебову ҳунарманд буд. Модарам як сол бо келини наваш тоқат кард ва баъд сар шуданд камбудикобиҳояш. Салима бо сари хам ҳама гапҳои нешдори модарамро аз қабили “ман туро аз қишлоқ оварда, шаҳрӣ кардам, чиркҳоят ин ҷо об шуданд, шабушкҳоят гум шуданд, ҳайфи хонаву дарам бо ту барин келин, ҳайфи бачаи хушрӯм”, гӯш мекард ва чизе намегуфт. Тавлиди духтарчаамон ба зиндагии якрангу пурмоҷарои мо як рушноӣ овард, вале модарам ба корҳояш идома медод. Апаи занам меҳмонӣ омаду модарам дилу бедилон ӯро пешвоз гирифта, вақти сӯҳбат гуфтааст, ки аз азал қудои замонавӣ мехосту Худо барояш надод. Падару модари туро ба шиносҳоям шарм медорам, ки нишон диҳам… Апаи занам хафа шуда рафт ва баъди ду рӯз акаҳояш “ҳоло ту аз падару модари мо шарм медорӣ” гӯён омада, хоҳарашонро бурданд. Модарам тамоми ғазабашро ба сари ман рехта, маро латтаву гову хару чизе, ки хост номид. Баъди як моҳ барои овардани зану фарзандам рафтаму хусурбачаҳоям чунин шарт гузоштанд: -Домод, ту ягон айб надорӣ, хоҳарам нав қоил шуд, ки модарат ӯро чӣ қадар азоб медодаасту мезадааст. Аз зану фарзандат умед дошта бошӣ, хонаатро аз модарат ҷудо кун, мо ба муносибатҳои фарзанду модарии шумо кор надорем, аммо хоҳарамон дигар ба он хона барнамегардад. Хусуру хушдомани пирам низ гапи писаронашро тасдиқ карданд, ҳамин вақт хушдоманам гуфт: -Ҳомидҷон, бачам, ҳамин келинҳои мо ҳам гуноҳ мекунанд, мо нисфи онро пинҳон мекунем, насиҳат мекунем, маслиҳат медиҳем, барои он ки писаронро худамон ба дунё овардаем. Модари ту туро назодааст, ки раҳм дошта бошад. Аз он ҷо рост хонаи тағоям, ки хеле дӯсташ медоштам, омадаму дигар худамро дошта натавониста, мисли занон гиристам ва аз ӯ ҳақиқати ҳолро талаб кардам. Тағоям ба ман нақл кард, ки модарам се шавҳар карда, соҳиби фарзанд намешавад ва баъд маро аз ятимхона ба тарбияи худ мегирад. Бо шунидани ин хабар як моҳ бемор шудам, модарам асли воқеаро шунида, бо тағоям ҷангу хунрезӣ кард. Инак, шаш сол мешавад бо модарам танҳо зиндагӣ дорем, аз зан гирифтан метарсам, зеро медонам, ки модарам боз моро ҷудо мекунад. Модарам айби худашро нодида гирифта, ҳама гуноҳро ба сари ман бор карда мегӯяд, ки ту зандорӣ карда натавонистӣ. Чанд рӯз пеш ба хабаргирии писару духтарам рафтам, онҳо дур аз ман дар хонаи бегонаҳо зиндагӣ мекунанд. Ба ман меҳре надоранд, чун як бегона салом мекунанд, дилу бедилон тӯҳфаҳои бурдаамро мегиранд ва аз наздам дур мешаванд. Модарам ҳамоно ба ҷангу моҷаро машғул аст ва ҳамеша таънаам мекунад, ки сағира ба ҷое мерасаду сағирапарвар не. Модарам “Оила”-ро ҳамеша мехонад, барои хамин аз ин минбари баланд ба ӯ гуфтаниям: -Очаҷон, кош дар ҳамон ятимхона мемондам, шояд ҳаётам дигар хел сурат мегирифт…
Ҳомидҷон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 19