Салом! Ман Саида, аз шаҳри Ваҳдат. Оиладор мебошам. Ба наздикӣ пайвандонам маро ба шавҳар доданд. Пеш аз тӯй, вақти бори аввал ба хостгорӣ омаданашон тарафи домод гуфта буданд, ки таваллуди домодшаванда 1998 ва хизмат кардагӣ асту баъди тӯй арӯсро ҳамроҳаш ба Россия мебарад, вале мо розӣ нашудем. Акаам ҳамон вақт дар Россия буд. Рақамҳояшро ёфта, чанд маротиба занг заданд ва билохира дилашро ёфта, ӯро розӣ кунонданд. Ҳамин тавр, тӯй барпо шуд ва маро ба хонаи бахтам гусел намуданд. Пас аз тӯй фаҳмидам, ки дар асл домод хизмат накарда будааст. Вай ҳамагӣ 18 рӯз бо ман истода, ба Россия рафт. Модарам, ки бемории дил доранд, аз ҳисоби худашон чиптаи ҳавопаймо хариданд ва тамоми ҳуҷҷатҳоямро тах
  • Класс
Салом! Одатан келинҳо аз хушдоман шикоят мекунанд, вале ман, як зани умраш ба ҷое расида, намедонам илоҷи келини хаппакамро чи хел ёбам. Ду сол пеш Заррина ном духтареро ба писари кенҷагиам келин кардам. Пеш аз тӯй модараш “Зарринаҷони мо бисёр ҳунарманд аст! Аз ҳар панҷаи духтарам ҳунар мерезад, бар замми ин, оромтабиат ва хоксор аст. Худованд шуморо хеле дӯст медоштааст, ки чунин келини фариштахислатро насибатон гардонд” гӯён, ӯро ба осмони ҳафтум бароварда буд, вале маълум шуд, ки ҳамааш “реклама”будаасту халос. Рӯзҳои аввал дар ҳақиқат Заррина духтари ҳунарманд ва шармгин менамуд. Самбӯсаю хӯрданиҳои лазиз мепухт, кору бори хонаро мекард, очаҷон гӯён дар гирдам парвона буд ва ман худоро
  • Класс
Шуйи мардум Дар хонаводае, ки ман ба дунё омадаам, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бароямон қонун буд. Модарам дар китобхонаи ноҳия китобдор буданду падарам бошанд, дар вазифаҳои роҳбарии соҳаи маориф заҳмат мекашиданд. Модарам ҳамеша кӯшиш мекарданд, то мо китобҳои адибони классику муосирро мутолиа намоем. Шумо хуб медонед, ки аксарияти кулли мардуми китобхон раҳмдил, поквиҷдон ва ростқавл мешаванд. Зеро онҳоро қаҳрамонҳои мусбату манфии асарҳои хондаашон тарбият мекунанд. Мо ду духтару ду писар дар ҳамин рӯҳия ба воя расида, ба донишгоҳи олӣ дохил шудему соҳиби маълумоти олӣ шуда, ҳар яке зиндагии худро бунёд карда, аз хонаи падарӣ берун шудем. Ҳавлияки озодаву сабзу хуррами падарӣ ба додари хур
  • Класс
Иди Қурбон омад эй дуст қурбонат шавам, Бо тарб суят давам дар хона меҳмонат шавам. Ҳар дуои мо қабули ҳақ шавад эй кош дуст, Садқаи хонат шавам бо гушти бирёнат шавам. Ҳар мусалмон бигзарад аз санчиши парвардигар, Ман Худогую дуогуи тану чонат шавам. Иди Қурбонро муборак гуямат эй дуст боз, Садқаи меҳру вафою лутфи арзонат шавам
  • Класс
Зулайхо машғули рӯфтани оғили гов буд. Ногаҳон садои фиғону гиряи кӯдаки хурдиаш ӯро парешон карду давид ба он тараф. Насимро дар рӯйи ҳавлӣ хобида дид, ки шикамашро дошта, беист гиря мекард. -Чӣ шуд, бачаҷон? -Очаҷон, боз аммаам маро зад. -Чӣ гуноҳ кардӣ? -Гуфтам, ки шакарчой мехӯрам. -Ҳеҷ гап не, нахӯр буд. Зулайхо писарашро ором карду боз аз пайи оғилрубӣ шуд. “…Худоё, худоҷонам, сабрам деҳ, ин қадар азоб дорам. Ин падари кӯдако ҳам ҳеҷ не, ки номус кунаду зудтар аз муҳоҷират биёяд. Ақаллан пул хам намефиристад, ки забони ман назди хонавода дароз шавад. Шабу рӯз қайсингилу зани ҳеварам таънаам мекунанд, ки аз ҳисоби мо мехӯред. Безор шудам. Рӯзе мешавад, ки се рӯз нон намехӯрам. Се кӯдаки
  • Класс
Ман як марди зандору кӯдакор ҳастам, ки имрӯз аз ноилоҷӣ чӣ кор карданамро намедонам. Дар тақдиру насиби оилаи мо чунин навишта шуда будааст, ки апаам бо фарзандонаш хонавайрон шуда, дар хонаи мо умр ба сар мебарад. Ростӣ, оилаи мо аз ягон чиз танқисӣ надорад, бо тамоми шароитҳои ҳозиразамон таъмин ҳастем, вале апаам баъди хонавайрон шуданаш асабиву инҷиқ гашта, на танҳо падару модарам, балки ҳамаи аъзоёни оиларо ғам медиҳад. Апаам бо зани ман ҳам созиш карда наметавонаду ҳар рӯз бо баҳонае ҷангу ҷанҷол карда, хӯроки мехӯрдаамонро заҳр мекунад. Ба ҳама кору рафтори занам кордор шуданаш бас набуд, ки боз фарзандонамро бадбинӣ карда, дашному ҳақорат мекунад. Рӯйи хотири фарзанди падар буданаш
Боз хостгорони навбатӣ аз дари хонаи мо ноумед рафтанд, боз нигоҳи таънаомези зани додарам ба дилам чун нештар халид, боз модарам ашк рехт, боз додарам як ҳафта ҳамроҳам ногап мешавад, аммо касе дарди дили зори маро намепурсад. Ман наметавонам ёди азизеро, ки гум кардаам, аз дил бадар кунам, шояд беморам, шояд ақламро гум кардаам, аммо наметавонам… Бо Насим дар як синф мехондем, муаллимаамон, ки ба мо чун модар меҳрубон ва хеле оқилаю босавод буданд, аз рўзи аввали ба остонаи мактаб по ниҳодан моро паҳлуи ҳам шинонд. - Насим дар бари Райҳон мешинад, зеро бўи хуши зулфакони райҳонро танҳо насим ба атроф паҳн мекунад,- бо ханда гуфт муаллима. Он вақт хеле хурд будаму аз ин гуфтаҳо чизеро намеф
  • Класс
Ишқи зани калонсол Ҳафтавори «Оила»-ро аз рӯзҳои аввали нашраш мехонам, он вақтҳо ман донишҷӯи курси аввал будам ва дар хонаи амакам мезистам. Зани амакам муаллимаи донишгоҳ ва мухлиси ашаддии «Оила» буданд, ман ҳам ҳафтаворро мехондаму баъд ҳамроҳи янгаам муҳокима мекардем. Ман баъзе қиссаҳоро бофтаи хаёли муаллиф медонистам, вале янгаам мегуфтанд, ки дар зиндагӣ корҳое мешаванд, ки дар навиштанаш қалам оҷиз аст. То ҳол ин анъана давом дорад, мешавад гоҳе ҳафтаворро фаромӯш мекунам, ки бихарам ва сар мезанам ба сомонаи «Оила». Чанде пеш дар он ҷо қиссаеро хондам бо номи ба «Ба зани 15 сол аз худам калон ошиқ шудам». Ана ҳамин қисса ва зершарҳҳои хонандагон маро маҷбур намуданд, ки қиссаи
  • Класс
Марҷона зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Ин нозанин 3 сол қабл бо як ҷаҳон орзуву ҳавас ба шавҳар баромада, баъди тӯй ба ноҳияи Ҳамадонӣ рафт. Оилаи ҷавон дар оғоз зоҳиран зиндагии хушбахтона доштанд ва дере нагузашта, соҳиби 2 фарзанд шуданд, аммо... Дар арафаи Иди Рамазон шавҳараш ӯро барои гузаронидани ид ба хонаи волидонаш бурд. Марҷона ба хонаи падараш рафту рафтору кирдораш тағйир ёфт. Шавҳараш мехост, ки Марҷона бо сатр гардад, вале падараш ба ин иҷозат надод. Ҳамин тавр, сатр сабаби баҳси падарарӯсу домод ва парокандашавии ин оилаи ҷавон гашт. Яке аз наздикони ин хонавода бо ирсоли як суҳбати садоӣ ба идораи сомонаи "Оила" иттилоъ дод, ки падар намехоҳад духтараш сатр пӯшад ва талқин мекунад,
  • Класс
Показать ещё