Расули Худо (с) дар хадиси тулонии Меъроч мефармоянд:(Дидам ,ки) дузах хафт дар дошт ва бар хар даре се чумла навишта шуда буд…Ва бар дари панчум навишта буданд:Дар ончи бехуда аст,бисёр сухан магу,ки аз рахмати Худо сокит мешави…
Паёмбари Худо (с) ба Абузари Гаффори (р) фармуданд:Оё амали осону сабукеро барои бадан ва сангин ва пурбахо дар мизони аъмол ба ту биомузам?Арз кардам:Оре,эй Расули Худо (с).Паёмбари Худо (с) фармуданд:Хомуши ва некахлоки ва тарки кори бехуда…
Дар чойи дигар низ фармуданд:Хар кас каломи худро чузъе аз амали хеш бидонад,сухани у кам мешавад,магар дар мавориде,ки барои у фоида дорад…
Али ибни Абутолиб (р) мегуяд:Дар шигифтам аз касе,ки сухане мегуяд,ки дар дунё суде надорад ва дар охират ачре нахохад дошт…
Донишмандон фармуданд:Бадтарин чизе,ки одами вакти худро ба он саргарм мекунад,корхои зиёде аст (ки шомили сухани зиёди хам мегардад)…
" БЕМОР "
Аз Абухурайра (р) ривоят шудааст,ки Паёмбар (с) фармуданд:Худованди мутаол дар рузи киёмат мефармояд:Эй фарзанди Одам!Мариз шудам ба аёдатам наомади!Банда дар чавоб мегуяд:Парвардигорро!Чи гуна Туро аёдат кунам,дар холе ки Ту Парвардигори чахони?!Худованд мефармояд:Оё хабар надошти,ки фалон бандаи Ман мариз шуд ва ту ба аёдаташ нарафти?Оё намедонисти,ки агар уро аёдат мекарди,Маро дар ончо меёфти?!Эй фарзанди Одам!Аз ту гизо хостам,ба Ман надоди!Дар чавоб мегуяд:Худоё,чи гуна туро таом дихам,дар холе ки Ту Парвардигори чахони?Худованд мефармояд:Фалон бандаам (вакте) аз ту гизо хост,ба у гизо надоди,оё намедонисти,ки агар ба у таом медоди,(подоши) онро наздам меёфти.Эй фарзади Одам!Аз ту об хостам ба Ман надоди.Инсон мегуяд:Худоё!Чи гуна ба ту об медодам,дар холе ки Ту Парвардигори чахони?Худованд мефармояд:фалон бандаам аз ту об хост ба у надоди.Оё намедонисти,ки агар ба у об медоди,(савоби) онро наздам дарёфт мекарди?!.(МУСЛИМ)
" САБР "
Аз Чундаб фарзанди Абдуллох (р) ривоят шудааст,ки гуфтанд:Паёмбар (с) фармуданд:Кабл аз шумо (дар замони кадим) марде буд,ки дасташ чарохате дошт ва (бар дарди чарохат) сабр накард ва корде бардошт ва дасташро катъ кард.Хун катъ нашуд,то ин ки он мард (дар асари хунрези) чонашро аз даст дод.Худованди мутаол фармуд:Бандаам дар маргаш бар Ман шитоб кард,пас,бихиштро бар у харом кардам.(БУХОРИ)


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев