Аз Хорис ибни Кабиса (р) ривоят шудааст,ки гуфт:Вакте вориди Мадина шудам,дуо кардам,ки Худоё,бандаи накукореро хамнишини ман гардон.Пас,назди Абухурайра (р) рафтам ва хамнишини Абухурайра (р) шудам.Хорис (р) мегуяд,(ба Абухурайра (р) ) гуфтам:Аз Худованди мутаол хостам,ки бандаи накукореро хамнишини ман кунад (холо ки туро хамнишини ман кардааст),хадисеро,ки аз Пайгамбар (с) шунидай,бароям баён кун,ба умеди он ки Худованд маро аз он фоидае расонад.Абухурайра (р) гуфт:Шунидам,ки Пайгамбар (с) фармуданд:Аввалин чизе,ки банда дар рузи Киёмат аз он бозпурси мешавад,намоз мебошад.Агар намозаш бидуни мушкили ва шоиста бошад,у растагор шудаву начот меёбад.Аммо агар намозаш мушкили дошта бошад,у нокому зиёнкор мегардад.Хамом (р) (ровии нахусти хадис) мегуяд:Намедонам,ин каломи Катода (дувумин ровии хадис) аст ё чузъе аз ривояти хадис мебошад?Агар яке аз фарзхояш нокис ояД,Худованд мефармояд:Бингаред ва бубинед,оё бандаам (ибодити) намози изофи (суннату нафл) дорад,то он чи аз намозхои фарзи нокис анчом додааст,комил кунад.Сипас хамаи аъмолаш низ бар ин гуна хастанд (яъне,ба ин гуна бозпурси карда мешаванд).(ИМОМ НАСОИ)


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев