Имруз маро дидаву бозида гузаштӣ,
Гаркоби чамолу вале, шармида гузаштӣ.
Гуфтам; назаре кун, ки ранҷида гузаштӣ?
"Бисёр маро дидаву нодида гузаштӣ,
Дар хеш нағунҷидаю болида гузаштӣ."
.
Дар роҳи висолат, манам бо нигахи чор,
Хар донаи ашкам бари рӯ, гашта гухарвор.
Бо ин ҳама шуриш маро бурди ба бозор
"Кушти ҳама ангезаи дилро, чу гунаҳкор,
Аз дарду ғами ошиқӣ, тарсида гузаштӣ."
.
Бар гӯши дилат рози дилам, гуфта будам,
В-аз дурии ту чону дилам сӯхта будам.
Доге зи гамат дар дили худ, дӯхта будам,
"Дар раҳгузарат пораи дил, рехта будам,
Фарёд ки нодидаю, ночида гузаштӣ."
.
Бар ҳусну ҷамолат басе дил, бохта буданд,
Дар доми балои ту дил, андохта буданд.
Бар ханҷари ту сина сипар, сохта буданд,
"Бисёр туро хоста, нашнохта буданд,
Хуш-хуш ҳамаро хуш, написандида гузаштӣ."
.
Ошиқшудагонат зи раҳат, сар нагирифтанд,
Ошуфтаҳол гаштану, дилбар нагирифтанд.
Хостгори ту гашта,туро дар бар нагирифтанд,
"Карданд басе дуд, вале дар нагирифтанд,
Ту буйи дили сӯхта, нашнида гузаштӣ,"
.
Аз қисмати худ пеши касон, фол кушодӣ,
Пурдарду алам будаму, ин ҳол кушодӣ.
Чанде ки паноҳ буд, зи мо хол кушодӣ,
"Чун наҷми парон шуълакашон, бол кушодӣ,
Аз тори сари мардуми хобида, гузаштӣ."
,
Кароматулло Зиндагӣ якранг нест
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев