--------" Ғами дидор "--------- Канори ман, агар як ёр бошад, Гулистони дилам, бе хор бошад. . Агар ёрам кунад, ёде зи ҳолам, Диламро шодии, бисёр бошад. . Туро дил бурдану, дилро шикастан, Барои ман, ғами дидор бошад. . Набошад ҳеҷ ғам, андар дили ман, Агар ёрам даме, ғамхор бошад. . Шабу рӯзу, маҳу соли ҷудоӣ, Дилам муштоқи, он рухсор бошад. . Маро ҳусни ту, мафтун карду шайдо, Ки ҳусни дигаронам, хор бошад. . Дили Мискин, ки озурдаст аз ёр, Ҷафохоҳу, ҷафобардор бошад. . Кароматулло САДИРОВ
╭─┅─═ঊঈ Ишқи Беназир ঊঈ═─┅─╮ . Ишқи зебои туро байтулхазон, Мебарам дар риштаи ҷонам ниҳон. Нақши он абрӯву миҷгони туро, Мекунам тасвир дар байти равон . . Бебаҳорам ҳар гаҳе ман бе туам, Беқарорам ҳар гаҳе ман бе туам. Хаста аз дарду зи дуриву фироқ, Беканорам ҳар гаҳе ман бе туам. . Ту куҷо рафтӣ зи ман эй Беназир, Гаштаам бар дарду доғи ту асир. Мемирам бо ёди ту рӯзе зи ғам, Монда шеърам ёдгори беназир. . Кароматулло Зиндагӣ якранг нест
Бо ҳусну ҷамоли хеш мафтун кардӣ, В-аз дурии худ, дилам пур аз хун кардӣ. . Овора манам ба куйи ишқ аз пайи ту, Як бор нигар ҳоли маро чун кардӣ. . Хун аз дилу аз чашм равон чашмаи об, Ашки дили ман, чу руди Ҷайҳун кардӣ. . Аз шавқи висоли ту ки дилшод будам, Дилдодаи худ бубин, ки маҳзун кардӣ. . Ту Лайлӣ будӣ дар раҳи қисамат, эй гул, Дар ишқу вафо маро чу Маҷнун кардӣ. . Зебосанамо, ба ҷон харидори туям, Бо ними нигаҳ маро, ту афсун кардӣ. . Ин мисраи мондагори Мискинро бин, Бо ҷилваи қоматат мавзун кардӣ. . Кароматулло Зиндагӣ якранг нест
╭─┅─═ঊঈ----" ҒАРИБӢ "-----ঊঈ═─┅─╮ Эй модари ҷон бубин замирам, Зардоби гамаст ба ғам асирам. Дар мулки ғарибӣ зору ғамгин, Чун бандӣ, ба ҳар кучо ҳақирам. . Эй модари ҷон, зиндагӣ сахт, Бар кунҷи дилам, ғуссааш рахт. Ду чашм ба роҳу, боз ҳам ту, Аз бахри Худо бипурсиям бахт. . Эй модари ҷон, бидеҳ дуоям, Бошад дуоят раҳкушоям. Дар пирӣ набинӣ дарду ранҷе, Монанди фариштаи бароям. . Кароматулло Зиндагӣ якранг нест . Дар ин фасли Зимистони пурмашаққату дар ҳавои сард ин шеърро ба дӯстони Ғарибам мебахшам. Тансиҳату хонаобод бошед ҒАРИБОН
Ман ошиқи шайдоям, фарёди дилам бишнав, Дилдодаву танҳоям, фарёди дилам бишнав. . Дар куйи ғамат эй гул, афтода парешонам, Дар бистари ғамҳоям,фарёди дилам бишнав. . Як бор суроғам кун, аз баҳри Худо охир, Бе та ба сухан н-оям, фарёди дилам бишнав. . Лайлисифатӣ эй гул, дил бурдиву менозӣ, Овораи саҳроям, фарёди дилам бишнав. . Ҳар лаҳза ба ёди ту, ашкам равад аз дида, Ман роҳи ту мепоям, фарёди дилам бишнав. . Ман масту хумори ту, боре ту биё пешам, Эй дилбари яктоям, фарёди дилам бишнав. . Кароматулло Зиндагӣ якранг нест
╭─┅─═ঊঈ ХИЁНАТГАР ঊঈ═─┅─╮ . Замоне аҳдҳо бастӣ, Ки имрӯзаш ту бишкастӣ. Хиёнат карда бар ишқам, Ба ғайре, даст бар дастӣ. . Бирав аз ман хиёнатгар, Намехоҳам туро дигар. Чунон аз ҳаҷри ту сӯхтам, Ки гаштам мисли хокистар. . Намесозам дигар ёдат, Зи фикрам карда озодат. Наменолад дигар ин дил, Пайи ҳусни Худододат. . Кароматулло Зиндагӣ якранг нест
Мекунам ҳар субҳу шом, ман ёди руйи дилбарам, Менамоям васфи Ӯ, ҳар дам ба руйи дафтарам. . Дилшикаста, хастаҷон аз дарду, аз сӯзу фироқ, Булбули дур аз чаман, афтода бе болу парам. . Эй дил аз ғам сӯхтӣ бас аст дигар ин нолаҳо, Нолаатро то ба гӯши, сахти гардун мебарам. . Эй Худоҷон ёри моро ҳар куҷо бахшо паноҳ, Дасти худ бардошта суят, рӯ ба гардун мебарам. . Зери дарду доғи ишқи ту дар ин корвони умр, Васлгуен синаро бо чашми пурхун мебарам. . Ҳасрати дидори ту, дар ҷони ман печидааст, Вақти мурдан номи ту, чун лола дилхун мебарам. . Кароматулло Зиндагӣ якранг нест
╭─┅─═ঊঈ Парчами Ватан ঊঈ═─┅─╮ . Парфишон аст дар фазои беғубор, Парчами мо аст нишони нангу ор. Мардуми моро саодат ёр шуд, Парчами мо фахри ин мулку диёр. . Чашми душман дур бодо аз сараш, Тоҷ бахшад ҳусни зебо бар сараш. Ҷилваи ҳафт ахтараш зебанда аст, Нур пошад сар ба пои кишвараш. . Ворисони Коваи оҳангарем, Ҳамчу Восеъ ҷонфидои кишварем. Рӯи қалби хеш монда дастро, Ҳар дам омода ба амри Сарварем. . Кароматулло Зиндагӣ якранг нест
╭─┅─═ঊঈ МУХАММАС ঊঈ═─┅─╮ Муштоқ Ба ғазали Ҳоҷи Амруллоҳи МУШТОҚ . Ҳар шабе дил дар ғами ту, доду афғон мекунад, Хотирамро чаъди мушкинат парешон мекунад. Ҳаҷру дурии ту моро зору ҳайрон мекунад, "Дар самои ишқи ту дил ёди ҳиҷрон мекунад, Абри дида ашки ғамро резаборон мекунад." . Нест навмедӣ зи ишқат заррае андар дилам, Ман шамими атри буятро зи гулхо мебарам. Дона-дона ишки пинҳонат нишаста дар дилам, "То бируяд сабзаи хушнакҳате андар дилам, Анбаристони хаёлам аҳду паймон мекунам." . Аз висолат шаҳд мегардад кунун алфози ман. Бо навои дилнишин во мешавад ҳар рози ман. Боз ой ки мемирам эй дилбари таннози ман, " Киштзорони муҳаббат сабзу хуррам доиман, Донаи уммед
Показать ещё