Предыдущая публикация
Канори ман, агар як ёр бошад,
Гулистони дилам, бе хор бошад.
.
Агар ёрам кунад, ёде зи ҳолам,
Диламро шодии, бисёр бошад.
.
Туро дил бурдану, дилро шикастан,
Барои ман, ғами дидор бошад.
.
Набошад ҳеҷ ғам, андар дили ман,
Агар ёрам даме, ғамхор бошад.
.
Шабу рӯзу, маҳу соли ҷудоӣ,
Дилам муштоқи, он рухсор бошад.
.
Маро ҳусни ту, мафтун карду шайдо,
Ки ҳусни дигаронам, хор бошад.
.
Дили Мискин, ки озурдаст аз ёр,
Ҷафохоҳу, ҷафобардор бошад.
.
Кароматулло
САДИРОВ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев