Шеър ин як намуди матн, ки дар шакли назм оварда мешавад номида меавад. Шеърҳо ба забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз 5 ҳазор сола дошта аввалин шерҳои миллӣ аз замони Арасту, Борбад, Рўдакӣ, Фирдавсӣ,
Хаём, Шерозӣ то имруз омада расидааст.
Дар байни Тоҷикони дунё шеърҳои бузургони сухан ва бахусус эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ,
Умари Хаём , Абдураҳмонӣ Ҷомӣ,
Абуабдуллои Рўдакӣ , Абуалии Сино, Абдулқосим Фирдавсӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ниҳоят арзиши баланд доранд ва ашъори онон дар ҷаҳон низ маъруф аст.
Шеърхои точикӣ аз китоб
Дар саҳифаи мазкур шеърҳои классикиву замонавӣ оварда шудаанд ва бахшҳои гуногунро дар бар мегиранд, ки он метавонад дар мавзўи ошиқӣ, кудакон, оила, ватан, дустӣ ва ғайраро тавсиф намояд.
БОБОЯМ ОМАД
Аз деҳаи дур
Як олами нур
Бобоям омад
Ҳай-ҳай хуш омад!
Ҳамроҳи бобо
Ба хонаи мо
Бӯи хуши боғ
Ҳавои айлоқ
Шамоли адир
Садаҳои пир
Мавҷи лолоазор
Насими баҳор
Аз дар даромад
Бобоям омад
(Шеъри Гулчеҳра Сулаймонӣ)
АЛЛА БИГ Ў
Алла бигӯ ораста
Гулдастаро оҳиста
Хоҳаракам хоб барад
Гирьяҳоша об барад
Алла бигӯ ки шояд
Хоби гулдаста ояд
Як лаҳза гирад ором
Хонаю дари бобом
Нони дегдон насузат
Гови ало нахӯсад
Гӯсола нагурезат
Шири хурма нарезат
Нагират таги палав
Бо меҳмони деҳи нав
Очат пурсупос кунад
нафасашро рост кунад над
момояд гап-гап кунад
додоят ғанап кунад
Алла бигӯ Ораста
Хоҳаракам оҳиста
(Шеъри Гулчеҳра Сулаймонӣ)
КУРТАИ ЧАКАН
Куртаи чакани ман
Куртаи чакани ман
Дар куртаам шукуфта
Гул ҳои ватани ман
Ҳар ҷо ки сафар кардам
Чакан дро ба бар кардам
Сайри боғу гулистон
Як бори дигар кардам
Чашми ҳама ба сӯям
Ранги гулҳо ба рӯям
гулдӯзии кӯлоб аст
ба духтарон мегӯям
Куртаи чаканро бин
Гулҳои чаманро бин
Дар ҳамаи фаслҳо
Баҳори ватанро бин
(Шеъри Гулчеҳра Сулаймонӣ)
МАНУ ТУ
Дар ҷаҳон гӯшаву каноре нест,
Ки надонанд номи Ленинро
Одами бошууру солим нест,
Ки надонад каломи Лелинро
Аз китобаш муборизони ҳаёт,
Машъали роҳи хеш меҷӯянд !
Дар диёрам зи ҳар касе пурсӣ
«Кист Ленин ?»
Ману Ту ! — мегўяд
Ману Ту Ленинему мефахрем,
Ки сазовори номи ӯ ҳастем
Дар ҷаҳони бузург мо масьул
Баҳри кору мароми ӯ ҳастем !
(Шеъри Мирсаид Миршакар)
ҶӮРОБҲОИ ГУЛДОР
Зочаҷони ширинам
Туро ман мебинам
Ашӯлае хонамат
Ашӯлаам чунин аст
Бишнав ки вай ширин аст
Торикшуд шуд биёбон
Ситораҳо дурахшон
Дар ҳама ҷо аллакай
Хобидаанд бачагон
Хоб кун, Хоб кун ,
Зочаҷон !
Аммо ман хоҳари ту
Мешинам бар сари ту
Мебофам аз бароят
Ҷӯробчаҳои хушрӯ.
Хоб кун,
Зочаҷон !
Пагохӣ вақти наҳор,
Ҳамин ки гашти бедор,
Мебинӣ ки таёранд,
Ҷуробчаҳои гулдор.
Хоб кун, Хоб кун,
Зочаҷон
Мешавӣ шоду хушнуд
Мепӯши онҳоро зуд
Шоди кунон мегӯӣ
Раҳмад ба хоҳари худ
Хоб кун, Хоб кун
Зочаҷон
Сонӣ аз нав ҳардумон
Ба боғчаи кӯдакон
Рафта бозӣ мекунем
Ҳамроҳ ба духдарон
Хоб кун, Хоб кун
Зочаҷон
Тезтар бихоб мегӯям
Надеҳ азооб мегӯям
Чаро чашмад кушода ?
Бидех ҷавоб мегӯям
Хоб кун, Хоб кун
Зочаҷон
Ҷавоб деҳ мешитобам
Намедиҳи ҷавобам
Аз афташ хобидаӣ
Ман ҳам рафта мехобам
Хоб кун
Ширин Зочаҷон
Хоби хуш бин Зочаҷон
(Шеъри Мирсаид Миршакар)
НАҒЗАКАК ХОНЕД
Ба чагони азизи кишвари ман.
Тозагулҳои ин гулистонед!
Соли таҳсилатон муборак бод
Шод бошеду нағзакак хонед!
Донишу илм нури дидаи мост,
Ҳар киро нест илм чун кӯр аст
Ҳар ки беилм — нотавону заиф
Ҳар ки беилм — қодиру зур аст
Ватани меҳрубону мушфиқи мо
Баҳри моён кушода мактабро
Дода бар мо китобу дафарро
Гуфт хонед нағзакак бачаҳо
Бачаҳо сарфарозу хушбахтед
Он чӣ хуб аст аз барои шумост
Пас бикӯшеду ончунон хонед
Ки Ватан бигӯяд: ин аьлост!
(Шеъри Мирсаид Миршакар)
РОСТ МЕГЎЯМ
Гумон набаред
Ки ман хурд ҳастам
Ана мебинед
Ҷорӯб дар дастам
Бо ин ҷорубам
Хона мерӯбам
Дар даст кӯзача
Давам бошитоб
Ба сӯи чашма
Аз барои об
Ширин аст обаш
Қандин аст обаш
Нахан дет шумо
Ман рост мегӯям:
Дегу табақро
Худам мешӯям
Бовар нукунед
Аз очам пурсед
Бояд дар хона
Ёрӣ расонам
Мисли дугонам
Ба очоҷонам
Вай пахткорр аст
Кораш бисьёр аст.
(Шеъри Мирсаид Миршакар)
ЗОҒУ УҚОБ
Буду набуд зоғе буд,
Бадхӯру сер ҷоғе буд
Бо уқобе дар саҳро
Як саҳар рӯ ба рӯ шуд
Бипурсид аз уқоб:
« бигӯ ба ман эй ҷаноб
Чаро дар қуллаи куҳ
Туро ҷои хурӯ хоб?»
Сарфарозона уқоб
Бигуфта андар ҷавоб
« Аз он ҷо наздиктар аст
Роҳи ман то офтоб!»…
(Шеъри Мирсаид Миршакар)
МЕЬМОР
Ҳоли худам меьморам,
Рӯи миз ҷои корам,
Хонаи нав месозам,
Иморат меандозам.
Хишт болои хишт монам,
Ман корамро медонам!.
Назоратчӣ сармеьмор-
Ин ҷо модаркалонаст.
Рост аз болои сарам
Магӯям :
— ҳой духтарам!
Хонаро барҳаво кун,
Манзили дил кушокун!
Ошхонаро калон кун!
Дарашро аз айвон кун,
Касро макун саргардон,
Ин ҷояш ҷои таҳмон.
Духтарҷонам азиза,
Чи БУДАСТ?
Як мардаки нишинос
Рӯзе омад ба савхоз
Фаҳмидем директор будаст
Мардаки пуркор будаст
Дар рафти сӯҳбати худ
Аз рӯзи одати худ
Ҳар киро ака мегуфт
Ҷонаки ука мегуфт
Моро яке ғун намуд
Ҳамаро мамнун намуд
Гуфтут: — акнун ин диёр
Сабз шават чун баҳор
Чойхонау ошхона
Клубу мактаб хона
Ободии диёран
Дар деҳа ҳам даркоранд
Телефони автомад
Доим бояд коркунад!
Сардор даводанӣ коркунад
Тагу болодавӣ кард
Як погоҳӣ ҳашар кард
Устоҳоро хабар кард
Як бинои навсозат
Бомашро даррав пӯшонд
Рафда дидем биноро
Панҷарагулдорбудаст
Ҳавлии сардор будаст
БАДКИРДОР
Дар деҳаи зебои мо
Дар байни одамҳои нағз
Бо хулқу бо отвори худ
У пистаи пӯсидамағз
Бошад мизоҷаш мисли дӯғ
Гардад қадир бар оши кас
Некӣ намефорад бавай
Дарод бакори бад ҳавас
Дар байни ёрони қарин
Монандаи девор ӯ
Бар айшу нӯши одамон
Чун мори айнакдори ӯ
Инро ҷамоат з-ин сабаб
У мисли кофархои ташт
Берун аз ин гулзор монд
Зи пиргашта баҳри ҷавонон зи раҳ марав,
Мўи сапед дар паи зулфи сияҳ марав.
Бингар маҳи шабоби худ андар маҳоқи шеб,
З-ин беш дар назораи рўи чу маҳ марв.
Дунболи қадафрохта тифлони бегуноҳ
Бо қомати ҳамида зи бори гунаҳ марав.
Фикри ҳисоби ҳар каҷиву ростӣ бикун,
Пеши бутони росқади каҷкулаҳ марав!
Гаҳе марг бошад, гаҳе зиндагӣ
Гаҳе подшоҳӣ, гаҳе бандагӣ.
Падарро кунад ҷо ба тахта зи тахт,
Писарро кунад з-он ҷигар лахт-лахт.
Писарро барад аз қабо дар кафан,
Падарро занад чок дар пераҳан.
Ғараз он ҷо, ки бор бикушояд,
Дўстиро маҷол танг ояд.
Рахт бандад зи дил вафову вифоқ
Хона гирад ба сина буғзу нифоқ.
Барои дўстон ҷонро фидо кун,
Валекин дўст аз душман ҷудо кун.
Ки бошад дўст он ёри худоӣ
Дилаш равшан ба нури ошноӣ.
Ба нохуш корҳо гирад туро даст,
Кунад з-оби насиҳат оташат паст.
Ба кори нек гардад ёвари ту
Ба кўи некномӣ роҳбари ту.
Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биёмўз
Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёмўз.
Дарун аз кини кинҷўён нигаҳ дор,
Забон аз таъни баъдгўён нигаҳ дор.
Накўӣ кун ба он, к-ў ба ту бад кард,
К-аз он баъд рахна дар иқболи х(в) ад кард.
Ҷавонмардӣ ду чиз аст, эй ҷавонмард,
Ба сўям гўш кун, то гўямат рост:
Яке он, к-аз рафиқон даргузорӣ
Агар сад лаҳза бини сад каму кост.
Дуюм он, к-аз ту н-ояд ҳеҷ гоҳе
Чунон коре ки бояд узри он хост.
*************
Да раҳи вафо қадам зи сар кун,
В-оини ҷафо зи сар бадар кун.
З-ин роҳ касе, ки дорадат боз,
Аз ҳамраҳияш дарун бипардоз.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев