Наврӯз бо сабзиши табиъату гиёҳу гулу дарахтон, ҷунбиши тозаи тамоми ҷондорон, оғози кишту кори деҳқон шурӯъ мешавад, ки шоъирон аз замонҳои қадим то имрӯз онро ситоиш намудаанд.
Ҳамин ки зимистон рафт, Наврӯз нахустин қадамҳои худро бо шукуфтани гулҳои баҳорӣ, монанди гули наврӯзӣ, гули сияҳгӯш, бойчечак ва амсоли ин мегузорад ва қабл аз ҳама хурдсолон бо суруду тарона ба истиқболаш мераванд.
Дар байни тоҷикон роҷеъ ба Наврӯзу баҳор ашъори гуногуни мардумӣ мавҷуд аст, ки онро аз рӯзгорони пешин то кунун месароянду дар ҳавои оҳангаш мерақсанд. Ҳамчунин дар рӯзҳои ҷашну маҳфилҳои наврӯзӣ тавассути шеърҳои марбут ба Наврӯз мардум якдигарро табрик мегӯянд.
Бахши аъзами чунин ашъоре, ки ба Наврӯзу баҳор бахшида шудаанд, рубоъиёт ва дубайтиҳо ё ба таври куллӣ ашъори чаҳормисраъӣ аст. Ҳоло мо ҷойгоҳи махсуси чанд намуна аз ин рубоъиёт ва чаҳорпораҳоро, ки дар остонаи Наврӯз ва ё рӯзҳои ҷашн гуфта шудаанд, аз назар мегузаронем.
Дар рубоъиёт ва чаҳорпораҳои наврӯзӣ эҳсосоти баланди инсон вобаста ба шароиту вазъияти рӯзгораш инъикос ёфтааст. Сарояндаи ин навъ ашъор шодиву сурур, дарду ғам, фалсафаи зиндагӣ, падидаи ҷолиби рӯзгори хешро вобаста ба Наврӯз баён намуда, худро таскин медиҳад.
Ҳар кадоме аз ин рубоъиҳо ва чаҳорпораҳои наврӯзӣ дар манотиқи гуногуни тоҷикнишини Осиёи Миёна нусхаҳои зиёд дошта, дар раванди сароиш гӯянда аз он чизе кам мекунад ва ё баръакс ба он илова. Дар натиҷа, гоҳе вазни ин рубоъиёти бисёр дилангези мардумӣ сакта пайдо менамояд.
Тасвири баҳор
Наврӯз фурсати шодмонӣ ва хушҳолии инсон аст. Барбари фаро расидани баҳор мардум бо чеҳраҳои боз, суруру табассум шодмонӣ мекунанд; аз шукуфтани табиъат, гулҳои рангоранг, хониши булбул, мурғони чаман ба ваҷд меоянд ва ҳолати рӯҳии худро тавассути ин порчаҳои шеърӣ баён намуда мегӯянд:
Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад, Булбул ба тамошои дафу чанг баромад. Мурғони чаман ҷумла ғазалхон гаштанд, Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
Ё ки ошиқи дилбаста баробари расидани Наврӯз атрофиёнашро ҳамду сано гуфта, ҳолати худро ба булубул ташбеҳ намуда, чи гуна дар ишқи маъшуқ сӯхтанашро ба таври зерин тасвир менамояд:
Наврӯзу навбаҳорон ҳамду сано шуморо, Булбул ба шохи ҳар гул нола кунад нигоро. Аз толеъи забунаш вай дилшикаста хун аст, Кӯра барин бисӯзад, дар рӯзи навбаҳоро.
Дар чаҳорпораи дигар муждаи расидани Наврӯз, таровати зебйии он, баробари булбул нағмасароӣ кардани мардум, мисли лола либосҳои зебову мақбул пӯшида, ба майдон омадани лоларӯён инъикос гардидааст:
Омад фасли Наврӯз, омад чӣ хуш бӯе, Дар ҷониби гулистон булбул ба гуфтугӯе. Созем ҷумла ғул-ғул, бо нағмаҳои булбул, Аз ҳар тарафи саҳро омад лоларӯе.
Ба ҳамин сабк ҷавонони тоҷик бо шӯру ҳаяҷон зебоиву латофати Наврӯзро ситоиш намуда гуфтаанд:
Наврӯз шуду омад ба тамошо гули раъно, Пӯшида ба бар хилъати зебо гули раъно. Дар бодаи гул мавсими рангин чӣ хуш омад, Дар соғари зар рехта саҳбо гули раъно.
Табиъӣ аст, ки барбари расидани Наврӯзу фасли баҳор, пиру ҷавон шодмонӣ мекунанд. Барои он ки зиндагӣ идома ёбад ва мардум аз неъмати табиъат бархурдор шавад, деҳқон машғули кор мегардад:
Фасли баҳор омаду саҳро шуд лолазор, Шодмонӣ дар дили пиру ҷавон шуд барқарор. То шавад роҳат муяссар мардуми бечораро, Бо каланду ҷуфт деҳқон мешавад машғули кор.
Ишқу ошиқӣ
Ишқу ошиқӣ як ҷузъи ҷудоинопазири рӯзгори инсон аст, ки бидуни он зиндагиро тасаввур кардан номумкин аст. Дар бархе аз рубоъиҳои мардуми Кӯлоб дидани чеҳраи ёр ба мисли шодмонии наврӯзӣ аст:
Ман рӯи тура бинаму Наврӯз кунам, Шабро ба сари санги сиё рӯз кунам. Шабум ба сари санги сиё рӯз нашуд, Ҷонкама фидои ёри дилсӯз кунам.
Дар Наврӯз кинаву кудуратро аз дил дур кардан яке аз ойинҳои мардуми тоҷик аст. Дар рубоъии зерин ошиқ аз маъшуқи худ тақозо менамояд, ки Наврӯз расид, ранҷиши худро канор гузору бо ман оштӣ кун:
Наврӯз шудасту дастагул бар дастам, Аз накҳати ҷонфизои гулҳо мастам. Эй дӯст, биёю оштӣ бо ман кун, Ҳоло, ки саломату ба ёдат ҳастам.
Ба ҳамин тариқ, дар рубоъиёт ва ашъори чаҳормисраии шифоҳӣ, ки ба Наврӯз бахшида шудаанд, ҳолатҳои гуногуни рӯҳию эҳсосии инсон тасвир шуда, дар онҳо муносибати инсон ва табиъат ба шеваи бисёр зебо ва муассир ҷилвагар мешавад.
Андӯҳи ҷудоӣ
Мардуми тоҷик ҳамеша тавассути рубоъиёту дубайтиҳо ва чаҳорпораҳо ҳаёти сангини хешро ифода намудаанд. Бахусус, дар охири садаи нуздаҳ ва авоили садаи бист дар байни тоҷикон шахсоне буданд, ки рӯзгори пурмашаққат доштанд. Ҳангоми расидани Наврӯз ин ашхос бо алам таровишҳои дили худро бо эҳсос дар қолаби рубоъӣ ва ё чаҳорпора изҳор менамуданд.
Аз тасвири чаҳорпораи зерин чунин ба назар мерасад, ки шояд наздиктарин шахси гӯяндаи он дучори мушкилоте шуда бошад. Наврӯз мерасаду "мардум хаёли сад ҳавас" доранд, вале он бечора "асири дарду ғам" аст. Чунки дӯстдошта, яъне "булбул"-и ӯ "гирифтори қафас" аст. Дар чунин ҳолат сарояндаи ин чаҳорпора ба "холиқи фарёдрас" муроҷиъа менамояд, ки ба ёдаш кай мерасад:
Фасли Наврӯз омаду мардум хаёли сад ҳавас, Ман асири дарду ғам, булбул гирифтори қафас. Чун ҷарас фарёд дорад, рӯзу шаб бо ёди ӯ, Кай ба ёди ман расӣ, эй холиқи фарёдрас?
Дар чаҳорпораи дигар эҳсоси шахсе ифода гардидааст, ки агарчи Наврӯз расида, гулҳо шукуфта, вале ӯ "нишони навҷавонони шаҳид"-ро, ки аз бастагони ӯ будаанд, намебинаду бо ҳасрат мегӯяд:
Фасли Наврӯз омаду аз ҳар тараф гулҳо дамид, Ман намебинам нишони навҷавонони шаҳид. Булбулон айшу тараб доранд дар гулзорҳо, Аз барои навҷавонон ин сарам аз ғам хамид.
Чаро гӯяндаи ин навъ чаҳорпораҳо шодию нишот ва дар айни замон ҳолати ғаму ғуссаи худро бо Наврӯз пайванд додаанд? Чунки Наврӯз айёми шодию нишот аст, ҳама хушоҳол ҳастанд, вале бархе одамон дар ин рӯзҳо гирифтори дарду алам мебошанд. Аз ин рӯ онҳо афсӯс мехӯранд, ки дар ин рӯзҳои шодмонӣ ба ивази он, ки мисли дигарон хушҳолӣ намоянд, вале гирифтори ғам ҳастанд. Ба ин васила, ҳолати рӯҳии худро дар қолаби рубоъӣ ва чаҳорпораҳо ба дигарон мерасонанд, ки на ҳамаи инсон дар Наврӯз шод аст:
Рӯзи Наврӯз гашта-гашта ранги зард овардаам, Ранги зардамро ба пеши аҳли дард овардаам. Боз мепурсӣ: "Чӣ овардӣ ба ман аз роҳи дур?" Ранги зарду оби чашму оҳи сард овардаам.
Аз мутолиъа ва ё шунидани ин чаҳорпораҳо маълум мешавад, ки мардум ба Наврӯз меҳр доранд, ин рӯзро тамоми сол мунтазиранд. Он ашхосе, ки заҳматкаш ҳастанду ҳамеша кор мекунанд, низ Наврӯзро бо муҳаббат ба ёд меоранд. Вале дар чунин лаҳзаҳои хурсандибахш сарнавишт баъзеҳоро дучори мушкилот намуда ва онҳо афсӯс мехӯранд, ки Наврӯзро дар канори дигарон ҷашн наметавонанд бо шодию нишон ҷашн бигиранд.
Аз ин рӯ, ҳолати равонии худро дар қолаби чаҳорпора хеле таъсирбахш ифода кардаанд:
Рӯзи наврӯзӣ пагоҳон доси каҷ бар гарданам, Сӯи саҳро меравам сад ҷо ба зону мешинам. Кор сахту мардикорӣ мебарад аз ман мадор, Гиря карда-гиря карда, дос бар санг мезанам.
Орзӯи рӯиши дубора
Ҳар сол аз нав зинда шудани табиъат дар инсон таъсир мерасонад, ӯро ба фикр кардан водор менамояд. Инсон дубора рӯидани сабза, дарахтон, тухми киштаи барзгаронро бо ҳаёти инсонӣ муқоиса менамояд ва афсӯс мехӯрад, ки чаро табиъат ҳар сол дубора ба ранги дигар эҳё мегардад, вале одам, ки мурд, дигар зинда намешавад:
Фасли Наврӯз омаду бо гул ҷамоли нозанин, Сар барорад аз замин, гулҳои хуби оташин. Дар баҳорон тухм афтад, сабзаю гул мешавад, Ҳайфи тухми одамӣ, афтад нарӯяд аз замин.
Ана ҳамин фалсафаи зиндагӣ дар рубоъиҳои мардумӣ такрор ба такрор тасвир шудааст:
Фасли Наврӯз омаду дилҳои мардум шод шуд, Хонаи вайронаи булбул зи нав обод шуд. Кӯҳу саҳро хурраму боғ ҳар сӯ лолазор, Войи умри одамӣ, охир ҳама барбод шуд.
Фасли Наврӯз омаду гулҳо дамид аз зери хок, Булбули бехонумон дар ҳасрати гул синачок. Тухми ҳар чизе, ки дар олам бувад, ӯ сар занад, Вой тухми одамӣ, ҳаргиз намерӯяд зи хок!
Фасли Наврӯз аст, булбул нола аз дил мекунад, Мурғи рӯҳамро ба теғи ғамза бисмил мекунад, Мекунад фарёду мегӯяд ба овози баланд: "Сад дареғо, одамӣ бар хок манзил мекунад!"
Ҳамин фалсафа, ки одамӣ дигар аз хок намерӯяд, дар чаҳорпораҳо зиёд инъикос гардидааст:
Расид айёми наврӯзӣ ба олам сабза мерӯяд, Ки булбул дар биёбонҳо нишоту лола меҷӯяд. Дареғо, дӯстону ҳамнишинон дар таги хоканд, Ба ҷуз дӯсту бародар хору хас ҳар сол мерӯяд.
Аз ин рӯ, инсони ботаҳаммул ин ҳолатро мушоҳида намуда, аз ҳамҷинсонаш тақозо менамояд, ки умри кӯтоҳи худододаро бояд ғанимат шумурд:
Фасли Наврӯз омаду гул дар гулистон синачок, Во дареғо, ҳамнишинон рафтанд бар зери хок. Якдурӯза умрро медонад ғанимат ҳар нафас, Оқибат теғи аҷал ояд, расад гардӣ ҳалок.
Инсон ҳамон фалсафаи зиндагирро ба ёд оварда, дар рубоъии зерин тасвир менамояд, ки ҳар чанд тамоми лаззатҳои зиндагиро бичашем, оқибат ба рустаниҳои табиъат ҳамдам мешавем:
Наврӯз расиду шоду хуррам гаштем, Аз рафтани дай ҷумла беғам гаштем. Дидему чашидем, ба сад меҳнату ғам, Охир ба гули баҳор ҳамдам гаштем.
Ҳадя барои устод
Дар замонҳои пеш, ки дарсҳо дар мадрасаҳо, дар назди мулло буд, рӯзҳои Наврӯз мударрисон ба шогирдони худ дар қолаби рубоъию дубайтӣ ва қитъаву чаҳорпораҳо ашъоре навишта, шогидони худро ба "идгардак" (гулгардонӣ) мефиристоданд.
Мардумшинос Муҳаммаднаъим Раҳимов мушоҳидаҳои худро дар авоили солҳои 50-и садаи бист дар бораи гулгардонӣ дар ҳавзаи дарёи Хингоб баён карда, мегӯяд, ки онҷо пеш аз Наврӯз муллобачаҳои мадраса аз коғаз гулҳо бурида ва онро ранг мекарданд: сурх, зард, кабуд, ва аз он дастаи гул месохтанд.
Вай меафзояд: "Агар онҳо аз замин "Гули ҷоғъзак" (гули баҳман ё бойчечак) пайдо мекарданд, аз он дастагул таҳия мекарданд. Ин дастаи гули коғазӣ ва ё гули зиндаро ба чӯби дарозе, ки тахминан як метр аст, мебастанд ва 10-15 нафар аз бачаҳо он чӯби дастагулбастаро хона ба хонаи мардум, сурудхонон мебурданд. Ин маросими сурудхониро "Гулгардонӣ" мегуфтанд."
Ӯ дар идомаи суханони худ ёдовар мешавад, ки яке аз сурудхонҳо, ки дар дасти росташ ҳамон чӯби гулдастадор аст, пешопеш мерафт. Баъзеҳо дар даст тахтачаҳо доштанд, ки дар он порашеърҳои наврӯзӣ навишта шуда буд. Ду тан аз ширкаткунандагон, интихоб мешаванд, ки ҳадияҳои мардумро ҷамъ намоянд.
Гулгардонҳо дар назди ҳар ҳавлӣ истода, дар бораи Наврӯз сурудҳои халқӣ месуруданд ва ё аз шоъирони клосик шеър мехонданд. Соҳиби хона, зан ё мард берун омада, ба онҳо хӯрданиҳо медоданд: орд, гандум, равған, меваи хушк, шири хушк ва ғайра.
Агар гулгардонҳо бо худ дастагули баҳман дошта бошанд, ки дар ҳавзаи Хингоб гоҳе пайдо мешуд, чун минтақа дар он ҳангом зери барф аст, он гоҳ соҳиби хона ба он чӯби гулдастабаста наздик мешуд ва онро ба сӯи худ хам карда, мебӯсид ва онро аввал ба абрӯи рост, баъдан ба абрӯи чап мемолиду мегуфт: "Сабъкакиёи шумо ай мо, Вазминакиёи мо ай шумо."
Гулгардонҳо дар давраи ҳафт рӯзи пеш аз Наврӯз тамоми деҳаро мегаштанд ва баъдан ба мадрасаи худ бармегаштанд. Бахше аз чизҳои ҷамъовардаи худро ба муъаллимони худ медоданд, боқимондаро якҷо сарф карда, зиёфат меоростанду хушҳолӣ мекарданд. Бахше аз сурудҳое, ки ҳангоми гулгардонӣ месуруданд, иборат аз рубоъиҳо ва чаҳорпораҳои маҳаллӣ буданд:
Наврӯз шуду олам мунаввар мешавад, Зинати рӯи замин аз сабзаи тар мешавад. Ин ғалат фикрест, ки кас бе зар писар мулло кунад, Донишу илми писар аз додани зар мешавад.
Ҳамчунин, Муҳаммаднаъим Раҳимов ёдрас шуда, ки ҳатто муъаллимони мактабҳои ибтидоӣ дар тахтачаҳо шеърҳои наврӯзӣ навишта, ба шогирдони худ медоданд, шогирдон онро барои волидайнашон мехонданд ва барои муъаллимашон ҳадияҳо мегирифтанд:
Рӯзи Наврӯз асту фасли навбаҳор, Занги дилро меканад буи баҳор. Эй падар, бархезу наврузӣ биёр, То туро раҳмат кунад парвардигор.
Амали аз падар барои устоди худ дар рӯзҳои Наврӯз "идӣ" гирифтан дар шаҳрҳои бузург ва дар он ҷое, ки мадрасаҳо фаъъол буданд, ба назар мерасид. Масалан, дар Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан ин порчаи шеърӣ хеле машҳур будааст:
Фасли Наврӯз омаду гулғунча хандидан гирифт, Булбулу қумрӣ ба шохи гул нолидан гирифт. Эй падар, идӣ бидеҳ, то ман ба устозам барам, Рӯзу шаб дар хонаи мо нур боридан гирифт.
Ё ки дар байни тоҷикони новоҳии Шаҳрисабзу Китобу Бойсун порчаи шеърии зерин дар гузашта хеле роиҷ будааст, ки талабаи мадраса онро хонда, барои муъаллими худ аз падар ҳадяе мегрифтааст:
Иди Наврӯз омаду олам дигаргун мешавад, Ҳар гиёҳе, ки бувад, аз хок берун мешавад. Эй падар, ҳарчӣ бидеҳ, то ки ба устозам барам, Хондани илми писар аз додани зар мешавад.
Дар водии Зарафшон рубоъии зерин машҳур будааст, ки дар он аз заҳмати омӯзгор ёдовар шуда, ки ӯ барои омӯзондани сабақ барои шогирдонаш хеле заҳмат мекашидааст:
Наврӯз шуду лола чи сар берун кард, Лайлӣ назаре ба ҷониби Маҷнун кард. Мулло ба мани кӯдаки бишкастазабон, Бисёр ҷафо кашида, дил пурхун кард.
Хеле ҷолиб аст, ки дар баъзе аз ин рубоъиёт фарзандон мехоҳанд, ки чанд рӯз онҳо аз дарс озод ва баробари мардум ба шодию нишоти наврӯзӣ шарик шаванд:
Наврӯзи навбаҳорон борони раҳмат омад, Гулҳо шукуфта дар боғ, булбул бо ишорат омад. Моро ту додӣ идӣ, озод кун зи мактаб, Гар ту чунин бикардӣ, маъвои ҷаннат омад.
ё ин яке:
Фасли Наврӯз омаду гулҳо қабо во карданист, Гулшани афсурдаи порина иншо карданист. Эй падар, бо мушти зар аз мактаб озодам намо, Як-ду рӯз ин булбулак гулро тамошо карданист.
Ба иштирок бигзоред
Иттилоъоти бештар
Боло
Матолиби муртабит
Раҳмон барои ширкат дар маросими наврӯзӣ ба Кобул рафт
26 Март, 2014
АКС: Ҷашни Наврӯз дар Қурғонтеппа
25 Март, 2014
АКС: Расми таҷлил аз Наврӯз дар Душанбе
21 Март, 2014
Барномаи наврӯзии Би-би-сии форсӣ. Қисмати 1
Паёми наврӯзии Убомо ва изҳори умедвории ӯ ба "пешрафти димлумотики воқеъӣ"
20 Март, 2014
Тоҷикистон ба парвандаи Наврӯз мепайвандад
25 Январ, 2014
Наврӯз дар Узбакистон дар наврӯзгоҳи боғи "Навоӣ"
29 Март, 2013
Акс: Ақаллиятҳои қавмии Узбакистон ва Наврӯз
29 Март, 2013
Барномаи наврӯзии Душанбе аз чашми дурбин
Акс: Ҷашни Наврӯз дар Душанбе
Инфиҷор дар “мадрасаи омӯзиши ҳамалоти интиҳорӣ” дар Афғонистон
Бишнавед: Барномаи наврӯзии муштараки ҳунармандони тоҷик, афғон ва эронӣ дар Тоҷикистон
Сабти барномаҳои наврӯзии телевизиюни “Nex 1” дар Тоҷикистон
Чопи нахустин дафтари маҷмӯъаи Наврӯзнома дар Тоҷикистон
Сафҳаи вижаи Наврӯзи 1391 (2012)
Баҳси Наврӯз ва ислом дар Тоҷикистон
Наврӯзи Бухоро: аз оташкадаҳои суғдӣ то сайргоҳҳои амирӣ
Акс: Намоишгоҳи наврӯзӣ дар Душанбе
Акс: Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Душанбе
Вазорати кишвар: Омили инфиҷори Автовокзал "ифротгаро нест"
Роҳи пурпечу хами Наврӯз дар Тоҷикистони шӯравӣ
Матолиби бештар аз Ахбор
Сафаҳоти сойти инглисии Би-би-сӣ
Copyright © 2016 Би-би-сӣ. Би-би-с
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев