Зан гуфт: Мо 16 сол аст, ки бо ҳам зиндагӣ мекунем аммо то ҳол фарзанддор нашудаем, орзу кун, ки соҳиби фарзанд шавем. Мард ба назди модараш рафт ва моҷароро ба у нақл кард. Модар гуфт: Ту, ки медони ман солҳост нобино шудаам ва сахт дар азобам, орзу кун ки чашмонам шифо ёбанд. Мард аз назди модараш ба назди падараш рафт, падараш гуфт: Солҳост, ки корҳои ман бебарор анҷом меёбанд ва ман бисёр қарздор шудаам, аз он фаришта талаби пули бисёре кун. Мард зиёд фикр кард, ки хостаи кадомашрнро иҷро кунад, кадоме аз онҳо муҳимтар аст. Занам? Модарам? Падарам? Баъди фикрҳои тӯлонӣ роҳашро пайдо кард ва субҳ назди фаришта рафта гуфт: Орзу дорам, ки модарам фарзандамро дар гаҳвораи тиллои бубинад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5