Предыдущая публикация
Чун гузидай Ҳақ бувад, чунаш газад? З-оташи шаҳват насӯзад аҳли дин, Боқиёнро бурда то қаъри замин.
___________________ Мавлоно
Оташи намрудиён ба Иброҳим (алайҳиссалом) ҳеҷ осебе назад, зеро ӯ, баргузида ва мақбули даргоҳи Ҳазрати Ҳақ буд. Оташ чи гуна метавонист ба ӯ зиён ворид кунад?
Аҳли ҳақиқии дин низ ҳеҷгоҳ аз оташи шаҳват намесузанд, дар ҳоле, ки ҳамон оташ, ғайри аҳли имонро ба жарфҳои замин фурӯ барад. Яъне пасту залилашон кунад.
#маснавӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1