فَتَبَيَّنُوا:
▪︎Қабл аз ин ки сухане гуед, ҳали таҳқиқ ва баррасӣ бошед, хуб дар бораи он таҳқиқ кунед.
فَأَصْلِحوُا:
▪︎Агар байни дӯстон ва ошноён кудурате пайдо шавад, миёни онҳо сулҳу созиш пайдо кунед ва худ низ аҳли сулҳу созиш бошед.
وَأَقْسِطُوا:
▪︎Одил бошед ва бар асоси ҳақ қазоват кунед ва дар иҷрои ҳаққ миёни дӯсту бегона фарқе нагузоред.
لَا يَسْخَر:
▪︎Дигаронро масхара накунед. Мардум ва қавмҳои гуногунро ба тамассхур нагиред.
وَلَا تَلْمِزُوا:
▪︎Ба дигарон таъна назанед ва аз онҳо айбҷӯӣ накунед.
وَلَا تَنَابَزُوا بِالْأَلْقَاب:
▪︎Лақабҳои зишт ва нописанд ба якдигар нагузоред ва аз ин ки якдигарро бо лақабҳои зишт садо мекунед, шаддидан парҳез намоед.
اِجْتَنِبُوا كَثِيرًا مِنَ الظَّنِّ:
▪︎Аз бисёрии гумонҳо дурӣ ҷуед. Ҳамчунин аз гумони бад дар мавриди дигарон ба шиддат бипарҳезед.
وَلَا تَجَسَّسُوا:
▪︎Ва аҳли ҷосусӣ ва пардабардорӣ набошед ва ба кору зиндагии дигарон дахолат накунед.
وَلَا يَغْتَب:
▪︎Аҳли ғайбат аз пушти дигарон набошед ва маҷлисеро, ки дар он ғайбати касе меравад, тарк намоед.
🤲 Илоҳо ба кӯмак намо, ки рафторамнро мутобиқ ба фармудаҳои Қуръон намоем, то назди Ту матлуб ва писандида бошанд. Субҳ ба хайр дӯстони азиз!
Канали мо дар телеграм: t.me/azharzoveya
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
وَلَا يَغْتَب:
︎Аҳли ғайбат аз пушти дигарон набошед ва маҷлисеро, ки дар он ғайбати касе меравад, тарк намоед.