Биёед эй азизон, ҷамъ бошем Барои якдигар чун шамъ бошем Ватан обод гардад чун ба роҳаш Вафодору ба ному нанг бошем Ба муносибати ин санаи фархунда тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоем. Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад. Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфта, ба тамоми хизматчиёни низомии мамлакат сиҳатмандиву хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзу менамоям. Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ муборак бошад, ҳомиёни шуҷои Ватан!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев