Бикун андешаи чон додани хеш,
Даруни гури торик мондани хеш.
Касе дастат нагирад вакти мур-дан,
Бисоз аъмоли некат чавшани хеш.
Надори токати як захми сузан,
Надори токати дарди сару тан.
Чи сози назди нори пурхарорат,
Бикун тавба ба пеши сарвари хеш.
Ба дунё дил мабанд дунё равон аст,
Чу аспи тозие хар дам давон аст.
Зи дунё мерави бар хоби хасрат
Бисоз омода инчо бистари хеш.
Худоё рахм соз бар бандагонат,
Ки борхо кардаем бар дин хиё-нат.
Ки борхо кардаем аъмоли но-пок,
Насоз шарманда моро дар ки-ёмат.