27 марти соли 2019 сафаре ба водии Фарғона доштем. Шабе дар рустои Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон меҳмон будем. Фурсате пеш омад ва бо ҳамсафарон дар гузару маҳаллаҳои ин русто чанд соате қадам задем.
Варзик зодгоҳи бархе аз бузургони адабу ҳунари тоҷик аст. Нависандаи бузурги мо Сотим Улуғзода, нависанда ва рӯзноманигори шинохта Мутеулло Наҷмиддинов, мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Носирҷон Азизов ва Ҳунарпешаи халқии Узбакистон ва Тоҷикистон Матлуба Дадабоева аз зумраи фарзандони баруманди ин русто ҳастанд.
Дар ҷараёни дидор аз ин деҳаи зебо, ки бештари сокинонаш тоҷик ҳастанд, бадоҳатан лаҳазоти хотирмонеро бо гушии телефони ҳамроҳам (IPhone SE) сабт кардам. Баъд аз бозгашт ба Душанбе ва тамошои аксҳо ва наворҳо ба ин натиҷа расидам, ки беҳтар аст тасовиру аксҳои гирифтаам аз Варзикро бо дигар дӯстон дар миён бигзорам.
Оҳанге ки дар бахшҳое аз ин тасовир истифода шуда, иҷрои Ихтиёр Султонов аст, ки дар Самарқанд кору зиндагӣ мекунад, агарчӣ худаш зодаи ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон аст. Ихтиёр ҳамсабақи донишгоҳии Фурқат Саидзода, раҳбари гурӯҳи "Шашмақом"-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон аст, ки дар ин сафар моро ҳамроҳӣ мекард.
Тасовирро лутфан бубинед ва аз лаҳни ширини суҳбатҳои тоҷикони Варзик лаззат бубаред.